Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон, раиси ҷумҳури феълии Амрико Доналд Трампро муттаҳам кард, ки дар пайи баҳонае барои "ҷанг" миёни ду кишвар аст. Суханони Зариф дар остонаи солгарди кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорон садо дод.
Сулаймонӣ субҳи 3-юми январи соли гузашта дар ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини артиши Амрико дар наздикии фурудгоҳи Бағдод кушта шуд.
Мақомҳои амрикоӣ гуфтаанд, Эрон ва ё тарафдоронаш мумкин аст, барои қасоси Сулаймонӣ ҳамлаҳоеро дар рӯзҳои оянда анҷом диҳанд.
Доналд Трамп рӯзи 23-юми декабр дар бораи ҳар гуна ҳамлаи эҳтимолӣ ба воҳидҳои низомӣ ва дипломатҳои амрикоӣ дар Ироқ ба Эрон ҳушдор дод.
Вазири корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, кишвараш ба дунболи ҷанг бо Амрико нест, аммо ба гуфтаи ӯ, Теҳрон "ошкоро ва мустақим аз мардум, амният ва манофеи ҳаётии худ дифоъ хоҳад кард".