Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба гази Ашт "чашм расид"? ВИДЕО


Яке аз кӯчаҳои ноҳияи Ашт
Яке аз кӯчаҳои ноҳияи Ашт

Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд нархи газро боло бурда ва онро  бо нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории дигар минтақаҳо баробар кардаанд.

Қимати як литр гази моеъ, ки ҳанӯз чанд рӯз пеш на бештар аз 5 сомониву 30 дирам пешниҳод мешуд, ҳоло дар аксар тоблуҳои нуқтаҳои газфурӯшии ноҳия 6 сомонӣ навишта шудааст. Чанде аз корбарони Радиои Озодӣ ҳам аз дигарбора гарон шудани нарх шикоят карданд.

Худи тоҷирон нахостанд дар назди дурбини видео дар бораи тағйир ёфтани нарх сӯҳбат кунанд, вале дар сӯҳбати берун аз микрофон гуфтанд, ки худи онҳо акнун гази моеъро аз таъминкунандаҳо бо нархи гаронтар дастрас мекунанд.

Дар сӯҳбати моҳе пеш тоҷирони бархе нуқтаҳои сӯзишворӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки нархи аз қиматҳои маъмул арзонтари онҳо бар зарарашон нест ва бо фоидаи камтаре қаноат мекунанд.

Ноҳияи Ашти Тоҷикистон бо ноҳияи Попи Узбекистон ҳамсарҳад аст. Иддае тахмин мезананд, ки эҳтимол ин навъи сӯзишворӣ аз кишвари ҳамсоя оварда мешавад. Вале мақомот ин мавзӯъро шарҳ додан нахостанд.

Чаро дар ноҳияи Ашт фурӯши гази табиии арзон хотима ёфт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Ин вазъ дар зеҳни аксари харидорон суолҳоеро халқ карда буд, ки чаро дар як минтақаи дурдасти Тоҷикистон имкони арзонтар фурӯхтани гази моеъ ҳасту дар шаҳру ноҳияҳои наздик ба марказ наметавонанд нархро поинтар кунанд? Дар ҳоле ки, ба гуфтаи тоҷирон, манбаи интиқоли гази моеъ як сарчашма дорад.

Бештари нақлиёти сабукрав дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мекунанд ва болову пойин рафтани нархи ин навъи сӯзишворӣ ба ҷайби аксар мардуми миёнҳол дар кишвар таъсир дорад.

Нархи навъҳои дигари сӯзишворӣ, ба мисли бензину дизел дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамсон аст.

Тоҷикистон маҳсулоти нафтиро аз хориҷа ва, асосан аз Русияву Қазоқистон дар шакли маҳсулоти тайёр, яъне бензину солярка дарёфт мекунад. Аз чанд сол ба ин тараф мақомот мегӯянд, корхонаи коркарди нафт дар Данғара фаъол мешавад, вале ифтитоҳи он ба сабабҳои гуногун ба дарозо мекашад.

Ба иттилои расмӣ, ширкатҳои "Газпромнефт-Тоҷикистон", "Сеганҷ" ва Оҷонсии захираҳои моддӣ дар бозори нафти кишвар саҳми зиёд доранд. "Фароз", ширкати мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз воридкунандаҳои асосии ин бозор буд. Ширкат ду сол пеш дар номае ба Кумитаи андоз гуфт, ки ба далели тоб наовардан дар бозор барҳам мехӯрад, вале як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ширкат ҳанӯз фаъол аст.

XS
SM
MD
LG