Эҳтимоли бесуботӣ ва баста шудани роҳҳои тиҷорату ҳамлу нақл. Таҳлилгарони тоҷик ба ин паёму пайомади ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ишора мекунанд.
"Агар ҷанг идома ёбад..."
Таҳлилгар Қосими Бекмуҳаммад бар ин аст, ки он чи дар Эрон мегузарад, на танҳо барои Ховари Миёна, балки барои минтақаҳои перомунӣ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ метавонад пайомадҳои зиёде дошта бошад. Ин минтақа дар ҳамсоягӣ бо Афғонистон ва ба сурати мустақим аз тариқи Туркманистон ва Баҳри Хазар бо Эрон ҳаммарз аст.
"Эрон масири ҳамлу нақли коло дар дастрасӣ ба обҳои озод барои кишварҳои Осиёи Марказист. Зимнан, яке аз кӯтоҳтарин ва амнтарин масирҳо ба шумор мерафт, ки дар шароити буҳрони Афғонистон ва ҳамчунин масири Русия ин масъала барои Осиёи Марказӣ аз аҳамияти фавқулода болое бархӯрдор аст," – шарҳ дод ӯ.
Аз диди ин таҳлилгар, Эрон барои Тоҷикистон ҷудо аз тафовутҳои низом ё идеологӣ, як унсури ҳувиятӣ-тамаддунии муштаракро низ дорад.
Ҷанги Амрикову Исроил бо Ҷумҳурии Исломӣ 28-уми феврал сар шуд ва маълум нест, чӣ қадар тӯл мекашад. Ҳарчанд Доналд Трамп, раисҷмуҳури Амрико, гуфта буд, ҷанги зидди Эрон метавонад то чор ҳафта идома ёбад.
Шералӣ Ризоён, коршиноси равобити байнулмилал, мегӯяд, "агар ҷанг идома ёбад, барои мо то як андоза таъсири манфӣ мерасонад. Зеро ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ як роҳкореро барои рафтан ба сӯйи обҳои гарм, бавижа бандарҳои Чобаҳору Бандар-Аббоси Эрон дар нақша доштанд, ки ин самт пурра баста мешавад. Долони Миёнӣ, бо вуҷуди тамоми он ривоятсозиҳову таблиғоти густардае ҳаст, тавонмандии беш аз 25 миллиард тонна дар як солро дорад, вале он ҳам пас аз соли 2030."
Ризоён ба мавҷудияти роҳҳо ба Чин ва роҳҳои транзитии шимолӣ, хусусан аз тариқи Русия ишора мекунад, аммо мегӯяд ин вобастагии кишварҳоро аз қутбҳои гуногуне, ки даъвои фародастӣ дар Осиёи Марказиро доранд, бештар мекунад.
"Минтақаи пуртаниш"
Дар баробари таъсири манфии иқтисодӣ, агар ҷанг давомдор шавад, Муҳаммад Шамсиддинов, таҳлилгари масоили минтақа, буҳрони амниятиро яке аз чолишҳои бузург барои Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ ва боқии кишварҳо медонанд.
Ӯ афзуд: “Марзҳои ҷанубии мо минтақаи пуртаниш мемонанд. Дар сурати аз даст додани назорат бар сарҳадҳо, мо метавонем бо мавҷи гурезаҳо, инчунин, фаъол шудани гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ рӯ ба рӯ шавем. Ин маҷмӯи омилҳо метавонад ба амнияти дохилии мо таъсири манфӣ расонад”.
Профессори ҷомеашинос Музаффар Олимов мегӯяд, умедвориҳое, ки буҳрон то ҷанг намекашад ва бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ ҳал мешавад, бароварда нашуд ва оқибаташ ногувор аст.
“Мо бояд то ҳадди имкон чора ҷӯем, ки зарараш ба мо камтар бошад. Ба минтақа, аз ҷумла ба Тоҷикистони мо, ки бисёр кишвари ҳассос аст ва имкониятҳои роҳ ёфтан ба берун бисёр маҳдуд аст. Аз ин нуқтаи назар, барои мо бисёр муҳим аст ва бояд муҳим бошад, ки мо ҳамаи ин чизҳоро ба назар бигирем,” -- таъкид мекунад Олимов.
Ҳарчанд ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ рӯйи тӯлонӣ шудани ин ҷанг камтар таъкид мекунанд, онро пурра истисно намедонанд. Аз назари онҳо пайомадҳои аслии ин буҳрон ба идомаи чигунагии авзоъ вобастааст ва ҳар дигаргуние дар роҳкору роҳбурди ҷонибҳои даргир, пайомадҳои гуногуне барои амнияти Ховари Миёна ва дар кул барои иқтисод ва равандҳои геополитикии ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон дошта метавонад.
Тоҷикистон солҳои охир ба таври ошкор ва фаъол робитаҳои ҳамаҷонибаро бо Эрони ғанӣ аз нафт мустаҳкам мекунад ва ин кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги воқеъ дар фосилаи 900-километрӣ аз марзашро чун самти мусоиде барои роҳ ёфтан ба бандарҳои тиҷорати ҷаҳонӣ медонад.
Ҳоло миёни ду кишвар раводид дар сафарҳои мустақим барои 30 рӯз бекор шудааст ва эълон кардаанд, ки гардиши молу колоро аз 400 миллион доллари ҳозира дар чанд соли оянда ба 1 миллиард доллар расонанд, ки акнун бастагӣ ба идомаи авзоъ хоҳад дошт.