Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумон додани имтиёз ба соҳибкорони тоҷикро тасдиқ кард


Яке аз бозорҳои Тоҷикистон. Моҳи майи 2020

Маҷлиси Намояндагон пешниҳоди ҳукуматро дар бораи додани имтиёз ба соҳибкорон ва соҳаҳое, ки аз пайомади пандемияи коронавирус осеб дидаанд, қабул кард. Ҳукумати Тоҷикистон дар оғози моҳи июн барои кам кардани таъсири бемории COVID-19 ба иқтисоди кишвар ба чанд соҳа ва соҳибкорон сабукӣ дода буд.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, 24-уми июн дар порлумон гуфт, роҳандозии маҳдудиятҳо дар пайи бемории COVID-19 боиси ҷиддан коҳиш ёфтани тиҷорат, аз фаъолият мондани корхонаҳои истеҳсоливу соҳаи хизматрасонӣ ва муваққатан амалӣ нагаштани лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ гардид.

Қаҳҳорзода гуфт, ҳукумат барои коҳиши пайомадҳои иқтисодии пандемияи коронавирус ба чандин соҳа сабукӣ додааст.

Аз ҷумла, аз 1-уми апрел то 1-уми сентябри соли 2020 ба иншооти соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилоти хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ мешавад.

Ҷузъиётро дар бораи имтиёз ба соҳибкорон дар инҷо хонед

Вазири молия баъди берун шудан аз толори Маҷлиси Намояндагон нагуфт, аз ҳисоби додани имтиёз ба соҳибкорон ба буҷаи Тоҷикистон чӣ қадар маблағи кам ворид мешавад.

Мақомот бо ин ки намегӯянд, буҷа дар панҷ моҳи аввали имсол чӣ қадар иҷро шудааст, аз суҳбатҳои вазири молия дар порлумон рӯшан буд, ки буҷа ба камбуди маблағ рӯбарӯ аст.

Файзиддин Қаҳҳорзода рӯзи 24-уми июн дар назди вакилон гуфт, ҳукумат талош дорад аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ маблағ ҷамъ карда, дар соҳаҳои иҷтимоӣ харҷ кунад.

Ба таъкиди Қаҳҳорзода, Тоҷикистон дар асоси низоми қарзгирии оҷилӣ аз Сандуқи Байнулмилалии Пул 189,5 миллион доллар қарз гирифтааст. Ин маблағ, ба гуфтаи вазир, ба муҳлати 10 сол ва бе фоиз ба Тоҷикистон дода мешавад.

Вазири молия дар назди вакилон ҳамчунин гуфт, музокироти онҳо бо Бонки Осиёии Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ, Бунёди Авруосиёии Рушд ва дигар созмонҳо идома дорад.

"Маблағҳои ҷалбшуда барои бартараф кардани пайомадҳои COVID-19 бахусус ба соҳаҳои иҷтимоӣ масраф карда мешаванд", -- гуфт вазири молияи Тоҷикистон.

Соҳибкорон дар шароите имтиёзи андозӣ дарёфт мекунанд, ки ба гуфтаи таҳлилгарон вазъи иқтисодии кишвар хуб нест. Бахусус коҳиши маблағҳои интиқоли муҳоҷирон ба таъкиди коршиносон ба рушди иқтисоди кишвар ва тавони харидории мардум таъсири манфӣ расондааст. Нигароние, ки мақомот низ онро рад намекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (1)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG