Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломатия ё даргирӣ? Коршиносон: Эҳтимоли сулҳ ё ҷанг байни ИМА ва Эрон "баробар" аст

Пас аз поёни музокироти ҳастаии Амрико ва Эрон дар Женева, ки зери фишори сахти ИМА бар Теҳрон барои маҳдуд кардани фаъолиятҳои ҳастаӣ баргузор шуд, коршиносони шинохта дар Вашингтон мегӯянд, бӯҳрон акнун ба нуқтаи сарнавиштсоз расида ва эҳтимоли сулҳ ё ҷанг "50-50" аст. Музокирот рӯзи 18-уми феврал дар Женева бе дастоварди муайяне поён ёфт.

Сухангӯи Кохи Сафед гуфт, бо вуҷуди "пешрафти маҳдуд", дидгоҳҳои ду тараф аз ҳам ҳанӯз "фосилаи зиёде" дорад. Каролин Левитт ба хабарнигорон гуфт, интизор меравад Эрон "дар чанд ҳафтаи оянда" бо пешниҳодҳои муфассал бозгардад.

Пеш аз нишасти Женева, Теҳрон размоише баргузор кард ва мушакҳоеро ба сӯи гулӯгоҳ ё тангаи Ҳурмуз, яке аз муҳимтарин гузаргоҳҳои интиқоли нафт дар ҷаҳон партоб намуд. Эрон рӯзи 19-уми феврал низ ин равандро бо размоиши муштараки баҳрӣ бо Русия идома дод.

Пентагон низ нерӯҳои қобили таваҷҷуҳеро дар минтақа гирд овардааст. Нови ҳавопаймобари Abraham Lincoln, муҷаҳҳаз ба ҷангандаҳои F/A-18 and F-35, дар обҳои наздик дар ҳоли фаъолият аст. Новшиканҳои мушакандоз, аз ҷумла USS Mitscher ва USS Michael Murphy низ дар Халиҷи Форс ҷобаҷо шудаанд.

Теҳрон дар баробари фишорҳо бар сари барномаи ҳастаияш ва ғанисозии ураниюм мавзеи сарсахтона гирифтааст ва таъкид дорад, ки ин барнома танҳо ҳадафҳои ғайринизомӣ дорад ва талош барои сохтани силоҳи ҳастаиро рад мекунад. Гумон намеравад, ки Эрон дар ҳоли ҳозир барномаи фаъоли тавлиди силоҳи ҳастаӣ дошта бошад, ҳарчанд гузаштаи фаъолиятҳои пажӯҳишӣ дар робита ба аслиҳаи ҳастаиро дар корномаи худ дорад.

КОРШИНОСОН: ЭҲТИМОЛИ БАРОБАР

Майкл Райте, фиристодаи пешини Амрико дар умури Сурия ва сафири Амрико дар Арабистони Саудӣ дар солҳои 2023-2025, гуфт, ояндаи ҷанг ё сулҳ баробар шудааст. Ӯ дар посух ба ин пурсиш, ки минтақа ба тарафи ҷанг меравад ё сулҳ, гуфт, "фикр мекунам 50-50 аст".

Райте афзуд, "созиши эҳтимолӣ шояд монанди як тавофуқи шомили ҳастаӣ набошад, балки мумкин аст як чорчӯб, баёнияе эътимодсоз бошад, ки ба Трамп ин имконро медиҳад, то даъво кунад, ки суботро ба армуғон овардааст, ҳатто агар масъалаҳои аслӣ ҳалношуда бимонанд."

Ҷозепп Фарсах, мақоми пешини Вазорати молияи Амрико, ки рӯи сиёсатҳои таҳримҳои Ховари Миёна кор кардааст, низ гуфт, ҳатто агар гуфтугӯҳо дар ниҳоят ба натиҷа бирасад, расидан ба як созиши шомил дар фазои беэътимодии кунунӣ аз эҳтимол дур аст.

Ӯ гуфт, эҳтимоли даст ёфтан ба созиши маҳдуд вуҷуд дорад, ки то ҳудуде коҳиши таҳримҳоро дар пай дошта бошад ва масъалаҳои ҷанҷолитарро ба оянда вогузор кунад. Чунин тартибе метавонад содироти нафти Эронро ба таври чашмгире афзоиш диҳад (эҳтимол то ҳудуди 2,5 миллион бушка дар рӯз) ва солона нафте ба арзиши 50 то 90 миллиард доллар вориди бозорҳои ҷаҳонӣ кунад.

Ҷозеп Фарсах афзуд, дар сенарияи "Осмони кабуд" (идеалӣ), суботи бештар метавонад сабаби эҷоди "манфиати сулҳ" шавад ва сармоягузории хориҷӣ ва ҳамгироии минтақаи густурдатарро ташвиқ кунад.

Аммо ӯ ҳушдор дод, ки вуруди сареи нафти Эрон метавонад қимати ҷиҳонии нафтро поин биёварад ва кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форсро, ки барои таъмини молии барномаҳои дарозмуддати таҳаввули иқтисоди худ ба нархҳои болотар такя кардаанд, зери фишор қарор диҳад. Вай ҳамзамон гуфт, ҳатто бо вуҷуди созиш, бовар надорад, ки хатари ҳамлаҳои ояндаи Амрико ё эҳтимолан Исроил комилан аз байн хоҳад рафт.

Валӣ Наср, мушовири баландпояи пешин дар Вазорати корҳои хориҷии Амрико низ вазъиятро "тақрибан баробар" хонд. Ӯ далел пеш овард, ки на Вашингтон ва на Теҳрон воқеан хоҳони ҷанги пурхароҷот ва пурдардисар нестанд, чун хатар бисёр зиёд аст. Ҳамин бемайлии муштарак метавонад дар ниҳоят ҳар ду тарафро аз рафтан ба сӯи даргирӣ боздорад.

Вай ҳамчунин гуфт, чандин бӯҳрони ҷаҳонии ҳамзамон дар ҷараён аст ва дар ҳодисаҳо дар ҷойҳои дигар метавонад ба суръат тасмимгирӣ дар бораи Эронро тағйир диҳад.

Сузан Зиёда, муовини пешини ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Ховари Миёна, ҳушдор дод, худи ин ҷобаҷойии нерӯҳои низомӣ навъе "шитоб" эҷод мекунад, вақте чунин ҳузури густурдаи баҳрӣ ва ҳавоӣ аз қабл шакл гирифта, ақибнишинӣ осон нест. Ӯ афзуд, бо ҷобаҷойии новҳои ҷангӣ дар наздикии обҳои Эрон, партоби мушакҳо дар размоишҳо ва ҳушдорҳои тунди раҳбарони ду тараф, доираи хато бисёр маҳдуд аст.

Гуфтугӯҳои Эрон ва Амрико дар Умон ва Женева, пас аз талоши бозигарони минтақаӣ барои коҳиши таниш, ва дар авҷи нигарониҳо аз бесуботии густурдатар оғоз шуд.

Сузан Зиёда ҳамчунин ба мавқеи тағйирёбандаи Исроил ишора кард ва гуфт, раҳбарони Исроил мумкин аст ба таври дигар амал кунанд.

Тибқи гузориши расонаҳои амрикоӣ, Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико қарор аст ҳафтаи оянда ба Исроил сафар кунад ва рӯзи 28 феврал бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири он кишвар, дидор намояд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG