Доналд Трамп, президенти ИМА, рӯзи 28-уми январ ҳушдори ҷиддие ба Эрон дода гуфт, “фурсат рӯ ба поён аст” ва агар ин кишвар дар мавриди барномаи ҳастаӣ ва мушакии худ созиш накунад, вазъ бамаротиб бадтар аз ҳамлаи Исроил ба Эрон хоҳад шуд.
Ҳарфҳои Трамп дар ҳоле садо медиҳанд, ки новҳои ҳавопаймобари ИМА ба обҳои минтақа ворид шудаанд.
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ҳарчанд гуфт, ки кишвараш омодаи посухи фаврӣ ба ҳаргуна ҳамла ҳаст, вале ҳамзамон ҳозир аст, ки сари барномаи ҳастаӣ музокира кунад. Ӯ гуфт, Эрон дар бораи барномаи мушакиаш музокира нахоҳад кард.
Нигарониҳо дар Халиҷ
Фарзон Собит, пажӯҳишгари Донишкадае дар Женева мегӯяд, кишварҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷ, ки дар хоки худ нерӯҳои амрикоиро ҷой додаанд, аз ҳамлаи Эрон нигарон ҳастанд.
Дар Шӯрои ҳамкории Халиҷ, кишварҳои арабии суннимазҳаби сарватманд ва ғанӣ аз нафт, мисли Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (АМА), Баҳрайн, Кувайт, Умон ва Қатар шомил ҳастанд. Дар аксари ин кишварҳо пойгоҳҳои низомии Амрико ҷой доранд ва қисми дигаре ба низомиёни амрикоӣ ҳамкорӣ ва шароити рафтуомад фароҳам мекунанд.
Ин ҳафта Арабистони Саудӣ дар пайравӣ аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ эълон кард, ки иҷоза нахоҳад дод "фазои ҳавоӣ ё қаламраваш барои ягон иқдоми низомӣ алайҳи Эрон истифода шавад". Иқдоме, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, талоши ҷилавгирӣ аз як нооромииро дар назар дорад.
Фарзон Собит бар ин назар аст, ки "ҳамлаҳои мустақим, аз ҷониби Ҷумҳурии исломӣ ё гурӯҳҳои ниёбатии он ба зерсохтҳои энергетикӣ дар минтақа зиён хоҳад расонд, ки ин дар умум барои иқтисоди ҷаҳонӣ хуб нахоҳад буд."
Даҳсолаҳост, ки аксари кишварҳои арабии Халиҷ бо Эрони шиамазҳаб рақобат ё равобити тирае доранд. Арабистони Саудӣ, Иморот ва Баҳрайн борҳо ҳадафи ҳамлаҳои Эрон ё гурӯҳҳои ниёбатии он, ба монанди Ҳусиҳо дар Яман, қарор гирифтаанд.
Кишварҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷ чаҳоряки захираи нафти ҷаҳон ва беш аз 10 дарсади гази табиии ҷаҳониро тавлид мекунанд. Онҳо ҳамчунин барои тиҷорат ва нақлиёти ҷаҳонӣ ҳаётан муҳиманд ва ба макони зисти миллионҳо коргари хориҷӣ табдил ёфтаанд.
Пиер Камилло Фаласка, мудири умури сиёсӣ дар маркази таҳлилии "Euro-Gulf Information Centre" дар Рим, мегӯяд, кишварҳои Халиҷ талошашон ин аст, ки аз буҳронӣ шудани вазъият пешгирӣ ва амнияти худро ҳифз кунанд.
Фаласка мегӯяд, ки бо вуҷуди изҳороти оммавӣ, кишварҳои Халиҷ чандон мухолифи тағйири низом дар Эрон нестанд.
Ба гуфтаи ӯ, ин кишварҳо аз бесарусомонӣ нигарон ҳастанд ва бештар тарафдори он ҳастанд, ки тағйир бо оромӣ ва бе бад шудани вазъият анҷом шавад.
Фаласка мегӯяд, кишварҳои Халиҷ барои тақвияти амнияти бандарҳо, фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии худ сахт кор мекунанд ва ҳамзамон аҳолии худро барои рӯзҳои сахти эҳтимолӣ омода месозанд.
Ба гуфтаи коршинос, онҳо омода мешаванд, ки дар сурати эҳтимоли нооромӣ ва зиён дидан чӣ кор кунанд.
Ӯ гуфт, ки дар авҷи эътирозҳои ахир дар Эрон, кишварҳои Халиҷ тавонистанд президент Трампро розӣ кунанд, то ҳамла ба Эронро дар пайи гузоришҳо дар бораи кушта шудани ҳазорон эътирозгар аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ, ба таъхир андозад. Коршинос мегӯяд, кишварҳои минтақа аз Трамп мехоҳанд, ки ҳисобшуда тасмим бигирад.
Созмони фаъолони ҳуқуқи башар (HRANA), ки қароргоҳаш дар ИМА аст, то рӯзи 29-уми январ 6373 ҳолати кушта шудани эътирозгаронро тасдиқ кардааст, ки аксари онҳо сокинони маъмулӣ ҳастанд. Ин созмон гуфтааст, ҳанӯз беш аз 17000 ҳолати дигари кушта шудани шаҳрвандон дар Эронро баррасӣ дорад.
Вашингтон ин ҳафта гурӯҳи зарбазани киштии ҳавопаймобари "Авраам Линколн"-ро ба минтақа фиристод. Ин нови ҳавопаймобар ва дигар киштиҳои бузурги ҷангӣ метавонанд зарбаҳои мушакии дақиқ ва ҳавоӣ зананд ва ба амалиёти заминӣ кӯмак кунанд.
Ҳамсояҳои дигар
Фарзон Собит аз эҳтимол дур намедонад, ки Ироқ, кишвари ҳамсояи Эрон ба низои эҳтимолӣ кашида шавад, ҳарчанд, аксари аҳолӣ хоҳони чунин вазъият нестанд. Ӯ гуфт, дар дохили Ироқ нерӯҳое ҳаст, ки метавонанд кишварашонро ба ҷанг бикашанд.
Дар Ироқ чанд гурӯҳи низомӣ амал мекунад, ки аз ҷониби Эрон пуштибонӣ мешаванд. Ин гурӯҳҳо борҳо ба пойгоҳҳо ва сарбозони амрикоӣ дар минтақа ҳамла карда буданд.
Нигарониҳои дигар ин аст, ки Нурӣ ал-Моликӣ, фарди ҷонибдори Эрон номзади аслӣ ба мақоми сарвазири Ироқ шудааст.
Ба гуфтаи Собит, дар сурати низоъ, Ироқ ба мисли Озарбойҷон, Туркия ва Покистон, кишварҳои ҳамсояи Эрон, ба вуруди паноҳандагон бояд омода шавад. Аз сӯӣ, дигар ба гуфтаи ӯ, агар вазъ чунин шавад, эҳтимоли низоъи қавмӣ низ дар минтақа бештар хоҳад шуд.
Беш аз 1,5 миллион араб дар Эрон асосан дар вилояти ҷанубу ғарбии Хӯзистон, ки бо Ироқ ҳаммарз аст, зиндагӣ мекунанд.
Озариҳо, ки бузургтарин ақалияти қавмии Эрон ҳастанд, дар минтақаҳои шимолу ғарбии Эрон, ки бо Озарбойҷон ҳаммарзанд, сукунат доранд. Аммо равобит миёни ин ду ҳамсояи аксарият шиа бо нобоварӣ ва хусумат олуда будааст.
Нооромтарин вилояти Эрон дар ҷанубу шарқ, Систону Балуҷистон, бо иёлати Балуҷистони ҷанубу ғарбии Покистон беш аз 900 километр марзи муштарак дорад. Ҳарду минтақа, ки асосан балуҷҳои суннимазҳаб дар онҳо зиндагӣ мекунанд, даҳсолаҳост, ки ба ҳамлаҳои мусаллаҳонаи ҷудоихоҳон ва исломгароён кашида шудаанд.
Дар шимолу ғарб ва ғарби Эрон курдҳои суннимазҳаб бо ҳамқавмони курдҳои худ дар шимоли Ироқ ва ҷанубу шарқи Туркия пайвандҳои муштарак доранд.
Собит мӯътақид аст, ки кишварҳои минтақа аз ҳаргуна нооромӣ ва низои қавмӣ нигаронанд.
Гуфтугӯ