Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фароз" иддао дорад, ки дигар нест. Ҳукумат ба ширкати набуда чӣ гуна замин дод?


Ба гузориши OCCRP, Барномаи таҳқиқоти коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккил, ҷамъияти саҳомии "Фароз" ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ дорад. Дар акс: Шамсулло Соҳибов ҳангоми гирифтани ордени “Шараф” (дараҷаи II). 28-уми августи 2019

Як намояндаи "Фароз" иддао дорад, ки ширкат расо як моҳ пеш, 11-уми март, расман барҳам хӯрдааст. Расо дар рӯзе, ки ҳукумати Тоҷикистон бо як қарор ба ин ширкат дар қаламрави шаҳри Душанбе барои сохтмони бозори масолеҳи сохтмонӣ 4,96 гектар замин ҷудо кард.

Исматулло Зияев, ки худро намояндаи "саҳмдорони собиқи ҶСП "Фароз" муаррифӣ кардааст, дар номае рӯзи 10-уми апрел ба Радиои Озодӣ навишт, "ширкат аз 11-уми марти соли 2020 ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳамхӯрда эътироф шудааст". Аммо дар нома нусхаи иқтибос аз Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ, ки дар ихтиёри Кумитаи андоз аст, замима нашудааст.

Кандукови Радиои Озодӣ нишон дод, ки то 10-уми апрел дар Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқии Кумитаи андози Тоҷикистон Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Фароз" ҳанӯз ба ҳайси ширкати “амалкунада” вуҷуд дорад.

Зияев гуфтааст, қисме аз амволи ширкат фурӯхта шуда ва қисми дигар ба саҳомон дода шуд ва "минбаъд тибқи тартиби ҷойдошта фурӯхта мешавад".

Ин номаи намояндаи “собиқ саҳмдорони ҶСП “Фароз” ба Радиои Озодӣ дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як қарор ба ҷамъияти саҳомии "Фароз", ки ба гузориши OCCRP – Барномаи таҳқиқоти коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккил ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ дорад, дар қаламрави шаҳри Душанбе 4,96 гектар замин дод.

Дар қарор гуфта шудааст, ширкат бозори масолеҳи сохтмонӣ месозад. Матни пурраи қарори ҳукумат рӯзи 7-уми апрел дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Мувофиқи қарори ҳукумат таҳти рақами 175 аз ҳисоби заминҳои хоҷагии кишоварзии "Деҳқон" дар Душанбе 4,96 гектар замини обӣ бо ҳаққи истифодаи доимӣ ба ҷамъияти "Фароз" дода шуд. "Фароз" вазифадор шудааст, ҳамчун ҷуброн ба суратҳисоби махсуси буҷаи кишвар 673 ҳазору 274 сомонӣ гузаронад.

Аммо Исматулло Зияев менависад, “ҷамъият ҳанӯз соли 2017 ба унвони раиси шаҳри Душанбе оид ба ҷудо намудани қитъаи замин муроҷиат карда буд ва аз рӯи он қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид”.

Маълум нест, чаро ҳукумат ба ширкате, ки дар ростои барҳамхӯрист наздик ба 5 гектар замин додааст. Зимнан, қарори 4,96 гектар ҷудо кардани замин ба ҶСП “Фароз” ва ҳам санаи ба иддаои Зияев барҳам хӯрдани ин ширкат дар як рӯз рост омадаанд: 11-уми март.

“Вожаи “Фароз” заҳрогин шуд”

Влад Лавров, хабарнигори тадқиқотгар ва собиқ муҳаррири OCCRP – Барномаи тадқиқоти коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккил дар умури Осиёи Миёна мегӯяд, барои моликонаш вожаи “Фароз” ба истилоҳ заҳрогин шуд.

“Калимаи “Фароз” барои моликон заҳрогин шуд. Бинобар ин, як навъ шакливазкунӣ ҷараён дорад, аммо ҳамон одамони пешина боқӣ хоҳанд монд”, -- иброз дошт ӯ.

Ишораи Лавров дар ҳолест, ки OCCRP – Барномаи тадқиқоти коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккил ва чанде аз расонаҳои дигар дар бораи “Фароз” матлабҳои тадқиқотӣ нашр карда, фош карданд ки “Фароз” молики беш аз 43 ширкати дигар аст ва якчанд соҳаи пурдаромадро дар Тоҷикистон зери инҳисори худ қарор даровардааст.

