Эрон чанд кишвари Ховари Миёнаро, ки мизбони пойгоҳҳои артиши ИМА ҳастанд, мушакборон кард ва бонги хатари ҳамлаи ҳавоӣ дар саросари минтақа садо дод.
28-уми феврал, чанд соат пас аз эълони президенти ИМА Доналд Трамп, ки гуфт, Иёлоти Муттаҳида дар якҷоягӣ бо Исроил зидди Эрон амалиёт оғоз кардааст, дар Баҳрайн, Абузабӣ, Қатар ва Арабистони Саудӣ таркишҳо ба қайд гирифта шуданд.
Гуфта мешавад, ки як ғайринизомӣ дар Абузабӣ, пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб, бар асари расидани пораҳои мушак дар мавҷи аввали ҳамлаҳои ҷавобии Теҳрон кушта шудааст.
Каме баъдтар аз ин Вазорати дифои иморот дар изҳороте эълон кард, ки дифоъи ҳавоии он аз мавҷи нави мушакҳои Эрон пешгирӣ кардааст.
Дар баёния гуфта мешавад, ки пораҳои мушакҳои раҳгиршуда дар минтақаҳои гуногуни Абузабӣ, аз ҷумла ҷазираи Саъдият, шаҳри Халифа, Бани Яс, шаҳри Муҳаммад бин Зоид ва Ал-Фалаҳ афтодаанд, вале боиси талафоте нашудаанд.
Навор дар Инстаграм:
Мақомоти баландпояи ИМА дар Вашингтон ба хабарнигорон гуфтанд, ки аз талафоти Амрико бар асари ҳамлаҳои ҷавобии Эрон ба иншооти низомии Иёлоти Муттаҳида гузориш нашудааст.
Дар пойгоҳи ҳавоии Аз-Зафра дар Имороти Муттаҳидаи Араб бахши 380-уми Нерӯҳои ҳамлавари ҳавоии Иёлоти Муттаҳида ҷойгир аст, ки аз 10 дастаи ҳавопаймо ва паҳподҳо иборат аст. Аз-Зафра инчунин маркази Нерӯҳои ҳавоии ИМА-ро барои "омӯзиши пешрафтаи ҷанги ҳавоӣ" дар бар мегирад.
Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт, ки он Флоти панҷуми ИМА дар Баҳрайн, дигар ниҳодҳои Амрико дар минтақаи Халиҷи Форс ва Исроилро ҳадаф қарор додааст.
Аз ин ва дигар кишварҳое, ки ҳадафи ҳамлаҳои Эрон шуданд, то ҳол роҷеъ ба талафот гузориш нашудааст, ҳарчанд афзоиши ногаҳонии амалиёти низомӣ бисёриҳоро дар Ховари Миёна ба ташвиш овардааст.
Трамп ҳангоми эълони амалиёти низомӣ гуфт, ки ҳадафи ӯ “дифоъ аз мардуми Амрико бо роҳи бартараф кардани таҳдидҳои ногузир аз тарафи Эрон" аст.