Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон баъди нон дигар маҳсулоти ғизоӣ низ гарон шуд


Таҷрибаи хариди гандум аз деҳқонон бо нархи бозор боиси гаронии на танҳо орду "хлеб", балки дигар маҳсулот гардид.

Аз 1-уми июн қимати "хлеб" дар мағозаҳои шаҳри Тошканди Узбекистон аз 1600 сӯм ба 2800 сӯм расид. Ба ин тартиб, "хлеб" якбора 80 дарсад гарон шуд. Ба дунболи он дигар навъи маҳсулоте, ки аз орд омода мешавад, 30-40 дарсад гарон шуд.

Ҳамакнун кишоварзон дар Узбекистон як кило гандумро 3 ҳазор сӯм (муодили 0,27 доллар) мефурӯшанд. Дар ҳоле, ки соли гузашта гандум дар Узбекистон 1850 сӯм хариду фурӯш мешуд.

​Ба далели ҷанги Русия зидди Украина дар ҳоли ҳозир бозори ҷаҳониро камбуди гандум таҳдид мекунад. Дар пайи камбуди гандум эҳтимол дорад, қимати маҳсулоти ғизоӣ ва ниёзи аввал боло равад.

XS
SM
MD
LG