Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани фармондеҳи Сипоҳ танишро дар Ховари Миёна зиёд кард


Разӣ Мусавӣ (аз чап) ва Қосим Сулаймонӣ
Разӣ Мусавӣ (аз чап) ва Қосим Сулаймонӣ

Кушта шудани як фармондеҳи Сипоҳи посдорон дар Сурия ва ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ ба як гуруҳи тарафдори Эрон дар Ироқ, танишро дар Ховари Миёна боло бурдааст. Он ҳам дар шароите, ки ҷанг миёни Исроил ва гурӯҳи "Ҳамос" дар Навори Ғазза ҳамчунон идома дорад.

Разӣ Мусавӣ, яке аз фармондеҳони баландпояи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, рӯзи 25-уми декабр дар канораи шаҳри Димишқ, пойтахти Сурия, кушта шуд. Сипоҳи посдорон дар эъломияе гуфт, Мусавӣ дар натиҷаи партоби се мушак ба манзилаш кушта шуд. Мақомоти Эрон қатли ӯро кори дасти Исроил гуфтанд, Телавив расман эътироф накардааст.

Расонаҳои дохилии Эрон навиштанд, Сайид Разӣ Мусавӣ яке аз "бузургтарин ва барҷастатарин" фармондеҳи нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорон дар Сурия буд. Мусавиро яке аз ёрони наздики Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯи “Қудс” ном мебаранд. Сулаймонӣ чор сол пеш дар ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ дар Бағдод кушта шуд.

Разӣ Мусавӣ
Разӣ Мусавӣ

Сипоҳи посдорон дар эъломияе Разӣ Мусавиро "масъули пуштибонӣ дар минтақа" муаррифӣ кардааст. Аз ӯ ҳамчун масъули интиқоли силоҳ ба Лубнон ном бурдаанд. Расонаҳои ҷаҳонӣ кушта шудани фармондеҳи Сипоҳро зарбаи сахт ба гуруҳҳои тарафдори Эрон дар Сурия ва Лубнон арзёбӣ карданд.

Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, ваъдаи интиқом дод ва гуфт, "Исроил товони ин корро хоҳад пардохт." Ваъдаи интиқом дар замони кушта шудани Қосим Сулаймонӣ низ садо дода буд.

Исроил то ҳол расман даст доштанашро дар куштани яке аз фармондеҳони муҳими Сипоҳи посдорон дар Сурия эътироф накардааст. Аммо Амир Сайид Ирвонӣ, намояндаи доимии Эрон дар Созмони Милал, аз даӣири кул Антонио Гуттереш ва раҳбари Шӯрои амният хост, Исроилро барои ҳадаф қарор додани мақомдорони низомии Эрон дар Сурия, аз ҷумла Разӣ Мусавӣ, маҳкум кунанд.

Аз сӯи дигар нерӯҳои амрикоӣ ин ҳафта ба як макони вобаста ба гуруҳи “Катоиби Ҳизбуллоҳ” дар Ироқ зарба заданд. Ин гуруҳи наздик ба Сипоҳи посдорони Эрон мебошад, ки дар гузашта ба пойгоҳҳои амрикоӣ ҳамла кардааст.

Ллойд Остин
Ллойд Остин

Телевизиони форсии BBC аз қавли Ллойд Остин, вазири дифои Амрико гузориш дод, ки Амрико ба се қароргоҳи “Катоиби Ҳизбуллоҳ” ва гуруҳҳои вобаста ба он зарбаҳои ҷавобӣ зад.

“Ин ҳамлаҳои ҳадафманд ва дақиқ посухест ба ҳамлаҳои ҷангҷӯёни мавриди ҳимояти Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар Ироқ ва Сурия, аз ҷумла ҳамлаи “Катоиби Ҳизбуллоҳ” ва дигар гуруҳҳои таҳти ҳимояти Эрон ба пойгоҳи мо дар Арбил”, - навиштааст вазири дифои Амрико дар шабакаи X (Твиттер).

Мақомоти Ироқ гуфтанд, дар ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ ба пойгоҳҳои "Катоиби Ҳизбуллоҳ" як нафар кушта ва 18 тан захмӣ шуданд.

Дар гузашта ҳам нерӯҳои тарафдори Эрон дар Сурия ва Ироқ бо пойгоҳҳои Амрико ҳамла карданд ва Амрико низ ба онҳо посух додааст.

Ховари Миёна аз рӯзи 7-уми октябр ва баъд аз ҳамлаи ҷангҷӯёни "Ҳамос" ба Исроил ноором аст. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG