Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

NYT: "Русия гандуми аз Украина дуздидаашро ба дигарон мефурӯшад"


Рӯзномаи The New York Times (NYT) кӯшишҳои Русияро барои фурӯхтани "ғаллаи ғоратшуда"-и Украина ба кишварҳои африқоӣ фош кард. Нашрия рӯзи 5-уми июн навишт, Амрико дар ин бора ба чандин кишвар ҳушдор додааст.

Муаллифон мегӯянд, Русия марказҳои тавлиди ғалладонаро дар Украина бомбаборон карда, миқдори зиёди гандумро ба яғмо бурд ва ҳоло ба кишварҳои дигар содирот мекунад. Украина аз даҳ як ҳиссаи ғалладонаи ҷаҳонро таъмин мекунад.

The New York Times менависад, Амрико ҳушдор додааст, ки Русия талош дорад, аз фурӯши гандуми ғоратшудаи Украина ба кишварҳои дучори хушксолӣ дар Африқо фоида барад.

Бар асоси ин гузориш, Амрико дар миёнаҳои моҳи май ба 14 кишвари асосан африқоӣ номаи ҳушдоромезе фиристод, бо ин мазмун, ки киштиҳои русии ҳомили "ғаллаи дуздидашудаи Украина", бандарҳои наздик ба ин кишварро тарк мекунанд. Дар нома се киштии борбари русиро ном гирифтаанд, ки ба интиқоли "ғаллаи дуздидашуда" гумонбаранд.

Гузориши The New York Times мегӯяд, аммо ин ҳушдори Амрико вазъиятро барои кишварҳои африқоӣ мушкил кардааст. Онҳо эҳсос мекунанд, дар таниш миёни Шарқ ва Ғарб банд мондаанд ва бояд даст ба як интихоби душвор бизананд.

Бар пояи гузориш, ҳушдори Амрико гуфтаҳои мақомоти украиниро тасдиқ мекунад. Украина мегӯяд, Русия аз оғози ҳамлаи низомӣ ба ин кишвар дар моҳи феврали имсол то кунун 500 ҳазор тонна гандуми Украинаро, ки 100 миллион доллар арзиш дорад, "дуздидааст".

Ба гуфтаи мақомоти Украина, русҳо бештари ин "гандуми дуздидашуда"-ро ба бандарҳои нимҷазираи Қрим интиқол доданд. Ин бандарҳо зери назорати Русия мебошанд ва аз онҷо ба киштиҳое бор кардаанд, ки баъзе аз онҳо аз сӯи Амрико таҳрим шудаанд.

The New York Times ёдоварӣ мекунад, ки раисиҷумҳури Сенегал ва ҳамзамон раиси Иттиҳодияи Африқо рӯзи ҷумъа бо Владимир Путин, президенти Русия, мулоқот кард ва ҳадаф аз ин дидор низ таъмини ғалладона аз Русия буд. Раисиҷумҳури Сенегал дар ин сафар Путинро "дӯсти азиз" номид. Ин сафар танқидҳоеро дар пай дошт.

Русия ва Украина дар ҳолати маъмулӣ ҳудуди 40 дарсади гандуми мавриди ниёзи Африқоро таъмин мекунанд. Соли гузашта нархи ғалладонаҳо дар Африқо то 23 дарсад боло рафт. Бар асоси омори СММ, хушксолӣ дар Африқо 17 миллион нафарро ба қаҳтӣ рӯбарӯ кардааст, ки аксари онҳо дар Сомалӣ, Кения ва Эфиопия ҳастанд.

Мақомоти украинӣ мегӯянд, роҳи ҳалли мушкили ғизои Русия, фишори ҷаҳонӣ ба Русия барои поён бахшидан ба ҷанг аст. Тарас Висотский, муовини вазири кишоварзии Украина, мегӯяд, "ҷавоб оддӣ аст. Ҷангро бас кунед".

Тарас Висотский ва мақомоти дигари украинӣ Русияро муттаҳам мекунанд, ки чанд моҳ боз ғаллаи ин кишварро аз минтақаҳои ишғолшуда "ғорат мекунад" ва дар минтақаҳое чун Донетск, Луҳанск ва Херсон "дигар чизе барои дуздӣ" намондааст.

The New York Times менависад, мақомоти Амрико таъйид кардаанд, ки Вашингтон ин номаи ҳушдоромезро рӯзи 16-уми май ба 14 кишвар фиристода буд, ки бештари онҳо дар шимоли Африқо ҳастанд. Чаҳор кишвари ғайриафриқоӣ ҳам, ки ин номаро дарёфт кардаанд, Покистон, Бангладеш, Шриланка ва Туркия ҳастанд.

Шарҳҳоро бинед (18)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG