Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба Русия: Додугирифт бо рубл шавад, на доллар. САДО


Мақомоти тоҷик пешниҳод кардаанд, ки додугирифт бо Русия танҳо бо рубли русӣ анҷом дода шавад.

  • Дар нимсолаи аввал ду кишвар ба маблағи тақрибан ним миллиард доллар додугирифт кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон бо камбуди шадиди доллари амрикоӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.
Тоҷирон набояд солҳои 1998 ва 2009-ро фаромӯш кунанд. Он вақт беқурбшавии рубли русӣ дар як шабонарӯз ба ҷайби миллионҳо нафар зарба зада буд.

Салим Абдуллоев, тоҷири тоҷик, тӯли 15 соли охир аз Русия маҳсулоти қаннодӣ ворид карда, аз Тоҷикистон ба минтақаи Сибир меваи хушк содирот мекард. Тиҷораташ дар ин солҳо бо истифода аз доллари амрикоӣ сурат мегирифт ва табдили арз барояш мушкил набуд.

Аммо камбуди доллар ва тағйирёбии қурби он ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон барояш дарди сар эҷод кардааст ва то ҷое боис ба хисороти молӣ шудааст.

Ӯ гуфт, "мисол, аз Русия шоколадро бо нархи 5-долларӣ харида, бо дарназардошти харҷи роҳкиро, тақрибан 10-долларӣ мефурӯшам. То замони фурӯхтани мол қурби доллар боло меравад ва ман зиён мебинам."

Суду зиёни додугирифт бо рубли русӣ

Неъматулло Ҳикматуллозода
Неъматулло Ҳикматуллозода

Дар ҳоле ки бо чунин мушкилот садҳо тоҷири тоҷику рус рӯ ба рӯ ҳастанд, Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар мусоҳиба бо хабаргузории “РИА Новости” гуфтааст, кишвар пешниҳод дорад, додугирифт бо Русия бо рубли русӣ роҳандозӣ шавад.

Ба гуфтаи вазир, дар нимсолаи аввали имсол ду кишвар ба маблағи 470 миллион доллар додугирифт кардаанд. Аз ин ҳисоб Тоҷикистон танҳо ба маблағи 21 миллион доллар маҳсулоти худро содирот кардааст. Ба Тоҷикистон аз Русия асосан маводи сӯхт, гандум ва таҷҳизот ворид мешавад.

Пешниҳоди Тоҷикистон: додугирифт бо рубли русӣ шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00
Линки мустақим

Шамсиддин Ҷалолов, ходими пешбари Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Тоҷикистон, рӯзи 16-уми август дар шарҳи ин хабар гуфт, сарфи назар аз доллари амрикоӣ дар тиҷорат бо Русия вобастагии ин ду кишварро ба арзи амрикоӣ коҳиш медиҳад. Вале ба бовари ин иқтисоддони тоҷик, муомила танҳо бо рубли русӣ низ барои тоҷирон хатарҳоеро дар пай дорад.

"Иқтисоди Русия осебпазир аст"

Шамсиддин Ҷалолов
Шамсиддин Ҷалолов

"Тоҷирон набояд солҳои 1998 ва 2009-ро фаромӯш кунанд. Он вақт беқурбшавии рубли русӣ дар як шабонарӯз ба ҷайби миллионҳо нафар зарба зада буд. Дуруст аст, ки Тоҷикистон як миқдор захираи рубли русиро дар ихтиёр дорад, аммо иқтисоди Русия осебпазир аст ва ин амр тоҷиронро бо хатарҳо рӯ ба рӯ мекунад", - афзуд ӯ.

Ба қавли Шамсиддин Ҷалолов, ҳамасола муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан то ду миллиард долларро тавассути низомҳои пардохтӣ мефиристанд. Агар то се соли пеш онҳо ба Тоҷикистон асосан доллар мефиристоданд, дар пайи таҳримҳои ғарбӣ соли гузашта 1,9 миллиард долларро танҳо бо рубли русӣ фиристоданд. Ин маблағ низ метавонад барои додугирифти ду кишвар бо рубли русӣ мусоидат кунад.

"Тоҷикистон бояд мизони содироташро афзоиш диҳад"

Аммо Нуриддин Қаюмов, мудири шӯъбаи иқтисоди воқеии Пажӯҳишгоҳи масоили иқтисодӣ ва демографии Академияи илмҳои Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки дар сурати тавсеа наёфтани саноати кишвар робитаҳои иқтисодии хориҷӣ дар оянда низ ба суди Тоҷикистон нахоҳад шуд.

Ӯ гуфт, “ҳамасола Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ба маблағи тақрибан 3 миллиард доллар доду гирифт мекунад. Ба маблағи як миллиард доллар содирот ва 2 миллиард воридот. Агар ин раванд идома ёбад, Тоҷикистон ногузир қарзҳояшро афзоиш медиҳад ё дар ниҳоят варшикаста мешавад. Хубтар аст, агар Тоҷикистон мизони содироташро афзоиш бидиҳад ва дастнигари ҳеҷ арзи хориҷие набошад."

Русия яке аз муҳимтарин шарикони иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад ва саҳми Русия дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта 23,6 дарсадро ташкил додааст. Аммо феълан шарики дигари аслии иқтисодии Тоқикистон Чин дониста мешавад, ки мизони табодули маҳсулот миёни ин ду кишвар беш аз як миллиард доллар арзёбӣ шудааст.

Тоҷикистону Чин - Додугирифт бо юан

Ахиран Тоҷикистон ва Чин низ тасмим гирифтанд. бахши аслии додугирифт миёни ду кишварро ба пули милли Чин – юан роҳандозӣ кунанд. Ба ин манзур Чин ба бонкҳои Тоҷикистон тақрибан ним миллиард юанро ба унвони қарзи боимтиёз ихтисос додааст, ки соҳибкорони тоҷик аз он метавонанд истифода кунанд.

XS
SM
MD
LG