Нахуствазири Исроил рӯзи 27 сентябр ба Имороти Муттаҳидаи Араб сафар кард ва бо раиси ин кишвар, Шайх Муҳаммад Зоид, дидор дошт. Ҳар ду кишвар як рӯз пас аз ин мулоқот, онро тасдиқ карданд.
Нетаняҳу пеш аз ин ҳеч сафари расмӣ ва ошкор тасдиқшуда ба Иморот надошт. Бо ин ҳол, Иморот аз нахустин кишварҳои арабӣ аст, ки барои оддӣ сохтани робитаҳо бо Исроил, аз давраи аввали президентии Доналд Трамп ба "Паймони иброҳимӣ" пайваст.
ЭРОН - МЕҲВАРИ ГУФТУГӮИ ШАЙХ ЗОИД ВА НЕТАНЯҲУ
Як манбаи огоҳ аз сафари Нетаняҳу ба Иморот, рӯзи 27 сентябр ба CNN гуфта буд, ки ин мулоқоти маҳрамона асосан бар сари мавзуи Эрон будааст. Се манбаи огоҳ аз ин сафар низ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтаанд, ки дидори раҳбарони ду кишвар шаш соат давом кардааст.
Хабаргузории давлатии Иморот тасдиқ кард, ки Шайх Зоид ва Нетаняҳу рӯзи якшанбе дар Иморот мулоқот карданд. Тибқи ин гузориш, ду раҳбар дар бораи "робитаҳои дуҷониба миёни Иморот ва Исроил ва роҳҳои тақвият ва рушди бештари ин робитаҳо", гуфтугӯ намуданд.
Дафтари нахуствазири Исроил низ эълон кард, ки меҳвари ин дидор, "тақвияти робитаҳо миёни ду кишвар ва чолишҳои минтақавӣ" будааст. Ба гуфтаи дафтари Нетаняҳу, ҳамсари нахуствазир, раиси Шӯрои амнияти миллӣ, раиси МОССАД, мушовири низомӣ ва сиёсии ӯ низ дар ин сафар ҳузур доштанд.
Ба навиштаи "Рейтерз", Имороти Муттаҳидаи Араб аз замони ҳадафи қарор гирифтан дар ҷараёни ҷанги Эрон, робитаҳои худ бо Амрико ва Исроилро тақвият кардааст. Иморот пас аз ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон, ба далели мизбонӣ аз пойгоҳҳои низомии Амрико, борҳо ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии Эрон қарор гирифтааст.
ОЁ НЕТАНЯҲУ АЗ ҲАМЛАИ "ҲАМОС" ОГОҲ БУД?
Ин сафари камсобиқа як моҳ пеш аз интихоботи 27 октябр дар Исроил анҷом шуд ва ҳамзамон аст бо афзоиши ҷанҷоли сиёсӣ дар он кишвар дар бораи гузоришҳои рӯзномаҳои Haaretz ва New York Times, ки мегӯянд, Шайх Муҳаммад Зоид чанд рӯз пеш аз ҳамлаи 7 октябри соли 2023 ба Нетаняҳу дар бораи эҳтимоли рух додани як амалиёти бузург аз сӯи гурӯҳи фаластинии "Ҳамос", ҳушдор дода буд.
Нашрияи "Атлантик" низ ба таври ҷудогона гузориш додааст, ки Аббос Комил, раиси дастгоҳи истихбороти Миср, дар 26 сентябри соли 2023 ба Исроил сафар карда ва ҳушдор дода буд, ки Ғазза "мунфаҷир хоҳад шуд".
Ҳамчунин Wall Street Journal рӯзи 27 сентябр гузориш дод, ки дастикам се ҳушдор аз сӯи Миср дар бораи Ғазза ба Исроил интиқол дода шуд, ки охирин мавриди он дар як тамоси телефонӣ бо Нетаняҳу, танҳо чанд рӯз пеш аз ҳамла, матраҳ шуда буд.
Бар асоси омори Исроил ва созмони Афви байнулмилал, дар ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил дар рӯзи 7 октябри соли 2023, 1200 нафар кушта ва 251 нафар ба гаравгон гирифта шуданд. Моҷарои ин гаравгонгирӣ муддатҳо дар сархати хабарҳо буд. Баъдан ин гаравгонҳо дар чаҳорчӯби тавофуқи оташбас озод шуданд.
МУХОЛИФОН, ИНТИХОБОТ ВА НЕТАНЯҲУ
Дафтари Нетаняҳу борҳо дарёфти ҳар гуна ҳушдорро рад карда ва ин гузоришҳоро дурӯғҳои сохта бо ҳадафи осеб задан ба Нетаняҳу дар интихобот хондааст. Бо ин ҳол, рақибони сиёсии ӯ ин иддаоҳоро табдил ба мавзуи посух гуфтан дар бораи нокомӣ дар пешгирӣ аз ҳамлаи 7 октябр, ба яке аз меҳварҳои асосии маъракаии интихоботӣ истифода кардаанд.
Пас аз нашри гузоришҳои ибтидоӣ дар бораи ҳушдори Шайх Зоид, Вазорати корҳои хориҷии Имороти Муттаҳидаи Араб дар аввалҳои моҳи май эълон кард, "дар бораи гузоришҳои расонаӣ ё гумонзаниҳо дар бораи гуфтугӯҳои миёни раҳбарони давлатҳо изҳори назар намекунад", аммо ин тамосро низ рад накард.
Дар моҳи май, дафтари Нетаняҳу эълон карда буд, ки нахуствазир дар моҳи март, дар рӯзҳои аввали ҷанг бо Эрон, ба таври махфиёна ба Иморот сафар кардааст ва ин сафарро "як чархиши таърихӣ" хонда буд. Бо ин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Иморот дар он замон ин хабарро рад кард.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар ҷараёни ҷанг, Исроил як системаи дифои мушакии "Гунбади оҳанин"-ро дар Имороти ҷобаҷо кардааст ва мақомҳои исроилӣ гуфтаанд, ҳамкориҳои амниятӣ миёни ду кишвар ба сатҳе бесобиқа расидааст.