Дар мавриди ихтисоси 4,96 гектар замин дар пойтахти Тоҷикистон Влад Лавров гуфт: “Ин тасмими мақомот ғайримантиқӣ аст. Агар Зияев рост гуфта бошад ва дар ҳамон рӯзе, ки ширкат барҳам хӯрд, тасмими ҷудо кардани замин гирифта шуда бошад, маълум нест, кӣ зиёни расида ба соҳибони заминро ҷуброн мекунад? Дар қарор гуфта шудааст, ки зарари истифодабарандаи пешини замин пурра ҷуброн карда шавад. Дувум, агар ширкат барҳам хӯрдааст, пулеро ки барои буҷа бояд пардохт шавад ва дар ин фармон навишта шудааст, кӣ медиҳад? Вақте ширкат барҳам дода шудааст, ин қарори ҳукуматро кӣ иҷро мекунад?”

Лавров афзуд, “дар кадом шароит ҳукумат ин заминҳоро ба “Фароз” дод, торик мемонад: пас аз баргузор кардани озмун ва ё боз ҳам ба хотири ширкати додмоди раисҷумҳур будани он ҳукумат барояш шароитҳои хос фароҳам карда, ба истилоҳ зери чатр гирифтааст?”

Дар ҳоле ки намояндаҳои “Фароз” аз барҳам хӯрдани ширкат хабар медиҳанд, зерширкатҳои “Фароз” фаъоланд ва дар озумнҳои давлатӣ ширкат доранд. Аз ҷумла “Ганҷ-нашриёт” як ширкати табъу нашри марбут ба “Фароз” дар озмуни чопи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, ки қарор аст ба ҳар як хонводаи тоҷик тақдим шавад, ширкат меварзад. Ғолиби ин озмун қарор аст ба зудӣ маълум шавад.

“Фароз-айтӣ” – яке дигар зерширкатҳои “Фароз” ҳам фаъол аст. Аз иттилои Вазорати корҳои дохилӣ бармеояд, ки ҳудуди 75 дарсади пули хидматрасониҳои БДА ба суратҳисоби “Фароз – Айтӣ” меравад. Барои мисол, аз 180 сомонӣ пули аломати қайди давлатии воситаҳои нақлиёт 27 сомонӣ ҳаққи БДА, 153 сомонӣ ҳиссаи “Фароз Айтӣ” ва аз 230 сомонӣ нархи аломати қайди давлатии дипломатӣ- ҳамагӣ 34 сомонию 50 дирам ба суртаҳисоби БДА мегузарад.

"Фароз": Рӯйхати ширкатҳое, ки фаъоланд

"Фароз": Феҳрасти ширкатҳое, ки барҳам хӯрдааст

"Фароз" ширкати бисёрсоҳае аст, ки мувофиқи санадҳо ҳанӯз соли 2002 таъсис ёфтааст. Ширкат аз оғоз ба хариду фурӯши сӯзишворӣ машғул буд. "Фароз" дар тиҷоратҳое ба монанди ҷамъоварии шираи камол, саёҳати лижаронӣ ва варзишҳои зимистонӣ дар бозори Тоҷикистон яккатоз аст.

Ширкат ҳамчунон дар тавлиди дору аз заҳри мор, истеҳсоли равған, оҳану пӯлод, боркашонӣ, бонкдорӣ, суғуртаи мошинҳо, нашри китоб, чопи рақамҳои мошин, шаҳодатномаҳои ронандагӣ, мактабҳои ронандагӣ, ташхиси ҳолати техникии мошинҳо, насби таҷҳизоти газӣ дар мошин, хадамоти ҳаммому сауна (СПА Ҳаёт), ташхисгоҳҳои тиббӣ, фурӯшгоҳҳои хӯроку масолеҳи сохтмон дар бозор ҳузур дорад.

Ахиран "Фароз" ҳамчунон литсейеро дар Душанбе таъсис дод, ки бо усули таълими бритониёвӣ фаъолият мекунад ва қимати солонаи таҳсил дар он беш аз 3 ҳазор доллар аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (45)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG