Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доллар захира мекунед, ё сомонӣ. ВИДЕО


Дар як моҳи ахир қурби сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон дар баробари қурби рубли русӣ ва доллари амрикоӣ зуд-зуд тағйир меёбад. Коҳиши арзиши пули миллӣ, сабаби афзоиши нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳои кишвар ва мояи нигаронии мардум ва бахусус муҳоҷирони корӣ шудааст.

Муҳоҷирон аз Русия ба хонаводаҳои худ рубли русӣ мефиристанд ва дар бонкҳо онро ба сомонӣ иваз карда медиҳанд. Аксари соҳибкорони тоҷик, ки аз хориҷ молу маҳсулот ворид мекунанд бо шарикон худ бо доллари амрикоӣ доду гирифт мекунанд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ, рӯзи 31-уми март дар кӯчаҳои Душанбе аз роҳгузарон пурсиданд, ки ин дигаргуниҳо дар бозори асъор ба зиндагияшон чӣ таъсир мегузорад ё дар шароити феълӣ бо кадом асъор мехоҳанд пасандоз кунанд?

Чун посухҳо гирифтанд:

Доллари амрикоӣ гарон бошад хуб аст ё рубли русӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:32 0:00

"Барои шаҳрванди ҷумҳурии худамон қурби пули миллӣ агар устувор монад, беҳтар аст, чунки оддитарин чизро дар мағозаҳо мепурсӣ, ки чаро гарон шуд, мегӯянд, барои онки доллар баланд шуд. Беҳтар аст қурби пули миллӣ дар баробари доллар устувор шавад. Ин аз ману Шумо вобастагӣ надорад, коркунони бонкҳои давлатӣ бояд зери назорат гиранд."

"Муҳоҷирони мо бисёраш дар Русия ҳастанд, арзиши рубл боло равад боз беҳтар мешавад. Лекин ҳамин болову паст шудани доллар бисёртар ба қурби сомонӣ таъсир расонида истодааст, ки нархи орду шакар боло рафт аз ин ҳисоб."

"Қурби сомонӣ боло равад хуб аст, мо ба дигараш сару кор надорем, лекин мебинем, ки болоравии қурби доллар бисёртар таъсир мерасонад, ба нархҳо таъсир расонида истодааст. Ман бо сомонӣ пасандоз мекунам, онҳое, ки бо доллар сару кор доранд, барои онҳо мумкин захира бо доллар зарур бошад."

"Ба иқтисодиёти кишвари мо бисёртар қурби рубл таъсир мерасонад. Ба худи мо ҳам. Ҳар вақте қурби он поин рафт, вазъи зиндагии сокинон бадтар мешавад."

"Муҳоҷирони кории мо фақат рубл равон мекунанд, паст, ки шуд барои онҳо мушкил мешавад, пул ба зиндагияшон намерасад. Лекин худи ман бо доллар бисёртар захира мекунам, зеро бештар вақт қурбаш боло мераваду аз пасандоз кардан зарар намебинем."

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG