Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқиҳо дар солгарди қатли Сулаймонӣ ва Ал-Муҳандис раҳпаймоӣ карданд


Зани ироқӣ бо акси Абу Маҳдӣ ал-Муҳандис дар фурудгоҳи Бағдод. Акс аз рӯзи 2-ми январи соли 2021.
Зани ироқӣ бо акси Абу Маҳдӣ ал-Муҳандис дар фурудгоҳи Бағдод. Акс аз рӯзи 2-ми январи соли 2021.

Ҳазорон нафар аз ироқиён рӯзи 3-уми январ дар майдони Таҳрир дар маркази шаҳри Бағдод ҷамъ омада ва аз қатли як генерали баландрутбаи Эрон ва як фармондеҳи ниманизомиёни шиамазҳаб дар рӯзи 3-уми январи соли гузашта эътироз карданд.

Дар он рӯз Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи неруҳои Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон ҳамроҳ бо Абдумаҳдӣ-ал-Муҳандис, муовини раҳбари гуруҳи Ҳашд ал-Шаъабӣ бо чанде аз дигар шиамазҳабони тарафдори Эрон дар натиҷаи зарбаи мушакии ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико дар Бағдод кушта шуданд.

Бисёре аз тазоҳургарон дар даст аксҳои Сулаймонӣ ва Муҳандисро доштанд ва баъзеҳо талаб мекарданд, ки неруҳои Амрико аз Ироқ бираванд. Аз ин пештар дар шоми 2-уми январ ҳам ҳазорон нафар аз азодорон дар хиёбоне раҳпаймоӣ карданд, ки ба самти фурудгоҳи Бағдод мебарад ва Сулаймониву ҳамроҳонаш дар онҷо кушта шуданд.

Қатли Сулаймонӣ нигаронӣ аз ҷанг байни Эрону Амрикоро барангехт.
Қатли Сулаймонӣ нигаронӣ аз ҷанг байни Эрону Амрикоро барангехт.

Қатли Сулаймонӣ боиси авҷ гирифтани танишҳо Амрико ва Эрон шуд ва нигарониҳо аз ҷанг байни ду кишварро барангехт. Таниш байни Амрикову Эрон аз соли 2018 ва баъд аз он авҷ гирифт, ки раиси ҷумҳур Доналд Трамп, Амрикоро аз созиши атомӣ бо Эрон хориҷ кард ва таҳримоти иқтисодӣ ба зидди ин кишварро баргардонд.

Дар замони қатли Сулаймонӣ, Доналд Трамп дар Твиттер навишта буд, ки “Ин эронӣ муддатҳои тулонӣ ҳазорон амрикоиро кушта ва ё ҳам сахт захмӣ кардааст ва қасд дошт, амрикоиҳои зиёди дигарро бикушад.”

Баъди қатли Сулаймонӣ, Эрон бо партоби мушак ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ, ки мизбони сарбозони Иёлоти Муттаҳида аст, ба ин қатл посух дод ва ба даҳҳо сарбоз осеб расонд.

Дар остонаи нахустин солгарди кушта шудани Қосим Сулаймонӣ ва Ал-Муҳандис тадобири амниятиро дар Ироқ сахттар ва неруҳои бештари амниятиро ба кӯчаҳо сафарбар карданд. Вазорати умури дохилии Ироқ рӯзи 2-уми январ гуфт, барои таъмини амнияти раҳпаймоиҳо чораҳои изофӣ андешидааст.

Амрико аз чанд ҳафта ба ин тараф аз эҳтимоли амалиётҳои Эрон барои ниқор гирифтан аз марги Сулаймонӣ ва ниманизомиёни Ироқ хабар медод. Аммо Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи 2-уми январ ба Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҳушдор дод, ки “фирефтаи доми Исроил нашавад”, ки маъмурони амниятиаш бо тарҳрезии ҳамла ба зидди амрикоиён мехоҳанд, ӯро бо баҳонаи дурӯғе ба ҷанг бо Эрон бикашонад.”

Ӯ гуфтааст, Доналд Трамп бояд муроқиб бошад, зеро “ҳаргуна оташафрӯзӣ аксуламал ва оқибати баде хоҳад дошт.” Як рӯз баъд аз ин мақомоти Исроил гуфтанд, иддао дар бораи ба ҷанг кашидани Амрико як иддаои “пуч” аст.

XS
SM
MD
LG