Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бензин гарон шуд. Пешниҳоди як омӯзгори тоҷик барои дучархасаворӣ. ВИДЕО


Пешниҳоди як омӯзгори тоҷик барои дучархасаворӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00

Бензин гарон шуд. Пешниҳоди як омӯзгори тоҷик барои дучархасаворӣ

Як омӯзгори ҷавони тоҷик пешниҳод дорад, ки дар мактабу донишгоҳҳои кишвар барои толибилмон парк ё таваққуфгоҳи дучарха сохта шавад.

Дар шароите ки нархи сӯзишворӣ ва роҳкиро гарон мешавад, дӯстдорони дучарха дар Тоҷикистон мехоҳанд, мақомот шароит фароҳам орад, то дучарха чун як воситаи нақлиёт истифода шавад. Набудани роҳи махсус барои дучархаронӣ ва таваққуфгоҳҳо барои гузоштани велосипед ҳаракат бо дучархаро дар шаҳр мушкил кардааст.

Пешниҳоди Бахтиёр

Бахтиёр Мирзоев ду сол боз бо дучарха ба дарс ва кор меравад. Омӯзгори забони англисӣ аст. Мегӯяд, бо дучарха бехарҷ ва саривақт ба корҳояш мерасад. Дар як рӯз аз 20 то 40 километр ҳаракат мекунад. “Ман дар мусофирбар дигар нишаста наметавонам. Агар маҷбур нашавам. Бештари вақт бо дучарха меравам. Саломатиам хуб аст. Пешниҳоди ман ҳамин аст, ки ҷавонон ва занону духтарон ба дучархаронӣ ҷалб шаванд,”-–гуфт ӯ.

Бахтиёр Мирзоев ба мақомот пешниҳод дорад, ки барои ҳаракати дучархаҳо дар шаҳр шароит фароҳам кунанд ва дар назди донишгоҳҳо таваққуфгоҳҳои дучарха созанд. Ба сабаби набудани истгоҳ вай ду бор дучархаашро гум кардааст. “Хушбахтона, дар шаҳрамон дӯстдорони дучархаронӣ зиёд шудаанд. Ман дар роҳҳо онҳоро мебинам. Мутаассифона, баъзе масъалаҳо ҳоло ҳам роҳи ҳалро наёфтаанд. Яке аз онҳо парки дурчаха аст, ки дар Душанбе ангуштшуморанд. Дар ягон донишгоҳ, масалан, парки велосипед нест. Ман якуним сол ба донишгоҳ бо дучарха мерафтам. Ҳафтаи гузашта ба ман гуфтанд, ки бо мошин ва дучарха ба донишгоҳ омадан мумкин нест. Фикр мекунам, ин беҳтарин роҳ аст, барои донишҷӯёне, ки роҳашон ду-се километр аст. Онҳо метавонанд бо дучарха ба донишгоҳ раванд,"--афзуд ӯ.

Чаро бояд дучархасаворӣ кунем?

Мирзоев мегӯяд, дар замоне ки қимати роҳкирову харҷ зиёд мешавад, дучарха метавонад, беҳтарин дастёри арзону беминнат барои мардум шавад: “Яке аз сабабҳои дигар камбуд дар нақлиёт аст. Мутаассифона, ҳоло дар истгоҳҳои мо ҷадвали ҳаракати нақлиёт нест, барои ҳамин, роҳи беҳтар интихоби дучарха аст. Масалан, ман ба таври автоматӣ медонам, ки тавассути кадом роҳ дар кадом минтақа ман метавонам дар чанд дақиқа бирасам ва вақтамро ҷудо мекунаму дар ҳамон вақту соат мерасам. Яке аз сабабҳое, ки ба дучарха майли маро бештар кард ҳамин ҳаст.”

Дар гузашта ҳам пешниҳод барои ба кор омадан бо дучарха ва сохтани шароит барои дучархасаворӣ садо дода буд. Мақомот бо ташкили мусобиқаҳои оммавии велосипедронӣ ва эълони рӯзи дучархаронӣ солҳои ахир мехоҳанд, таваҷҷӯҳи сокинонро ба ин навъи варзиш ҷалб кунанд. Чанде пеш мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба дучархаронӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд. Беш аз 400 варзишгар аз 27 кишвар ба Душанбе омаданд. Ба шаҳре, ки дар он дучархасаворон аз набуди роҳҳои махсус барояшон мушкил мекашанд.

Улуғбек аз сарфи 800 литр бензин худдорӣ кард

Улуғбек Халилов, корманди бонки “Алиф", яке аз дӯстдорони дучарха аст. Ӯ дар сабқатҳои велосипедронӣ ҳам ширкат мекунад. Мегӯяд, ҳаракат дар роҳҳои мошингард бо дучарха хеле хатарнок аст. “Роҳи махсуси велосипедронӣ нест. Тибқи қоида дар роҳи пиёдагард бо дучарха ҳаракат кардан мумкин нест, аммо ронандаҳои мо фикр мекунанд, ки дучарха бояд бо ҳамин роҳ ҳаракат кунад. Бинобарин, дар роҳҳои калони мошингард, ба онҳо ҷой намедиҳанд ва ҳаракат бо дучарха хеле мушкил мешавад. Вақте роҳи махсуси дучархаронӣ нест, дучархарон бояд бо хати аввал ҳаракат кунад. Аммо бубинед, дар ин роҳ мошин истодааст. Дар ин ҳолат ман маҷбур мешавам ҷони худро дар хатар гузорам ва ба хатти дуввуми роҳ гузарам.”,--гуфт ӯ.

Худи Улуғбек ҳар рӯз бо дучарха ба кор меравад, аммо ба онҳое, ки велосипедронӣ касбӣ нестанд ин корро тавсия намедиҳад. Мегӯяд, хатари ба садама дучор шудан зиёд аст.

"Ман ҳисоб кардам, ки дар як моҳ тақрибан барои аз хона ба кор рафтан, дар масофаи масалан, 20 километр тақрибан ду литр бензин сарф мешавад. Ҳисоб кунед, дар як сол шумо 800 литр бензинро барои равуо ба кору хона сарф мекунед. Ин дар ҳоле, ки шумо метавонед бо ҳаракат тавассути дучарха дар ҳамин масофа маблағи зиёдеро сарфа кунеду ҳаворо тоза нигоҳ медоред.”-- меафзояд Улуғбек Халилов.

Бо вуҷуди мушкили роҳу набуди шароит дар бархе аз навоҳии дурдаст истифодаи велосипед чун як воситаи нақлиёт маъмул аст. Масалан, дар ноҳияи Дӯстӣ ба далели дурии роҳу камбуди нақлиёт омӯзгорони зан ҳам бо дучарха ба кор мераванд. Коре, ки Бахтиёр, ошиқи дучарха мехоҳад, дар Душанбе ва тамоми Тоҷикистон роиҷ шавад.

XS
SM
MD
LG