Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоят аз нархҳо то роҳи осон кардани зиндагии мардум дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Имрӯз дар бораи қимати орду нону равғану шакару дигар маводи ғизоӣ суҳбат мекунем, ки пайваста ба самти боло ҳаракат доранду бисёре аз шуморо асабонӣ кардаанд. Қиматҳову гузоришҳои Радиои Озодӣ дар ҳамин бора дар ду ҳафтаи гузашта яке аз мавзуъҳои доғе буд, ки корбарон доир ба он дар вебсайти Радиои Озодӣ баҳси зиёде кардаанд.

Дар ҳақиқат сабаб ҳам доранд ва ин гуфтаи як сокини Душанбе, ки бо асабоният суҳбат мекард: "Макарон 13 сомонӣ шудааст, биринҷ – 20 сомонӣ. Ин қадар гарон. Каме аз боло ба поин нигоҳ кунанд. Гӯшти гову гӯсфанд намехарем. Дар як моҳ як бор гӯшти мурғу моҳӣ мегирем... Пештар панҷ литр равған қариб 80 сомонӣ буд, ҳозир 120 сомонӣ аст."

Корбаре, ки худро дар вебсайти Радиои Озодӣ, «Шукрона кунед» муаррифӣ кардааст, мегӯяд, ҳоло ҳукумат ҳайрон мешавад, ки чаро мардум ингуна асабонӣ ҳастанд. Давоми шарҳаш чунин наст:"Магар ҳамин зиндагӣ аст, дӯстон?! Рӯзи халқ бо азоб мегузарад. Зиндагиро ҳамон ҳукуматдорон доранд. Ҳамин ҳам ҳолу зиндагӣ шуд? Маошамро аз ин моҳ ба он моҳ мекашам, ки фарзандонам аз гуруснагӣ намиранд. Туф бар рӯи ингуна зиндагӣ. Э Худоё оҳу нолаҳои моро шунав, охир сил шудем, сил.”

Аз қиматҳо то ба роҳи ҳалли мушкилоти Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:48 0:00

Яке дигар аз корбарон бо номи Шириншоҳ Толибов дар саҳифаи мо дар Фейсбук ҳам айни шарҳро гузошта ва гуфтааст, ки аз болоравии қиматҳо ба танг омадааст. Ӯ чунин мегӯяд:"Мо мардумони бехона ба дод омадаем. Хонаву дар надорем, иҷора менишинем. 1500 сомонӣ дар як моҳ. Се чаҳор фарзанд, дорем. Ҷойи кор надорем, ба як азоб рузамонро сипарӣ мекунем. Фарзандонамонро фиреб мекунем. Ба чӣ рӯзҳое зиндагиро пеш мебарем.”

Дар саҳифаи мо дар Фейсбук садҳо шарҳ зери гузориш дар бораи қиматҳо мебинед, ки аксарияташ оҳу воҳу нолаанд. Бо ин ҳама дар миёни онҳо яке аз корбарон бо номи Фирӯза Холова шухӣ кардааст, гаронии маводи ғизоӣ барои сиҳатӣ хуб аст. Шухиаш чунин аст: “Нафақа 125 сомонӣ. Чаҳор моҳ нон намехӯрем, баъд як линча орд мехарем. Ду моҳ равған намехӯрем. Хулласи калом дар шаш моҳ як линча орду андаке равған мехарем. То ин вақт обҷӯш мехӯрем, зеро фоида дорад. Равғани баданамон дар шаш моҳ об мешавад.”

Бисёре аз корбарони дигар мансабдорону ҳукумати Тоҷикистонро танқид кардаанд, ки наметавонанд, дасти мардумро бигиранд ва андаке ҳам бошад, ба онҳо ва ё дар поин бурдани қимати маводи ғизоӣ кумак кунанд. Шарҳи яке аз корбарони Фейсбукро мехонем, ки худро Заррина Раҳимова муаррифӣ кардааст: “Серҳо ишкамкалонҳо, фақат селфӣ гирифта, дар интернет мегузоранд. Ҳар кадом курсии баланд харида нишастаанд. Нархи бозор ба чашмашон наменамояд. Пиразани 93-сола гадоӣ мекунад, инашро ба кӣ мегӯед?”

Таҳмина Файзиева, корбари дигари саҳифаи мо дар Фейсбук ҳам айни шикоятро дорад, ки мансабдорон ғами мардумро ба қавли ӯ намехуранд ва намепурсанд, ки онҳо чӣ ҳолу аҳвол доранд. Ӯ гуфтааст, “Бахудо ҳамаи курсинишинони Тоҷикистон, нарху наво, ҳоли мардуми муҳтоҷ, бечора, муҳоҷирро намепурсанд.”

Дар ин миён баъзе аз корбарон роҳҳои ҳалли мушкилӣ ва ё ба қадре осон кардани зиндагии мардумро пешниҳод карда ва гуфтаанд, ки ягона роҳ рушди иқтисодиёт аст, ки дар Тоҷикистон ба кундӣ пеш меравад. Пешниҳоди яке аз корбарон бо номи Каримро мехонем, ки дар вебсайти Радиои Озодӣ матраҳ кардааст: "Пешрафти Тоҷикистон аз рушди иқтисодиёташ вобаста аст. Пешрафт ба истеҳсолот алоқаманд мебошад. Соҳибкорон ба пешрафти истеҳсол манфиатдор нестанд, чунки фишори Кодекси андоз ва хароҷоти барқу об миёншикан аст. Ягона роҳи осону камхатар хариду фурӯши маҳсулоти хориҷӣ мешавад, ки соҳибкорони моро ба ёвари иқтисоди кишварҳои хориҷӣ табдил додааст. Саргаҳи ин муаммо, ҳукумат аст, ки сатҳи дониши иқтисодиаш паст мебошад."

Як пешниҳоди дигаре ҳам дар саҳифаи Радиои Озодӣ ва аз номи корбаре бо номи Шаҳром низ ҳаст, ки ба забони англисӣ гузоштааст ва тарҷумааш чунин наст: "Мутаасифона ин бисёр ғамангез аст. Дақиқан ба ҳамин далелҳо мо ба ватани худ барнамегардем. Музди моҳона барои сер кардани як хонавода кофӣ нест. Агар кишвар иқтисодро ислоҳ накунад, нобуд мешавад. Мо тамоми сарватҳои табии лозим барои истеҳсоли моли содиротиро дорем. Ягона роҳи сарватманд шудани кишвар, суръат бахшидан ба саноатисозӣ аст. Тоҷикистон бо ҳуқуқшиносони беҳисоб сарватманд намешавад, балки дар оянда бештар азоб мекашад.”

Шаҳром рост мегӯяд, ё не? Хуб мешавад, агар шумо ҳам бинависед. Дар зери ҳамин барнома ва ё метавонед, дар видео сабт кунед ва бо Вотсапп, Вайбер ё Телеграм ба ин шумора бифристед: +420 607 900 808

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG