Пас аз ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон, ки рӯзи 28-уми феврал оғоз шуд, беш аз дусад шаҳрванди Тоҷикистон барои берун рафтан аз ин кишвар дархост додаанд. Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон, рӯзи 2-юми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то кунун 15 нафарро ба воситаи Озарбойҷон ба ватан фиристоданд.
Радиои Озодӣ: Ин шабу рӯз аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар Эрон муроҷиат мешавад? Мардум чиҳо мегӯянд?
Низомиддин Зоҳидӣ: "Бале, муроҷиат ҳаст. Қисме аз шаҳрвандони мо бо ҳадафи тиҷорат, саёҳат ва табобат дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор доранд ва баъди он ки фазо баста шуд, табиист, ки мехоҳанд ба ватан баргарданд. Яке аз вазифаҳои сафорат дар ин гуна шароит он аст, ки ба муроҷиати шаҳрвандон саривақт посух гӯем ва барои гузаштани онҳо аз марз расмиёти лозимро анҷом диҳем. Мо ин корро карда истодем. То кунун беш аз 200 нафар ба сафорат муроҷиат карданд. Қисме аз онҳо мехоҳанд, аз тариқи Озарбойҷон ба ватан баргарданд. Онҳое, ки дар Хуросони Эрон ҳастанд, мехоҳанд, аз тариқи Туркманистон раванд. Мо рӯйхати заруриро омода кардем ва ба воситаи сафоратҳои Туркманистон ва Озарбойҷон дар Эрон ҳамоҳангиҳоро анҷом додем. Рӯзи гузашта 15 шаҳрванди мо аз гузаргоҳи марзии Озарбойҷону Эрон ба Боку рафтанд. Имрӯз гузаштани тахминан панҷоҳ шаҳрванди мо аз тариқи гузаргоҳи “Сарахс” дар сарҳади Эрону Туркманистон оғоз мешавад. Дар умум беш аз дусад нафар сабтином карданд. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳамаи онҳо дар фурсатҳои наздик ба ватан баргарданд.”
Радиои Озодӣ: Дар ҳодисаҳои Эрон оё ягон шаҳрванди Тоҷикистон осеб надидааст?
Низомиддин Зоҳидӣ: "Ягон кас осеб надидааст. Вазъи саломати баъзе аз бемороне, ки дар Эрон қарор доштанд, дар ҳолати муътадил аст. Барои ватан баргаштани онҳо низ мусоидат хоҳем кард."
Радиои Озодӣ: Ба ҳисоби расмӣ, чӣ қадар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Эрон ҳастанд?
Низомиддин Зоҳидӣ: "Ҳудуди 300 нафар. Агар замони ҳозираро дар назар гирем. Инҳо бо мақсади тиҷорату табобат ва саёҳат омадаанд. Баъзе аз занони тоҷик ҳам ҳастанд, ки бо эрониҳо издивоҷ кардаанд ва шаҳрвандии худро нигоҳ доштаанд. Онҳо низ ба сафорат муроҷиат мекунанд."