Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нархҳо баланд аст, аммо чӣ кор мекунӣ?"ВИДЕО


Акнун дона дона мехаранд.
Акнун дона дона мехаранд.

Дар бозорҳои Тоҷикистон ин шабу рӯз мева ва дигар маҳсулоти полезӣ бештар ба назар мерасад, вале гаронии нархҳо боис шудааст, ки на ҳама ба чунин маҳсулот дастрасӣ дошта бошанд.

Бозоршиносон мегӯянд, то замоне ки монополия ё инҳисори бозор аз байн наравад, таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба танзими нархҳо ва рушди истеҳсоли ватанӣ сурат нагирад, мушкил ҳалли худро намеёбад. Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ бар ин назаранд, ки рақобати солим дар бозор аст ва нархи маҳсулот ҳам ҳамеша зери назари онҳо қарор дошта, зиёд гарон нашудааст.

Ба ин ҳарфҳо Талбак Амиров, сокини шаҳри Душанбе чандон бовар надорад. Мегӯяд, интизор аст, ки кай мева арзон мешавад, зеро ҳоло зӯраш ба хариди он намерасад. Ӯ рӯзи 14-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "нархҳо қимат аст, аммо чӣ кор мекунӣ? Даромаде, ки дорем, ба зиндагӣ намерасад, аҳвол бад аст".

Сокинон аз фурӯшандаҳо гила мекунанд, ки нархҳоро худсарона боло мебаранд, вале онҳо ин иддаоро рад мекунанд.

Анварҷон Йигиталиев ба фурӯши қаланфури булғориву помидору бодиринг машғул аст. Мегӯяд, маҳсулот то дасти ӯ расидан, аз чанд дасти дигар мегузарад ва ҳар кадоме аз онҳо болои он нарх мемонанд.

"Нархҳо баланд аст, аммо чӣ кор мекунӣ?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00

"Барои ҳамин гарон аст, як қисми маҳсулот аз Узбекистону Покистон ворид мешавад, қисми дигараш аз худамон аст, рӯзҳои ид бештар мешаванду арзон мешавад. Қаланфури булғориро ҳозир 1-2 дона барои маза мегиранд, ҳиҷ кас зураш намерасад, ки як килоро 50 сомонӣ бихарад"-гуфт, ӯ.

Феълан нархи як кило қаланфури булғории воридотӣ аз 40 то 50 сомонӣ, қулфинаи ватанӣ аз 15 то 50 сомонӣ, себ 25 то 30 сомонӣ қимат дорад. Нархи маҳсулоти ниёзи аввалия низ ба таъкиди сокинон гарон боқӣ мондааст. Намояндагони бозорҳо мегуянд, нархҳо зиёд боло нарафтаанд.

Раҳмадшоев Нусратулло, намояндаи бозори “Саховат”, рӯзи 15-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, қабл аз оғози моҳи Рамазон танҳо нархи орд, шакар ва равған каме баланд шуд: "Он мевагиҳое, ки аз хориҷ оварда мешуданд, аз Узбекистону Покистон нархашон камтар баланд шудааст, маҳсулоти худӣ арзон аст".

На танҳо хӯрокворӣ, балки либос ҳам гаронтар шудааст

На танҳо маҳсулоти озуқа, балки нархи сӯзишвориву либос низ афзоиш ёфтааст.

Соҳибкор Фаридун Рашидов аз Туркия мол меорад. Мегӯяд, нисбат ба моҳҳои пеш даромадаш 50 дарсад коҳиш ёфтааст: "Зеро қурби доллар баланд шуд, мо ҳам ночор нархҳоро боло бурдем, вақте нархҳо хеле қимат шудаанд, сафи муштариён кам шуд. Агар чизеро ки 100 сомонӣ мегирифтӣ, ҳоло 120 сомонӣ аст. Мизоҷон меоянд ва нархи пештараро мепурсанд. Мардум омада нарху наворо мебинанд, фикр мекунанд, ки назар ба либос хӯрок гиранд муҳиму беҳтар аст".

Тоҷирон гаронии нархҳоро ба афзоиши қурби доллар рабт медиҳанд. Бозоршиносон бар ин назаранд, ки омилҳои муҳимтар ва дигар инҳисори бозор, набуди рақобати солим, истеҳсоли нокофии ватанӣ мебошад.

