Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Трамп ба Эрон дар бораи ҳар гуна ҳамлаи эҳтимолӣ ба амрикоиҳо дар Ироқ


Сафорати Амрико дар Бағдод.
Сафорати Амрико дар Бағдод.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 23-юми декабр ҳушдор дод, ки дар ҳаргуна ҳамла дар Ироқ, ки боиси кушта шудани ҳатто як амрикоӣ шавад, Эронро масъул медонад. Ин ҳушдори Трамп чанд соат пас аз нашри гузоришҳо дар бораи ҷаласаи амниятии мақомоти баландпояи ҳукумати Амрико нашр шуд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 23-юми декабр ҳушдор дод, ки дар ҳаргуна ҳамла дар Ироқ, ки боиси кушта шудани ҳатто як амрикоӣ шавад, Эронро масъул медонад. Ин ҳушдори Трамп чанд соат пас аз нашри гузоришҳо дар бораи ҷаласаи амниятии мақомоти баландпояи ҳукумати Амрико нашр шуд.

Трамп дар "Твиттер" навишт, "ба сафорати мо дар Бағдод рӯзи якшанбе чанд мушак партоб шуд. Се мушак натаркид. Фикр кунед, ин мушакҳо аз куҷо омаданд, Эрон. Ҳамин ҳоло гузоришҳо дар бораи ҳамлаҳои бештар алайҳи амрикоиҳо дар Ироқ ба гуш мерасад".

Доналд Трамп дар идома гуфтааст, "чанд тавсияи дӯстонаи беҳдоштӣ ба Эрон -- агар як амрикоӣ кушта шавад, ман Эронро масъул медонам. Хуб фикр кунед".

Якшанбеи гузашта Сафорати Амрико дар "минтақаи сабз"-и Бағдод -- пойтахти Ироқ, ҳадафи ҳади ақал ҳашт мушак қарор гирифт. Ин ҳамлаҳо зиёни молӣ дар пай дошт, аммо касе дар ин ҳамлаҳо кушта нашуд.

Хабаргузории "Рейтерз" пеш аз ин паёми Доналд Трамп, ба нақл аз мақомоти баландпояи амрикоӣ навишт, рӯзи чаҳоршанбе чандин масъули ҳукумати ИМА дар нишасте дар бораи роҳҳои муқобила бо ҳамлаҳои эҳтимолии Эрон ва гурӯҳҳои шиа ба нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ гуфтугӯ карданд.

Дар ҳамин замина, Ситоди фармондеҳии марказии ИМА низ рӯзи чаҳоршанбе бо нашри як баёния дар бораи ҳамлаҳои мушакӣ ба Сафорати Амрико дар Бағдод гуфтааст, "ҳамлаҳои гурӯҳҳои худсар, ки аз сӯи Эрон ҳимоят мешаванд, беш аз ҳама боиси кушта шудани ғайринизомиён ва нерӯҳои амниятии Ироқ шудааст".

Ҳукумати Ироқ дар бораи ҳамлаҳои мушакии рӯзи якшанбе ба Сафорати Амрико дар "минтақаи сабз"-и Бағдод гуфтааст, як гурӯҳи "ғайриқонунӣ" ин ҳамлаҳоро анҷом додааст. Аммо шарҳи бештаре дар ин бора дода нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ниманизомиёни мавриди ҳимояти Эронро масъули ин ҳамла донистааст.

Вазорати умури хориҷии Эрон ин ҳамлаҳои мушакиро маҳкум карда ва гуфтааст, ки навъ ва замони ин ҳамла ва баёнияи Вазири умури хориҷии Амрико алайҳи Эрон, "машкук" аст.

Вале то ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамлаҳои мушакиро ба ӯҳда нагирифтааст.

Ҳамлаҳои ёдшуда дар остонаи солгарди кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорон ва Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис, фармондеҳи ниманизомиёни "Ҳизбуллоҳ"-и Ироқ анҷом шуд. Ин ду нафар ҳамроҳ бо чанд тан аз анерӯҳои эронӣ ва ироқӣ субҳи 3-юми январи соли ҷорӣ дар ҳамлаи як ҳавопаймои бидуни сарнишини артиши Амрико дар наздикии фурудгоҳи Бағдод кушта шуданд.

Ҳанӯз маълум нест, ки оё Эрон қасд дорад ба таври мустақим ё аз тариқи гурӯҳҳои мавриди ҳимояташ ба Амрико ва муттаҳидонаш зарба бизанад. Аммо мақомҳои сиёсӣ ва низомии Эрон мегӯянд, Ҷумҳурии исломӣ азми қатъӣ дорад аз онҳое, ки дастури қатли Қосим Сулаймониро доданд, интиқоми "сахт" бигирад.

Аз сӯи дигар, фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Ховари Миёна чанд рӯз пеш ба Эрон ҳушдор дод, ки агар бихоҳад дар солгарди кушта шудани Қосим Сулаймонӣ даст ба ҳамла бизанад, омодаи вокуниш ҳастанд.

XS
SM
MD
LG