Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Левада" дӯстии Тоҷикистону Русияро санҷид. САДО


Як назарсанҷии саросарӣ дар Русия нишон додааст, ки фақат 7 дар сади аҳолӣ Тоҷикистонро дӯсту рафиқи кишварашон мешуморанд.

Бо вуҷуди онки ҳукуматҳои Русияву Тоҷикистон ҳамдигарро шарикони стротегӣ эълон кардаанд, аммо дар назарсанҷии “Дӯст ва душманони Русия”, Тоҷикистон дар миёни дӯстони Русия поёнтар аз чанд кишвари дигари Осиёи Марказӣ дар мақоми 12 -ум қарор дорад.

Ҷомеашиносони рус мегӯянд, дар ин тафовути амиқи назари мардум ва ҳукуматҳо матбуоти Русия нақш дорад. Лев Гудков, раҳбари маркази мустақили назарсанҷии “Левада”, ки 30 сол боз назарсанҷии “Дӯст ва душманони Русия”- ро анҷом медиҳад, рақамҳои хушки назарсанҷиро ба Радиои Озодӣ шарҳ дод.

Мардуми калонсол Тоҷикистон дӯст мешуморанд

“Дар умум 7 дар сади мардуми Русия гуфтаанд, ки Тоҷикистон кишвари дӯсти Русия аст. Сабаби рақами поин ин аст, ки дар матбуоти Русия номи Тоҷикистон зиёд пайдо намешавад ва мардуми зиёде ҳам ба иттилло дар бораи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ намекунанд“ – мегӯяд, Лев Гудков.

Назари мусбат асосан дар байни насли калонсоли Русия вуҷуд доштааст, ҷавонон ва дигар қисмати аҳолӣ Тоҷикистон - мизбони бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷро чандон дӯсти содиқ ҳисоб намекардаанд.

Лев Гудков, мудири маркази назарсанҷии "Левада"
Лев Гудков, мудири маркази назарсанҷии "Левада"

“Асосан афроди куҳансол ва онҳое, Тоҷикистонро ҳампаймон ва дӯсти Русия мешуморанд, ки дар манотиқе зиндагӣ мекунанд, ки дар онҷо тасаввур дар бораи зиндагии шӯравӣ ва ё СССР зиёд боқӣ мондааст” – мегӯяд, ҷомеашиноси рус.

Айни замон ба гуфтаи Лев Гудков, дар Русия назари манфӣ нисбат ба Тоҷикистон кам аст ва мардум онро мисли Амрико ва ё Украинаи ҳамсоя “душмани Русия” намешуморанд. Ҳоло 78 дар сади аҳолӣ Амрико ва тақрибан 50 дар сади мардум Украинаро аз “душманони” ашаддии Русия медонистаанд. Бритониё дар миёни “душманон”- и Русия дар мақоми саввум аст.

Дӯстии Тоҷикистону Русия куҷо шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00
Линки мустақим

Тоҷикистон душман ба ҳисоб намеравад

“Дар ҷомеа Тоҷикистонро кишвари душман намешуморанд ва назари манфӣ ба он бисёр кам аст, ҳатто камтар аз 1 дар сад. Дар Русия назари мусбат ба Тоҷикистон зиёдтар аст. Як дар сад аз назари оморӣ бисёр кам аст ва беарзиш ҳисоб мешавад”- мегӯяд Лев Гудков.

Дар Тоҷикистон баҳонаҳои хабарӣ барои инъикос дар матбуоти Русия кам аст. Ҷанг нест, ҳукуматаш худкома ва сахтгир аст, барои ҳамин кам мегӯянду менависанд.

Ба ақидаи Лев Гудков, тасвири манфии муҳоҷирони тоҷик дар матбуоти Русия таъсире ба афкори умум дар бораи дӯстӣ бо Тоҷикистон надорад, чун ба гуфтаи ӯ ҳоло дар афкори ҷомеа муҳоҷирони корӣ дигар ба миллатҳо ҷудо намешаванд.

“Дар ҷомеаи Русия бегонаситезӣ бисёр зиёд аст, вале муҳоҷирони тоҷикро ҷудо намекунанд. Мо инро мушоҳида накардем ва муносибат ба муҳоҷирон ва ё гастарбайтерҳо аз Тоҷикистону Узбекистону Қирғизистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ як навъ аст” – гуфт, Лев Гудков.

Ба қавли Лев Гудков, азбаски матбуоти Русия дар бораи масоили худи Тоҷикистон кам менависанд, афкори умум ҳам вобаста ба он шакл мегирад.

“Дар Тоҷикистон баҳонаҳои хабарӣ барои инъикос дар матбуоти Русия кам аст. Ҷанг нест, ҳукуматаш худкома ва сахтгир аст, барои ҳамин кам мегӯянду менависанд” – гуфт, ҷомеашиноси рус.

Назарсанҷии маркази “Левада” нишон додааст, ки дар назари мардуми Русия, Сурия аз дӯстони наздиктарини кишварашон аст. Узбекистону Қазоқистон ва Қирғизистону Озарбойҷон ва Арманистон ҳам ба ақидаи онҳо дар муқоиса бо Тоҷикистон “дӯсти беҳтар” будаанд.

Назарсанҷиро маркази "Левада" моҳи майи имсол дар байни 1600 нафари аз 18-сола боло ва 136 маҳалла анҷом додааст ва ба гуфтаи муаллифон онҳо хона ба хона гашта назари мардумро пурсидаанд.

Дар як назарсанҷии саросарии дигари соли 2017, ки Маркази таҳқиқи афкори умум дар Русия анҷом дода буд, фақат 3 дар сади мардум гуфтаанд, ки Тоҷикистонро аз “шарикони содиқи” Русия мешуморанд.

Айни замон дар Тоҷикистон назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки мардум Русияро аз "дӯстони бовафо"-и кишвар мешуморанд ва мехоҳанд, он ба Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Авруосиё, як созмони ба раҳбарии Русия шомил шавад.

Дӯстоне, ки зуд-зуд қаҳрӣ мекунанд

Русияву Тоҷикистон агарчӣ ҳамдигарро шарики стротегӣ меноманд, вале ихтилофот байни онҳо гоҳо бармало мешавад. Аз ҷумла аввали имсол ду тараф сари парвози ҳавопаймоҳо ба қаламрави ҳамдигар даъвову кашмакаш карданд. Қатъи парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкатҳои русӣ ба Тоҷикистон ва баръакс сабаби саргардонии ҳазорон муҳоҷири корӣ шуд, ки натавонистанд, ба ҷойи лозимӣ саривақт бирасанд.

Дигар мушкили ҷиддӣ дар равобити байни ду тараф ҳуқуқи садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик дар Русия аст, ки пайваста нақз мешавад. Дар Русия бештар аз як миллион муҳоҷири тоҷик кору иқомат мекунанд ва зимни ҳар ихтилофот байни ду тараф онҳо ба василаи фишори сиёсӣ ба Тоҷикистон табдил меёбанд. Ҳаргоҳ ихтилофе сар зад, садҳо нафар аз муҳоҷирони тоҷикро дар Русия дастгир мекунанд ва села-села ба кишвар бозпас мефиристанд.

Шарҳҳоро бинед (17)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG