Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархҳо – "осмонӣ", мардум – асабонӣ. Болоравии арзиши 19 навъи маҳсулот дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Яке аз бозорҳои Душанбе
Яке аз бозорҳои Душанбе

Намояндагони Хадамоти зиддимонополӣ дар Тоҷикистон дар се моҳи аввали имсол даҳҳо тоҷирро ба гуноҳи ба гуфтаашон "беасос боло бурдани нархи маҳсулот" зиёда аз ду миллион сомонӣ ҷарима бастаанд. Сокинон мегӯянд, нархи маҳсулот аз аввали сол рӯ ба болосту зоҳиран майли паст шуданро надорад. Савдогарон бовар доранд, поину болоравии нарх ба онҳо ва хостаашон рабт надорад, балки ба ончи дар ҷаҳону минтақа ва бозори асъор мегузарад, вобаста аст.

"Макарон 13, биринҷ – 20 сомонӣ"

Нигина Ҳакимова, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, дар ҷое ба таври расмӣ кор намекунад ва даромади собит надорад, аммо барои зинда мондани худу фарзандонаш бояд аз бозор маҳсулот бигирад. Ӯ бештар аз болоравии нархи орду равған ва шакар сахт асабонӣ шудааст, чун ҳар рӯз ба ин навъ маҳсулот зарурат доранд.

"Макарон 13 сомонӣ шудааст, биринҷ – 20 сомонӣ. Ин қадар гарон. Каме аз боло ба поин нигоҳ кунанд. Гӯшти гову гӯсфанд намехарем. Дар як моҳ як бор гӯшти мурғу моҳӣ мегирем... Пештар панҷ литр равған қариб 80 сомонӣ буд, ҳозир 120 сомонӣ аст," – нақл кард ӯ рӯзи 24-уми май.

Ба монанди Нигина чанд нафари дигарро дар бозорҳои Душанбе вохӯрдем, ки гаронии нархи орду равғану шакар назми зиндагияшонро “халалдор” намудааст.

Худойдод Аксаров, сокини пойтахт, мегӯяд, оилаи калон дорад ва онҳо дар як моҳ бештар аз 15 литр равған истеъмол мекунанд. Ба ҳисоби миёна, ба гуфтаи ӯ, барои оилаи онҳо дар як моҳ 450 сомонӣ лозим аст, то ин миқдор равған бихаранд. Нафақааш 200 сомонӣ будааст. “Камтар мехарем, вале ба оила нарасад, чӣ кор мекунем? Пештар арзон буд, рӯз ба рӯз гарон шуда истодааст,” – гуфт ӯ.

Видеоро инҷо бинед:

"Қимматӣ шудааст, аз боло андак нигоҳ кунанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00

Маҳсулоти русӣ ҳам гарону тоҷикӣ ҳам

Ҳоло нархи як литр равғани офтобпарасти истеҳсоли Русия то 30 сомонӣ арзиш дорад. Чанд рӯз пештар аз 24 то 26 сомонӣ буд. Равғани растании истеҳсоли Тоҷикистон то 26 сомонӣ аст. Ҳафтае пеш то 23 сомонӣ арзиш дошт.

Савдогарон болоравии нархи маҳсулотро тасдиқ мекунанд, аммо ҳамзамон таъкид мекунанд, ки онҳо низ маҷбуранд, барои рӯйпӯш кардани хароҷоти худ маҳсулотро гаронтар бифурӯшанд.

Ба қавли Ҷумъахон Абдуҷабборов, тоҷири яке аз бозорҳои пойтахт, “натанҳо равғани истеҳсоли Русия, балки аз Тоҷикистон ҳам баланд шуд. Аз корхонаҳо меоранд, мо мефурӯшем. Ҳама мегӯянд, гарон шудааст. Агар маҳсулотро 3 сомонӣ гаронтар биорем, маҷбурем 3 сомонӣ гаронтар бифурӯшем. Пули иҷора ва харҷҳои дигар ҳаст.”

Шакар, маҳсулоти дигари серистеъмол дар Тоҷикистон, низ гарон шудааст. Дар ҳоли ҳозир як халтаи 50-килоии шакари истеҳсоли Русия 680 сомонӣ аст. Сокинони Тоҷикистон дар як сол тақрибан 130 ҳазор тонна шакар ва қанд мехӯранд. Мақомот мегӯянд, ҳудуди 84 дарсади ин маҳсулот аз Русия оварда мешавад.

Баҳона чист?

Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ниҳоди танзимкунандаи нарх дар Тоҷикистон, гуфтанд, аз охири моҳи феврали имсол болоравии нархи 19 навъи маҳсулоти ниёзи аввал, ки аксаран воридотӣ ҳастанд, мушоҳида шудааст.

Доробшо Давлатов, як масъули раёсати ҳимоя ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисорӣ, рӯзи 24-уми май гуфт: “Гандум, орд, равғани растанӣ, шакар ва сӯзишворӣ аз ҷумлаи инҳоянд. Сабаби афзоиши нарх болоравии арзиши маҳсулот дар худи кишварҳои истеҳсолкунанда аст. Сабаби дигар тағйири қурби асъор аст, ки тоҷирон маҷбуранд, бо нархи воридкардаи худ маҳсулотро ба фурӯш гузоранд."

Иқтисоди Тоҷикистон, ба гуфтаи муассисаҳои байнулмилалии молӣ, дар баробари таконҳои берунии иқтисодӣ осебпазир аст. Бозоршиносон бар ин назаранд, ки бо таваҷҷӯҳ ба чунин вазъ, мақомотро зарур аст, ба истеҳсоли маҳсулоти худӣ таваҷҷуҳ кунанд ва пойбандиро аз молҳои воридотӣ камтар намоянд.

Абдураҳмон Ҳакимзод, таҳлилгари иқтисодӣ, мегӯяд, “тибқи омор, гуё 60 дарсади маҳсулотро Тоҷикистон истеҳсол мекунад ва 40 дарсадро аз берун меорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омор дуруст нест. Аз кишварҳое, ки ба Тоҷикистон молу маҳсулот содирот мекунанд, сахт вобастаем."

Аз аввали сол бори чандум аст, ки нархи маводи ниёзи аввал дар бозорҳо боло меравад. Мақомот ҳар дафъа мегӯянд, аз ҳисоби захираҳои давлатӣ ба мардум маҳсулоти арзонтар мефурӯшанд. Як мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки то нисфирузӣ шакару маҳсулоти арзони давлатӣ тамом мешаванд ва ба ҳама намерасанд.

Афзоиши нархи маҳсулот дар Тоҷикистон барои мардуми бекору даромад ва хонаводаҳои фақир, ки шумораашон кам нест, таъсир дорад. Баръакси он ки мақомот мегӯянд, сатҳи зиндагии сокинон ба таври мусбат тағйир кардааст.

XS
SM
MD
LG