Бархе аз роҳи заминӣ аз Эрон ба Озарбоҷону Арманистон ва Туркманистон гузашта, қисме ҳанӯз дар Иморот ва Исроилу гӯшаҳои дигари Ховари Миёна мунтазир истодаанд.
Ин вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи мушакӣ ва паҳподии Ҷумҳурии Исломӣ ба кишварҳои мизбони низомиёни амрикоӣ дар минтақа аст. Ҷое, ки тоҷикон бештар барои тиҷорату табобат ва ҷаҳонгардӣ мераванд.
Фирдавс, соҳибкори тоҷик дар Дубай, мегӯяд, дар ду рӯзи аввали ҳамла садои таркиш шунида мешуд ва пайиҳам паёму ҳушдор мегирифт, ки аз хона набарояд.
“Дар Шарҷа садои мушак шунида мешуд. Мардум каме тарсу таҳлука доштанд. Бисёре аз корхонаҳо таътил эълон карданд. Имрӯз мо дар корем, вазъият хеле хуб аст. Тоҷикон инҷо зиёданд ва дар дили ҳама як хавфу тарс ҳаст,” – нақл кард ӯ.
Мусоҳиби мо мегӯяд, ҳоло нияти берун рафтан аз онҷоро надорад, чун парвоз ва роҳи берун шудан ҳам нест. Ягона роҳ ин сафар бо мошин ба сӯйи Уммон ва Арабистони Саудӣ аст. “Нигоҳ кунем, ки кай фурудгоҳҳо пурра боз мешаванд, баъд фикри баромаданро мекунем,” – гуфт Фирдавс.
Дар ҷадвали Фурудгоҳи Душанбе дида мешавад, ки аз 1-уми март ба ин сӯ парвоз ба Дубай, Кувайт ва баъзе аз кишварҳои Ховари Миёна бекор шудааст. Аммо ҳавопаймои “Сомон Эйр” нимрӯзи 2-юми март аз Ҷидда ба Душанбе баргашт. Ин хатсайр бештар барои сафари ҳаҷ истифода мешавад.
Баъзе аз зоирони тоҷик мегӯянд, дар роҳи бозгашт ба мушкил рӯбарӯ шудаанд. Як намояндаи ширкати “Ормон”, ки зоиронро аз Тоҷикистон ба ҳаҷҷи умра мебарад, гуфт, аз оғози нооромӣ дар минтақа ҳеч гурӯҳро ба Арабистони Саудӣ нафиристодаанд.
Тоҷиконе ҳам, ки дар Исроил кору зиндагӣ доранд, мегӯянд, роҳи бозгашт баста ва вазъ ташвишовар аст. Аноҳита Додихудо, хабарнигори тоҷик, ки дар наздикии Ҳайфа зиндагӣ мекунад, гуфт, дар ин кишвар вазъият комилан ҷангӣ аст.
“Корхонаву мактабҳо ва донишгоҳҳо бастаанд. Донишомӯзон онлайнӣ мехонанд. Ба мардум гуфта шудааст, ки хабарҳоро дунбол кунанд ва вақте бонги хатар шуд, ба паноҳгоҳи наздиктарин бираванд. Ҳама мунтазири онанд, ки кай фурудгоҳ боз мешаваду ба кишварҳои худ баргарданд,” – гуфт ӯ.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи дуюми март ба шаҳрвандон тавсия дод, ки бо таваҷҷуҳ ба вазъи ҳозира аз сафар ба кишварҳои Ховари Миёна худдорӣ кунанд. Ва агар дар ин кишварҳо қарор доранд, ба ҷойҳои серодам нараванд, ҳуҷҷату телефони худро ҳамеша бо худ гиранд ва мунтазири хабари расмии намояндагиҳои Тоҷикистон бошанд.