Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои надоштани ниқоб ҷарима таъин шуд, барои паҳн кардани беморӣ – зиндон. ВИДЕО, САДО


Вакилони порлумони Тоҷикистон ҳангоми қабули бастаи тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. 10-уми июни 2020

Вакилони порлумони Тоҷикистон барои

  • надоштани ниқоби тиббӣ;
  • паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ;
  • нашри ахбори ғалат дар бораи коронавируси нав

ҷазову ҷарима таъин карданд. Онҳо гуфтанд, аммо барои пинҳон доштани маълумоти воқеӣ дар бораи бемории ҳамагир муҷозот пешбинӣ нашудааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистонро барои саривақт эътироф накардани мавҷудияти вируси нав ва пинҳон доштани омори воқеии гирифторону ҷонбохтагон танқид мекунанд.

Тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон рӯзи 10-уми июн қабул шуд. Бино ба иловаҳои нав, шахсоне, ки боис ба паҳншавии бемориҳои хавфноки сироятӣ мегарданд, аз 2 то 5 сол (дар сурати такрор аз 5 то 10 сол) ба ҳабс маҳкум хоҳанд шуд.

Музаффар Ашӯриён
Музаффар Ашӯриён

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, дар порлумон гуфт, чунин муқаррарот барои поймол кардани қоидаҳои беҳдоштӣ дар давраи пандемияи коронавируси нав низ дахл дорад.

Равшан Раҷабзода, муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф ҷазо додани сокинон нест. "Ҳадаф пешгирӣ аз бемориҳои сироятиест, ки имрӯз дар ҷумҳурии мо низ вуҷуд дорад", - афзуд ӯ.

То ин дам дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои поймол кардани қоидаҳои беҳдоштӣ, ки "сабаби бемории оммавӣ ё заҳролудшавии сокинон мешавад", то 58 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ду сол корҳои ислоҳӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбе ҳамчунин тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шуд. Вакилони Маҷлиси Намояндагон

  • барои пахши ахбори ғалат дар бораи бемории ҳамагир дар расонаҳо ва шабакаҳои интернетӣ аз 580 то 1160 сомонӣ барои шахсони воқеӣ ва аз 8700 то 11600 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ;
  • Барои надоштани ниқоби тиббӣ аз ду то панҷ нишондиҳанда, яъне аз 116 сомонӣ то 290 сомонӣ

ҷарима таъин карданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Барои надоштани ниқоб ҷарима таъин шуд, барои паҳн кардани беморӣ – аз 2 то 5 соли зиндон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

Бархе аз сокинон таъини ҷаримаро барои надоштани ниқоби тиббӣ хуш пазируфттанд, чун ба бовари онҳо як василаи пешгирӣ аз густариши беморист. Иддае дигар гуфтанд, ки шароити риояи онро надоранд.

Дилрабо Ашӯрова, сокини шаҳри Душанбе, бовар дорад, ки "як-ду касро ҷазо доданд, барои дигарон намуна мешавад". Наргис Хоҷаева мегӯяд, "як ниқоб аз панҷ сомонӣ боло аст, бисёрҳо ҳарр рӯз ниқоб харида наметавонанд, баъд аз куҷо 290 сомонӣ ёбанд, ки ҷаримаро супоранд?"

Баъд аз расонаӣ шудани хабари таъйини ҷаримаву ҷазо барои паҳншавии беморӣ ва надоштани ниқоби тиббӣ бисёре аз сокинон пурсиданд, ки оё пинҳон доштани омор ё маълумоти воқеӣ дар бораи беморону фавтидагон низ муҷозот дорад, ё не.

Мо ин суолро бо Равшан Раҷабзода дар миён гузоштем ва посухаш чунин буд: “Дар тағйиру иловаҳое, ки имрӯз дар Кодекси ҷиноӣ ворид шуд, чунин муқаррарот пешбинӣ нагардидааст”.

Ҷазову ҷаримаҳои нав дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00
Линки мустақим

Бархе аз коршиносон мегӯянд, дар маҷмуъ чораандешӣ барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус хуб аст, вале ҷаримаву ҷазо дар шароити Тоҷикистон метавонад омилҳои фасодро бештар кунад. Гузашта аз ин, ба гуфтаи онҳо, ҷаримаву ҷазо баъди беш аз чиҳил рӯзи эътирофи расмии бемории ҳамагир дар Тоҷикистон ва хушбинии мақомот дар бораи эҳтимоли поён ёфтани давраи коронавируси нав эълон шуд.

Ба иттилои расмӣ то нӯҳуми июн 4690 нафар дар Тоҷикистон ба ин беморӣ гирифтор шуда, 48 нафар фавтидаанд.

Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва сокинону коршиносон ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (40)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG