Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони Амрикову Исроил ва Иморот дар бораи Эрон чӣ гуфтанд? ВИДЕО


Мулоқот рӯзи чаҳоршанбе 13-уми октябр сурат гирифт.
Мулоқот рӯзи чаҳоршанбе 13-уми октябр сурат гирифт.

Энтонӣ Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, фурсати Эрон барои бозгашт ба музокироти атомӣ ҷиҳати эҳёи созиши атомӣ камтар мешавад.

Ӯ рӯзи 14-уми октябр гуфт, агар Эрон аз бозгашт ба музокирот сарпечӣ кунад, Иёлоти Муттаҳида дигар гузинаҳоро барои монеъ шудан ба сохти бомби атомӣ дар Ҷумҳурии Исломӣ пеш мегирад.

Гузориш: Эрон рӯзи чаҳоршанбе мавзуи асосии гуфтугуи Энтонӣ Блинкен вазири умури хориҷии Амрико ва ҳамтоёнаш аз Исроилу Имороти Муттаҳидаи Арабӣ буд. Блинкен гуфт, ҳукумати Амрико дар 9 моҳи гузашта возеҳ кард, ки агар Эрон аҳдҳояш бар асоси созиши атомиро иҷро кунад, Амрико ба созиш бармегардад. Ҳоло ба гуфтаи ӯ, фурсат ба поён мерасад. Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико: "Ман санаи дақиқеро намегӯям, вале бо гузашти ҳар рӯз ва сарпечии Эрон барои музокираи самимӣ роҳрав кӯтоҳтар мешавад.”

Амрикову Исроилу Иморот масъалаи Эронро баррасӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:54 0:00

Йаир Лапид, вазири умури хориҷии Исроил гуфт, Эрон дар остонаи дастёбӣ ба силоҳи атомист: ​"Агар эрониён бовар кунанд, ки ҷаҳон барои сохти бомби атомӣ мамониати ҷиддӣ намекунад, онҳо аз пайи сохтани бомб мешаванд."

Блинкен гуфт, ба бовари Амрико созиши атомии соли 2015 бо Эрон ҳамчунон як роҳи босамари бархӯрд бо чолишҳоест, ки Эрон эҷод мекунад. Аммо гуфт ӯ, Амрико омода аст, дар сурати сарпечии Эрон аз як музокироти самимӣ гузинаҳои дигарро пеш гирад. Ба гуфтаи вазири исроилӣ, ҳамин гузинаҳо мавзуи асосии гуфтугуҳо буд.

Амрико ва дигар қудратҳои ҷаҳонӣ чанд моҳ аст, ки бо музокирот дар шаҳри Вена мехоҳанд, созиши атомии соли 2015-ро эҳё кунанд. Аммо музокирот ба бунбаст ворид шудааст ва бо назардошти омадани раҳбарони нав дар Эрон, ба гуфтаи баъзе коршиносон ояндаи гуфтугуҳо хуб нест.

Иброҳим Раисӣ раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, ки барномаҳои атомии Эрон сулҳомезанд ва таҳримоти Амрико ба зидди кишвар роҳи наве барои оғози ҷанг аст.

XS
SM
MD
LG