Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҳрони иқтисодӣ дар Русия ва таҳдиди он ба амнияти озуқавории Тоҷикистон


Мушкилиҳои молӣ-иқтисодии Русия дар пайи таҳримҳои Ғарб нисбат ба Маскав, амнияти озуқавории Тоҷикистонро таҳдид мекунад.

Мардуми Тоҷикистон Наврӯзро дар шароити буҳрони пешомадаи молӣ-иқтисодӣ ҷашн гирифтанд. Таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Маскав-шарики аслии тиҷорӣ-иқтисодии Душанбе, боиси афзоиши қимати маводи сӯхт, таварруми рубли русӣ ва сомонӣ ва дар пайи он боло рафтани қимати маҳсулоти хӯрока ва молу колои мавриди ниёзи мардум гардид.

Дар натиҷа амнияти озуқавории Тоҷикистон, ки яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумат аст, зери хатар қарор гирифт. Тибқи омори расмӣ, қимати маҳсулоти хурока як дарсад боло рафт, аммо қимати воқеии он дар бозор каме баландтар аст.

Барои мисол, як халта орд, ки дар аввали моҳи март 270 сомонӣ нарх дошт, ба 325 сомонӣ расид. Боло рафтани қимати маҳсулот дар пайи манъи содироти чандин навъи молу коло аз ҷумла, гандум ва шакар рух дод ва мақомоти Тоҷикистонро маҷбур ба тасмимгирии сареъ кард.

Тавсияҳои раиси ҷумҳур

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни пайёми шодбошии наврӯзии худ мардумро барои сабр дар "душвортарин солҳои таърих"-и инсоният даъват кард. Раиси ҷумҳур мардумро ба "истифодаи ҳар як ваҷаб замин ва аз заминҳои обӣ рӯёнидани се – чор ҳосил", фаро хонд. Ӯ инчунин зикр кард, ки ин "яке аз роҳҳои асосии бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ҳарчи беҳтар таъмин намудани аҳолӣ ва пешгирӣ кардани болоравии нархи маводи ғизоӣ мебошад".

Дар пайи пайёми раиси ҷумҳур ҳукумати Тоҷикистон, Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллиро ташкил кард.

Нақшаи ҳукумат

Пойгоҳи хабарии "Азия-плюс" бо такя ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо навиштааст, ки ин ситод барои ҷилавгирӣӣ аз болоравии беасоси нарх, дастгирии қишри осебпазири аҳолӣ, муҳоҷирони корӣ ва соҳибкорон ва инчунин амалӣ кардани уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, нақшаеро рӯи даст гирифтааст.

Дар ин нақша дар мавриди ҷилавгирии хатарҳои эҳтимолии низоми бонкӣ, коҳиши фишор бар қимати арз ва пешниҳоди қарз бо фоизи паст барои соҳибкорони истеҳсолӣ гуфта шудааст. Аммо, дар мактубе, ки ба расонаҳо фиристода шудааст, дар мавриди қадамҳои мушаххас чизе гуфта нашудааст.

Бо ин ҳол, мақомот таъкид мекунад, ки давлат дар амри таъмини воридкунандагони маҳсулоти ғизоӣ ва дору бо асъори хориҷӣ, захираи кофӣ дорад. Ваъдае, ки на ҳама ба он бовар доранд.

Шаку тардиди коршиносон

Ҳанӯз мушаххас нест, ки воридоти маҳсулоти ғизоӣ аз Русия ва кишварҳои дигар ба далели мушкили хариди доллар дар Тоҷикистон чӣ қадар фоидаовар хоҳад буд. "Агар маҳсулоти воридшударо дар бозор фурӯхтед, барои идомаи тиҷорат боз ба арзи хориҷӣ ниёз доред. Камбуди арз дар ҳамаи кишварҳое, ки иқтисодашон ба наҳве вобастаи Русия аст, эҳсос мешавад. Ин раванд ба маънои болоравии нарх ва коҳиши сабади ғизоии мардум аст",-мегӯяд коршиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов.

Ба таъкиди ӯ, Тоҷикистон бояд самти воридоти маводи ғизоии худро тағйир диҳад.

Гардиши тиҷории Тоҷикистону Русия дар соли 2021 ба 1,2 миллиард доллар мерасад. Аз Русия ба Тоҷикистон маводи сӯхт, маҳсулоти маъданӣ ва ғизоӣ, кишоварзӣ ва ғайра ворид мешавад.

Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ охири моҳи феврал барои ворид кардани 100 ҳазор тонна гандум, 40 ҳазор тонна шакар, 20 ҳазор тонна орд, 5 ҳазор тонна равғани растанӣ, 5 ҳазор тонна гӯшт, 30 ҳазор тонна солярка, 20 ҳазор тонна бензин, 20 ҳазор тонна карбамид, 5 ҳазор тонна селитр ва маҳсулоти дигар аз ҳаққи нападохтани боҷи гумрукӣ, андоз ва аксизҳо бархурдор шуд.

Аммо, ба гуфтаи Нур Сафаров, коршиноси масоили иқтисодӣ, ин иқдом таъсири чашмрасе бар бозори дохилӣ надорад. "Оҷонсӣ хеле аз маҳсулотро миёни идораҳои давлатӣ ба унвони кӯмаки иловагӣ тақсим мекунад. Онҳо инчунин дар бозорҳо нуқтаҳои фурӯш доранд, аммо ҳаҷми маҳсулоташон зиёд нест ва он асосан дар байни системаи давлатӣ тавзеъ мешавад", - мегӯяд Сафаров.

Тоҷикисон ҳар моҳ ба 600 ҳазор тонна гандум ва 200 ҳазор тонна орд ниёз дорад. Бахши аъзами ин маҳсулот аз Қазоқистон вориди Тоҷикистон мешавад.

Ноамнии ғизоӣ

Тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, амнияти ғизоии кишваре таъминшуда маҳсуб мешавад, ки он дорои захираи кофии ғизо аст, ки он ҳам дар дохил тавлид ва ҳам аз хориҷ ворид мешавад. Дар ҳамин ҳол, воридоти маҳсулоти ғизоӣ набояд бештар аз 20 дарсадро ташкил диҳад. Аз 60 то 80 дарсади маводи ғизоӣ бояд дар дохили кишвар тавлид шавад ва дар сурати қатъ шудани воридот, давлатро лозим меояд то аз захираҳояш истифода кунад.

Иқтисоддон Назаралӣ Назаралиев мегӯяд, Тоҷикистон дар даврони пасошӯравӣ дар амри ворид кардани ислоҳот дар арсаи кишоварзӣ ва рушди саноат ноком монд, ки он мустақиман ба амнияти ғизоии кишвар таъсири мустақим дорад.

"Деҳқонон то ҳол дар бозор вазъияти осебпазир доранд ва наметавонанд бо инҳисоргарони наздик ба ҳукумат, ки ба кишвар маҳсулоти ғизоӣ ворид мекунанд, рақобат кунанд. Онҳо барои рушд ҳеч ангеза надоранд. Ба далели кам будани воридот, мо маҷбурем пули фиристодаи муҳоҷиронро барои хариди ғизо масраф кунем", - мегӯяд коршинос.

Ҳукумати Тоҷикистонро борҳо барои эҷоди шароити суннӣ бо ҳадафи пешрафти ширкатҳои муайяни наздик ба доираҳои раиси ҷумҳур интиқод кардаанд. Табиатан мақомот чунин интиқодҳоро шарҳ намедиҳанд.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки инҳисоргароӣ дар арсаҳои гуногуни иқтисод боиси он мешавад, ки яккатозон нархро дар бозор таъйин мекунанд ва он ба баланд рафтани пайвастаи нархи хизматрасонӣ ва маҳсулот мусоидат мекунад.

Барои мисол, ширкати "Тоҷеро" яке аз инҳисоргарони бозори маводи ғизоӣ мебошад, ки 60 дарсади онро ба Тоҷикистон ворид мекунад. Қаблан расонаҳои байналмилалӣ ин соҳибони ин ширкатро хешовандони наздики Эмомалӣ Раҳмон донистанд.

Тибқи омори расмӣ, соли гузашта баробар ба 40 дарсади даромад аз содирот барои хариди маводи ғизоӣ масраф шудааст.

Ҳаҷми умумии хоҷагии қишлоқ дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бештар аз 17 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ҳоле, ки 70 дарсади аҳолӣ машғули кишоварзӣ мебошанд. Ин соҳа амалан онҳоеро, ки дар он кор мекунанд, аз маводи ғизоӣ таъмин кунад.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG