Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноҳияе дар Тоҷикистон, ки “пиру ҷавон” дучархасаворӣ мекунанд. ВИДЕО


Ноҳияе, ки пиру ҷавон идучарха меронанд

Дучарха дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон (Ҷиликули пешин) як василаи аз ҷо ба ҷое расонидани аксари сокинон аст.

Дар ин ноҳия, ба истилоҳ, “пиру ҷавон” дучарха меронанд ва он аз камтарин ноҳияи Тоҷикистон аст, ки аксари аҳолиаш дилбастаи дучархасаворӣ ҳастанд.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед:

Сокинони ноҳияи Дӯстӣ ба дучархасаворӣ муҳаббати хос доштаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Саноат Маҷидова, омӯзгоре дар ноҳияи Дӯстӣ мегӯяд, дучарха кору зиндагии ӯро осон кардааст ва ёд надорад, ки бори охир кай мошинсаворӣ кардааст. Саноат ва даҳҳо ҳамкору шогирдонаш аз роҳи дур то мактаб бо дучарха меоянд. “Ман 36 сол шуд, ки аз дучарха истифода мебарам, дар мошин намешинам, хонаи падарам дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ҳаст, бо дучарха ба онҷо меравам ва боз фарзандонамро гоҳо савор карда мебарам. Дучарха як чизи беминнат аст, ки сӯзишворӣ ва дигар хароҷоти зиёдатӣ надорад”,--гуфт ӯ.

Дар хиёбонҳои ин ноҳия аксари сокинони ноҳияро савори дучарха дидан мумкин аст.

Шамшод Чориева, як сокини ин ноҳия мегӯяд, агар дар дигар навоҳӣ дучархасавории занонро “айб” донанд, дар ноҳияи Дӯстӣ он ифтихор аст. “Инҷо натанҳо мардҳо, балки занону кӯдакон низ бо дучарха мегарданд. Ин ба саломатӣ фоида дорад. Модари 62- солаи ман вақте, ки ба ноҳия меравад, дучархаашро мегирад”,--гуфт Шамшод.

Омори дақиқи сокинони дучархасавор дар ин ноҳия ҳисоб нашудааст, вале Солеҳ Маҳмадбеков, корманди ҳафтаномаи ноҳия мегӯяд, бо эҳтимоли зиёд беш аз 30 дар сади сокинон дучархасаворанд. “Хусусияти хубе барои саломатӣ дорад, ҳар баҳор марафони дучархасаворҳо баргузор мешавад“,--гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон борҳо даъват барои дучархасаворӣ садо додааст, вале дар дигар навоҳӣ ва пойтахт ин садо зиёд шунида нашуд. Сокинон низ гила мекунанд, ки роҳҳои пойтахт хоси дучархасаворӣ нест.

Рӯзи 3-уми июнро Созмони Милали Муттаҳид рӯзи дучархасаворӣ эълон кардааст. Рӯзе, ки барои сокинони ноҳияи Дӯстӣ хос нест, чун дучархасаворӣ ба шуғли доимиашон табдил ёфтааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG