Мақомоти як қатор вилоятҳо маҷбур шуданд, ки дар фурӯши он маҳдудият ҷорӣ кунанд. Ҳоло барои як харидор танҳо як кило иҷозат аст. Ҳамзамон яке аз қадимтарин корхонаҳои қаннодӣ маҷбур шудааст, ки фаъолияти худро дар Чимкент боздорад.
Агар то ду ҳафта пеш мақомоти Қазоқистон мегуфтанд, ки камбуди шакар дар манотиқи ғарбӣ эҳсос мешавад, ҳоло ин мушкилот дар саросари кишвар паҳн шудааст. Дар Қизилӯрда мардум барои харидани шакар аз субҳ навбат меистанд. Аммо сарфи назар аз маҳдудияти ҷоришуда, ба ҳар як харидор на бештар аз як кило шакар мерасад.
Марде, ки дар навбати назди фурӯшгоҳи ғизо истода буд, бовар надорад, ки имрӯз бо як кило шакар ба хонааш меравад: “Ба мо мерасад ё не, намедонам. Мегӯянд, ки танҳо харидани як кило иҷозат аст”. Як зан, ки аз навбатпоиҳои тӯлонии мардум барои шакар мушоҳида мекард, гуфт: “Ҳамагӣ даҳ нафар тавонистанд шикар бихаранд, ба боқимондаҳо нарасид. Дар баъзе ҷойҳо танҳо ба собиқадорон ва нафақахӯрон мефурӯшанд”.
Шакар ба феҳристи маҳсулоти стратегии давлат дохил мешавад ва дар Қазоқистон нархи онро бар асоси созишномаи махсус байни шабакаҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои ғизоии иҷтимоӣ назорат мекунанд. Он тоҷироне, ки бо маъмурияти маҳаллӣ чунин шартномаро бастаанд, ҳақ надоранд нархҳоро боло баранд. Вале захираи шакари ин ширкатҳо маъмулан калон нест ва маҳсулоти онҳо зуд тамом мешавад. Дар мағозаҳои хурди чакана арзиши ҳар кило шакар ба дувуним доллар мерасад. Ин нарх аз меъёри муқарраркардаи давлат ду баробар зиёд аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Артем Крылов, як масъули шабакаи фурӯшгоҳҳои «Magnum» дар шаҳри Алмаато мегӯяд, бо зиёд шудани талабот эҳтиёҷ ба ворид кардани маҳсулоти бештар ҳам зиёд мешавад. Ӯ гуфт, “маркази тақсимоти мо, ки ба он мунтазам шакар ворид мешавад, ҳамарӯза бидуни истироҳат кор мекунад. Мо ҳоло, аз ҷумла чор вагон дорем, ки онҳоро кабул карда, фавран месупорем. Яъне, имрӯз аллакай шакар вориди шабака мешавад”. Ба гуфтаи ӯ, маҳсулот зуд ба фурӯш меравад.
Камбуди шакарро на танҳо муштариҳои оддӣ, балки корхонаҳои истеҳсолӣ ҳам эҳсос мекунанд. Яке аз бузургтарин тавлидкунандагони маҳсулоти қаннодӣ дар бораи мутаваққиф шудани фаъолияти корхонааш дар шаҳри Чимкент хабар дод. Бо вуҷуди ин, мақомоти як қатор минтақаҳое, ки онҷо норасоии шакар ба қайд гирифта шуда буд, мавҷудияти мушкил дар таъмини ин маҳсулотро рад мекунанд. Масалан, мақомоти Алмаато иддао доранд, ки маҳдудияти фурӯш ҷорӣ шудааст ва он ба хотири мубориза бо ҷаллобон аст.
Ерлан Умаров, муовини сардори Раёсати соҳибкории ҳукумати шаҳри Алмаато аст. Ӯ мегӯяд: “Вақте дар шабакаи Magnum нархи шакар арзонтар буд, унсурҳои ҷалллобӣ вуҷуд дошт. Яъне мағозаҳо ва баъзе дигар корхонахои хурд аз Magnum бо нархи арзонтар харида, кӯшиш мекарданд, ки онро бо нархи гаронтар фурӯшанд”.
Ҳоло посухи мақомоту дастандаркорони тиҷорат метавонад мухталиф бошад, вале воқеият ин аст, ки ин мушкил баъди шурӯи ҷанги беасоси Русия алайҳи Украина пайдо шуд. Норасоии шакар дар Қазоқистон махсусан баъд аз манъи содироти он аз ҷониби Русия ба амал омад. Ҳамзамон, созишномаҳои дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё басташуда афзоиши андози аксизӣ барои воридот аз кишварҳои сеюмро пешбинӣ мекунанд. Дар натиҷа ҳар як тонна маҳсулоти воридшаванда 35 фоиз боло меравад. Бо вуҷуди муроҷиатҳои чандинкаратаи Қазоқистон барои бозбинии ин банди созишнома, ҳамоно пойбарҷо мемонад. Аз замони ҷорӣ шудани маҳдудият аз сӯи ҳамсояи шимолӣ шакар дар Қазоқистон 90 % гарон шудааст.
Айни замон, афзоиши нархи шакар дар минтақаҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Узбекистон ва Тоҷикистон ҳам эҳсос мешавад.