Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон додугирифтро бо рублу юан бештар, вале бо доллар камтар мекунад


Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, воридоти маҳсулоти ниёзи аввал ва баъзе аз ашёи хомро аз хориҷа бо рубли Русия ва юани Чин ба роҳ монда, дар додугирифти байнулмилалӣ то ҳадди мумкин истифодаи долларро камтар кунад. Ин иқдом дар пасманзари ҳамлаи Русия ба Украина ва болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон гирифта шудааст.

Дар барномаи зидди буҳроне, ки аз таҷовузи Русия ба Украина пеш омадааст ва "Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ" ном дорад, ҳукумат ба вазорату идораҳояш ба чунин мазмун дастур додааст.

Дар ин банди дастур гуфта мешавад, шартномаи ширкатҳои "воридкунандагони молу маҳсулоти ниёзи мардум, аз ҷумла гандум, маҳсулоти сӯзишворӣ, равғани растанӣ, чӯбу тахта, металҳои сиёҳ (арматура) ва ашёи хом барои истеҳсоли молҳои ватанӣ" "аз доллари амрикоӣ ба рубли русӣ ё юан" иваз карда шавад.

Тоҷикистон ин молу маҳсулотро бештар аз Русия меорад. Чин ҳам аз шарикони бузурги тиҷорияш ба шумор меравад.

Дар ростои кам кардани истифодаи доллар, Тоҷикистон ҳамчунон азм дорад, қарордодро бо Русия дар мавриди хариди барқ аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” бозбинӣ кунад. Ин нерӯгоҳро Русия сохтааст ва Тоҷикистон барқашро бо доллар мехарад.

Ҳамакнун ҳукумат ба Вазорати энергетика ва ширкати “Барқи тоҷик” дастур додааст, ки барои бозбинии муқаррароти шартнома ҷиҳати бо рублӣ русӣ харидани барқ аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” талош варзанд. Ин дар ҳолест, ки қарзи ширкати “Барқи тоҷик” дар назди ин нерӯгоҳ рӯз аз рӯз меафзояд ва ҳоло ба 2 миллиарду 370 миллион сомонӣ (ҳудуди 235 миллион доллар) расидааст.

Коршиносон додуситадро бо доллар яке аз сабабҳои ин омил медонанд, чун қурби доллар то кунун нисбати сомонӣ пайваста боло мерафт, аммо чун “Барқи тоҷик” бахши аъзами нерӯи барқро бо сомонӣ мефурӯшад, дар пардохти пули барқ ба нерӯгоҳ зиён мебинад.

Дар ҳамин замина, Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷӣ низ дастур додааст, ки барои харидани ғалла аз Русия бо рубли русӣ ва бе пардохти боҷ бо мақомоти ин кишвар вориди гуфтугӯ шавад.

Русия замини зиёде дорад ва аз тавлидкунандагони бузурги ғалла, аз ҷумла гандум, ба шумор меояд. Ба гузориши расонаҳои ғарбӣ, Русия ҳамчунон бахше аз гандуми Украинаро тасарруф карда, моли “дуздида”-ашро ба кишварҳои севум мефурӯшад.

Тоҷикистон гандумро асосан аз Қазоқистон меорад, аммо дар пайи буҳрон нархи ғалла дар бозорҳои ҷаҳонӣ боло рафт ва Қазоқистон ҳам содироти онро ба хориҷ маҳдуд кард.

XS
SM
MD
LG