Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳии марказии ИМА аз Эрон хост, аз "рафтори танишзо" худдорӣ кунад

Нови ҳавопаймобари "USS Abraham Lincoln". Акс аз соли 2024
Нови ҳавопаймобари "USS Abraham Lincoln". Акс аз соли 2024

Фармондеҳии марказии ИМА (CENTCOM) аз Эрон даъват кард, ки аз “эҷоди хатарҳои нолозим” дар гулӯгоҳи Ҳурмуз парҳез кунад.

Эрон эълон кард, ки сар аз рӯзи 1-уми феврал барои ду рӯз машқҳои низомии дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро дар тангаи Ҳурмуз баргузор мекунад.

Дар хабарномаи Фармондеҳии марказии ИМА дар шабакаи Х гуфта шудааст, ки Эрон тамрини эълоншударо бояд ба шакле анҷом диҳад, ки “аз эҷоди хатарҳои нолозим барои киштиронии озод дар масирҳои байналмилалии дарёӣ худдорӣ намояд".

Ба гуфтаи ин ниҳод, "гулӯгоҳи Ҳурмуз як гузаргоҳи байналмилалии дарёӣ ва як долони муҳими тиҷоратӣ мебошад, ки шукуфоии иқтисодии минтақаро таъмин мекунад."

Дар изҳорот ҳамчунин омадааст, ки "ҳамарӯза тақрибан 100 киштии тиҷоратии ҷаҳон" аз ин гулӯгоҳ барои додугирифт истифода мебаранд.

Ҳушдори Амрико дар ҳолест, ки новҳои ҳавопаймопар, киштиҳои низомӣ ва ҳавопаймоҳои низомии ин кишвар дар наздикиҳои Эрон ҷой гирифтаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар аввали моҳи январ ҳазорон нафарро, ки аз болоравии нарх ва беқурбшавии пули миллӣ эътироз доштанд, саркӯб кард. Омори дақиқи кушташудаҳо маълум нест, вале расонаҳо аз кушта шудани 5 то 30 ҳазор нафар гузориш медиҳанд.

Доналд Трамп, президенти ИМА ба Эрон ҳушдор дода буд, ки агар эътирозгаронро бикушад, посухи сахте хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG