Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ва Эрон: Беш аз 40 сол душманӣ ва даргирӣ

Алии Хоманаӣ, роҳбари Эрон, ки 28 феврали соли 2026 кушта шуд (аз чап) ва Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико (аз рост)
Алии Хоманаӣ, роҳбари Эрон, ки 28 феврали соли 2026 кушта шуд (аз чап) ва Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико (аз рост)

Иёлоти Муттаҳида ва Эрон аз замони инқилоби исломии соли 1979, бавижа гаравгонгирӣ дар сафорати Амрико дар Теҳрон, бо ҳамдигар муносибати хасмона ё душманона доштаанд. Ҳамлаҳои Амрико ва Исроил дар рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳалқаи наве аз силсилаи даргириҳои миёни Теҳрону Вашингтон аст.

1979: БУҲРОНИ ГАРАВГОНГИРӢ

Гаравгонгирии кормандони Сафорати Амрико дар Эрон
Гаравгонгирии кормандони Сафорати Амрико дар Эрон

Донишҷӯёне, ки дар Эрон “пайрави хати имом” дониста мешуданд, чоруми ноябри соли 1979 кормандони сафорати Иёлоти Муттаҳидаро дар Теҳрон гаравгон гирифтанд. Онҳо талаб доштанд, ки Амрико подшоҳи барканоршудаи Эрон Муҳаммадризо Паҳлавиро ба онҳо бисупорад. Ҷое, ки Паҳлавӣ зери назорати пизишкон қарор дошт. Иқдоми донишҷӯён ҳафт моҳ пас аз барқарории низоми Ҷумҳурии Исломӣ рух дод. Ҳудуди 52 гаравгон 444 рӯз дар асорат нигоҳ дошта шуданд. Вашингтон дар моҳи апрели соли 1980 муносибати сиёсии худро бо Теҳрон бурид ва ба тиҷорату сафар ба Эрон маҳдудият ҷорӣ кард.

2002: "МЕҲВАРИ ШАРОРАТ"

Билл Клинтон дар мақоми раисҷумҳури Амрико рӯзи 30-юми апрели соли 1995 бо муттаҳам кардани Ҷумҳурии Исломӣ ба пуштибонӣ аз “ҳаросафканӣ” тиҷорату сармоягузориро бо Эрон пурра манъ кард. Амрико далели ин корро ҳимояти Эрон аз гурӯҳҳои шибҳинизомии минтақа, аз ҷумла “Ҳизбуллоҳ”, “Ҳамос” ва “Ҷиҳоди исломии Фаластин” номид. Ширкатҳои хориҷӣ, ки дар бахши нафту гази Эрон сармоягузорӣ мекарданд, ҳадафи ин таҳримҳо қарор гирифтанд.

Ҷорҷ Буши хурдӣ, раисҷумҳури пешини Амрико, 29-уми июни соли 2002 гуфт, Эрон, Ироқ ва Куриёи Шимолӣ ҷузъи “меҳвари шарорат” ҳастанд ва аз терроризм пуштибонӣ мекунанд. Иёлоти Муттаҳида дар моҳи апрели соли 2019 Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро созмони террористӣ эълон кард.

2018: БЕРУН ШУДАНИ АМРИКО АЗ СОЗИШИ ҲАСТАӢ

Музокирот бар сари барномаи ҳастаии Эрон. Вена соли 2015
Музокирот бар сари барномаи ҳастаии Эрон. Вена соли 2015

Дар шурӯи солҳои 2000-ум таъсисоти ҳастаии эъломнашудаи Эрон фош шуд ва ин нигарониро барангехт, ки Теҳрон дар пайи сохти ҷангафзорҳои ҳастаӣ аст. Теҳрон пофишорӣ мекунад, ки барномаи ҳастаияш танҳо барои ҳадафҳои ғайринизомист. Шаш қудрати ҷаҳонӣ – Чин, Фаронса, Олмон, Русия, Бритониё ва Иёлоти Муттаҳида – соли 2015 дар Вена бо Эрон бар сари барномаи ҳастаии ин кишвар ба созиш расиданд. Ин тавофуқ бар ивази баъзе гузаштҳо, Эронро аз банди бахше аз таҳримҳои фалаҷкунандаи иқтисодӣ раҳо намуд. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар соли 2018 аз ин паймон берун шуд ва таҳримҳоро зидди Эрон ва ширкатҳои марбут бо он дубора барқарор кард. Пас аз як соли он, Эрон аз иҷрои баъзе ваъдаҳои супурдаи худ дар доираи созиш сар печид. Талошҳои сиёсӣ ба натиҷа нарасиданд. Таҳримҳои Созмони Милал рӯзи 28-уми сентябри соли 2025 дубора ҷорӣ шуданд. Ин созиш дар моҳи октябри соли гузашта поён ёфт.

2020: КУШТА ШУДАНИ ҚОСИМ СУЛАЙМОНӢ

Қосим Сулаймонӣ ва Алии Хоманаӣ
Қосим Сулаймонӣ ва Алии Хоманаӣ

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи сеюми январи соли 2020 Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи вақти нерӯи Қудси Сипоҳи посдоронро дар берун аз фурудгоҳи Бағдод ҳадафи ҳамла қарор дод ва кушт. Доналд Трамп гуфт, Сулаймонӣ дар ҳоли барномарезӣ барои “ҳамлаи қарибулвуқуъ” ба намояндагони сиёсӣ ва нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ буд. Эрон дар иқдоми интиқомҷӯёна пойгоҳҳоеро дар Ироқ ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор дод, ки мизбони нерӯҳои амрикоӣ буданд.

2025: БОМБАБОРОНИ ТАЪСИСОТИ ҲАСТАӢ

Таъсисоти ҳастаии Форду баъд аз ҳамлаи Амрико дар моҳи июни соли 2025
Таъсисоти ҳастаии Форду баъд аз ҳамлаи Амрико дар моҳи июни соли 2025

Дар ҷараёни ҷанги 12-рӯзаи байни Исроил ва Эрон дар соли 2025, Амрико ба се таъсисоти аслии ҳастаии Ҷумурии Исломӣ ҳамла кард. Президенти Иёлоти Муттаҳида гуфт, ин таъсисот “бо хок яксон шуданд”, аммо бархеи дигар мегӯянд, мизони воқеии зарарҳои расида рӯшан нест.

2026: ҶОБАҶОЙӢ ДАР ХАЛИҶИ ФОРС

Нови ҳавопаймобари "USS Abraham Lincoln". Акс аз соли 2019
Нови ҳавопаймобари "USS Abraham Lincoln". Акс аз соли 2019

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, таҳдид кард, ки дар вокуниш ба саркӯби хунини норозиён дар Эрон дар моҳи январи соли 2026 ба Ҷумҳурии Исломӣ ҳамла хоҳад кард. Ӯ як киштии ҷангиро ба минтақа фиристод. Ду кишвар дар аввали моҳи феврали 2026 гуфтугӯҳои ғайримустақимро бо миёнравии Уммон аз сар гирифтанд. Вашингтон аз Эрон хост, барои пешгирӣ аз ҳамлаи низомӣ созишро имзо кунад. Теҳрон хоҳони ин шуд, ки гуфтугӯҳоро ба барномаи ҳастаияш маҳдуд кунад, дар ҳоле ки Вашингтон мехост, музокирот мушакҳои баллистикӣ ва пуштибонии Эрон аз гурӯҳҳои ниманизомиро дар минтақа низ дар бар бигирад.

Доналд Трамп рӯзи 19-уми феврал гуфт, “дар тӯлонитарин ҳолати мумкин” барои расидан ба як созиш аз даҳ то понздаҳ рӯз вақт медиҳад, вагарна “рӯйдодҳои ногуворе рух хоҳанд дод”. Вай рӯзи 28-уми феврал ҳамзамон бо ҳамлаи Исроил ба Эрон, оғози амалиёти густардаи низомии Амрикоро ба Ҷумҳурии Исломӣ эълон кард.

XS
SM
MD
LG