"Ин ҷо на танҳо қурби доллар таъсири худро мегузорад, ба таври сунъӣ боло бурдани нархи маҳсулоте, ки дар худи кишвар истеҳсол шудааст дида мешавад ва ниҳодҳои марбута, аз қабили Хадамоти зиддиинҳисорӣ бояд назоратро ҷиддӣ барад. Масъалаи муҳиме, ки аксар коршиносон ошкоро ба расонаҳо намегӯянд, ин монополияи баъзе соҳаҳои хоҷагии халқ, махсусан бозори истеъмолӣ аз сӯи шахсони алоҳида аст, таъминкунандаи асосии орд, шакар ё равған ҳамон соҳибкоре ҳаст, ки бозорро инҳисор карда гирифтааст, албатта ҳар ки наметавонад бозорро инҳисор кунад, ин шахсони маълум ҳастанд, ки аз болои онҳо сохторҳо наметавонанд шикоят баранд" - афзуд, бозоршинос Абдураҳмон Ҳакимзода.

Мақомот мегӯянд, рақобати солим ҳаст

Намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон монополия ё инҳисори бозорро рад кард мекунанд.

Cайдалӣ Зарифзода, сардори Раёсати ҳимоя ва рушди рақобати ин ниҳод, рӯзи 15-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳолатҳои ба таври сунъӣ боло бурдани нархҳоро сабт кардаанд, вале ба гуфтаи ӯ соҳибкорон дар пешбурди корашон озод буда, рақобати солим вуҷуд дорад.

Вай афзоиши нархҳоро бештар ба омилҳои буруна рабт дод: "Хато накунам аз 25 феврали имсол болоравии нарҳо сар шуданд, ки ба нархи сӯзишворӣ марбут аст, сӯзишвориро аз берун ворид мекунем, хараҷоти ҳамлу нақли борҳо аз як минтақа ба ҷои дигар ба нархҳо таъсир мерасонад, ҳолатҳои сунъиро дар нархгузории картошка ва маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз чанд даст мегузарад, сабт мекунем ва бо анҷоми корҳои фаҳмонидаддиҳӣ бартараф мешаванд".

Ба назари бозоршинос Абдураҳмон Ҳакимзода, кори Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ростои танзими нархҳо муассир нест ва ин ниҳод бояд фаъол бошад. Вай таъкид кард, ки барои он ки нархи маҳсулоти воридотӣ зиёд боло наравад, бояд ба воридкунандагон имтиёзу сабукиҳо пешниҳод шавад.

Ӯ барои коҳиши нархи молу маҳсулот чанд пешниҳоде низ дорад: "Барои он ки нарху наво танзими худро ёбанду қисман арзон шаванд, бояд рақобати солим ба миён ояд, андозҳо кам карда шавад, чун андозҳо хеле баланд ҳастанд, дуввум истеҳсолоти ватанӣ рушд кунад, мо миллионҳо сомониву долларро ҳамасола барои баъзе ҷашнҳову идҳое, ки барои мо қариб, ки нолозим аст, сарф мекунем, аммо барои рушди саноат, истеҳсолоти ватанӣ агар чунин маблағҳо ҷудо шавад истеҳсолоти ватанӣ рушд мекунад".

Афзоиши нархи молу маҳсулот дар Тоҷикистон дар гузашта низ борҳо боиси нигаронии сокинон шудааст. Гулнора Ҳасанзода, раиси Оҷонси омор, 20 феврал дар нишасти хабарие дар Душанбе аз афзоиши нархи тақрибан ҳама навъҳои ғизо дар соли гузашта хабар дод. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, "нархи сабзавот 23,8 дарсад, маҳсулоти гӯштӣ 15,1 дарсад, равған то 24 дарсад, орди навъи якум 8 дарсад ва шакар 4,4 дарсад афзуд." Гаронии нархҳо дар соли 2022 низ идома дошта, дар як моҳи ахир бештари шикоятҳо аз афзоши қобили мулоҳизаи нархи орду сӯзишворӣ садо медод.

Ҳаргуна боло рафтани қимати маводи ниёзи аввалия дар Тоҷикистон барои мардум дарднок аст, зеро музду даромади аксарияти мардум кам аст ва садҳо ҳазор нафар ҳам фақиру камбизоат ҳастанд.

XS
SM
MD
LG