Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, бори дигар аз Теҳрон хост, ки сари мизи музокирот бинишинад ва дар мавриди барномаи ҳастаияш созиш кунад. Ӯ ҳушдор дод, ки дар сурати сарпечӣ, Эрон бо ҳамлае рӯбарӯ хоҳад шуд, ки «ба маротиб бадтар» аз амалиёти соли гузашта хоҳад буд.
Доналд Трамп дар ҳоле таҳдиди ҳамларо такрор мекунад, ки Эрон барои саркӯби хунини эътирозҳои зиддиҳукуматӣ сахт танқид мешавад. Бино ба гузоришҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва шоҳидони айнӣ, дар ин нооромиҳо ҳазорон нафар кушта шудаанд.
Иёлоти Муттаҳида тайи рӯзҳои ахир ҳавопаймоҳои ҷангӣ, системаҳои дифои ҳавоӣ ва он чизеро, ки Трамп “сипоҳи бузург” хондааст, ба Ховари Миёна фиристод. Коршиносон мегӯянд, ин иқдом эҳтимоли амалиёти низомии Амрико ба зидди Эронро бештар кардааст.
Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 28-уми январ дар шабакаҳои иҷтимоии Truth socailнавишт: «Умедворам Эрон зуд сари мизи музокирот биёяд ва дар мавриди як созиши одилона, бидуни силоҳи атомӣ гуфтугӯ кунад, ки барои ҳама тарафҳо хуб бошад. Вақт аз даст меравад! Тавре ки қаблан ба Эрон гуфта будам, созиш кунед! Онҳо накарданд ва амалиёти «Чакуши нимашаб» сурат гирифт, ки боиси харобиҳои бузург дар Эрон шуд. Ҳамлаи навбатӣ ба маротиб бадтар хоҳад буд!»
Ин ишораи Трамп ба ҳамлаҳои ҳавоии муштараки Амрико ва Исроил дар соли гузашта аст, ки таъсисоти ҳастаии Эронро ҳадаф қарор дода буданд. Фармондеҳии марказии Амрико рӯзи 27-уми январ тасдиқ кард, ки киштии ҳавопаймобари «USS Abraham Lincoln» дар Ховари Миёна ҷойгир шудааст.
Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон, дар вокуниш ба ин баёния гуфт, ки дипломатия тавассути таҳдиди низомӣ наметавонад муассир бошад. Ӯ таъкид кард, ки Теҳрон дар фазои таҳдид музокира нахоҳад кард ва афзуд, ки дар рӯзҳои ахир бо Стив Виткофф, фиристодаи Амрико, ҳеч тамос надоштааст. Ин дар ҳолест, ки Трамп мегӯяд, ҷониби Эрон борҳо барои тамос талош кардааст.
Эрон аз 28-уми декабри соли 2025 инҷониб дар коми ошӯбҳо буд. Эътирозҳои осоишта, ки бо талаби ҷилавгирӣ аз таварруми бисёр зиёд ва беқурбшавии пули миллӣ оғоз шуд, зуд ранги сиёсӣ гирифта, ба ҷунбиши зидди низом табдил ёфтанд.
Созмони ҳуқуқи башарии HRANA, ки Радиои Озодӣ мунтазам ба омори он истинод мекунад, хабар дод, ки шумори тасдиқшудаи кушташудагон, бо шумули нерӯҳои амниятӣ, ба 6221 нафар расидааст. Ҳамчунин беш аз 42 ҳазор нафар боздошт шудаанд. Манобеи дигар омори қурбониёнро ба чанд баробар бештар аз ин тахмин мезананд.
Робитаҳои Эрон бо Ғарб пас аз хуруҷи Амрико аз созишномаи ҳастаии соли 2015 дар замони давраи аввали раёсати Трамп, тира шуд. Эрон дар посух ба бомбборони таъсисоти ҳастаияш дар Форду, Исфаҳон ва Натанз дар моҳи июли соли 2025, ҳамкориро бо Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ қатъ кард.
Буҳрони кунунӣ бузургтарин чолиш барои Ҷумҳурии Исломӣ дар тӯли 47 соли мавҷудияташ дониста мешавад. Таҳримҳо саноати кишварро фалаҷ карда, норасоии маводи ғизоӣ ва нерӯи барқ мардумро ба танг овардааст.
Дар як таҳаввули дигар, Вазорати амнияти дохилии Амрико гуфт, се шаҳрванди Эронро, ки ғайриқонунӣ вориди Амрико шудаанд, ихроҷ кардааст. Гуфта мешавад, ин афрод аъзои собиқи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ буданд. Ниҳоде, ки Вашингтон онро созмони террористӣ меномад. Сипоҳи посдорон мустақиман ба Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ раҳбари олии Эрон, итоат мекунад.