Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳс сари қимати орд. Гаронӣ ба айби кист? ВИДЕО


Имрӯз дар бораи қимати орд суҳбат мекунем, ки ҳоло дар ҳамаҷо чӣ бозору автобусу таксиву кӯчаву пушти дари хонаҳо мардум аз он шикоят доранд. Баъди боло рафтани арзиши доллар, қимати орд дар бозорҳои Тоҷикистон, ногаҳон боло рафт ва 50 килограми он аз 280 то ба 325 сомонӣ ва аз он ҳам болотар расид. Пеш аз ҳама садои мардуми камбизоат баланд шуд.

Гузориши Радиои Озодӣ дар бораи гаронии нон дар Тоҷикистон, ғизои аслии тоҷикон бештар аз 1000 шарҳу назарро дар вебсайти Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар Фейсбук ва Инстаграм ҷамъ овард ва чанде аз онҳоро ҳамроҳ мехонем. Аз шарҳи корбаре бо номи Неважно Ктоя оғоз мекунем, ки дар саҳифаи мо дар Фейсбук гузоштааст: “Зиндагӣ дар Тоҷикистон душвор шуд. Ҳеч кас фикри халқро намекунад, ки чӣ тавр зиндагӣ кунанд. Кор нест. Маош 500-600 сомонӣ, орд 325 сомонӣ.”

Баҳс сари қимати орд. Гаронӣ ба айби кист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00

Корбари дигаре ҳам гуфтааст, ки бо ин гуна қиматҳои баланд зиндагии бисёриҳо сахт мешавад, чун на танҳо нархи орд, балки равғану газу бензин ҳам боло рафт. Корбаре, ки худро дар вебсайти мо “Зани танҳо” муаррифӣ кардааст, аз ҳукумат хостааст, нисбат ба ин мушкил бепарво набошад. Шарҳаш чунин аст: "Ҳамин масъаларо ҳукумат ҷиддӣ гирад. Илтимос, вазъи иқтисодии оилаам ниҳоят вазнин аст. Чӣ кор кардаамро намедонам."

Гуруҳи дигаре аз корбарон ҳукумати Тоҷикистонро танқид кардаанд, ки натавонистааст, шароитро барои тавлиди гандуму орди кофӣ дар дохил фароҳам кунад. Як корбаре, ки аз бурдани номаш худдорӣ кардааст, дар вебсайти мо чунин навиштааст: “Ҳамин мардуми тоҷик, фақат орду равғану биринҷу гӯшт дошта бошад, қаноат мекунад. Наход мамлакат ҳамин қадар қудрат надошта бошад, ки ҳамин чанд маҳсулотро таъмин кунад. Мо, ки ҳасибу панир талаб намекунем ва ҳавасашро ҳам дигар надорем. “

Дар саҳифаи мо дар Ютуб ҳам шарҳ дар ин бора бисёр зиёд аст ва корбарон аз мақомот хостаанд, коре кунанд, ки аҳволи мардум дар ин рӯзҳои сахт бадтар нашавад. Шарҳи корбареро ҳамроҳ мехонем, ки худро Ибрагим муаррифӣ кардааст: “Аз вазирону кабирон талаб мекунем, ки дар ин шабу рӯзҳои ногувор чораҳо андешанд, ба бозорҳо бароянд. Барои арзон кардани молҳои ниёзи мардум саҳм гузоранд. Бас аст, дар курсиҳои мулоим нишаста кайфу сафо кардан.”

Дар воқеъ суҳбат дар бораи сабабҳои боло рафтани қимати орд дар миёни корбарон зиёд аст ва як сабаби аслии он ҳам таҳримоти кишварҳои ғарбӣ ба зидди Русия аст, ки ҷангеро дар Украина оғоз кард.

Азбаски иқтисоди Тоҷикистон пойбанди иқтисоди Русия низ ҳаст, оқибатҳои таҳримот дар кишвар сахт эҳсос мешавад. Дар ин миён як корбаре навиштааст, ки гуруҳе аз ин ҷанг барои ба даст овардани фоида кор мекунанд. Шарҳи ин корбарро мехонем, ки худро дар Инстаграм Музаффар Шамсиев муаррифӣ кардааст: “Аз ин ҷанги бемаънӣ ҳама ба таври худ истифода мебарад, яке ба ҷамъият кумак мерасонад, дигаре ҷайби худро пур мекунад, ашхосе ба ғоратгарӣ даст мезананд. Ба фикрам ёфт намешавад, фарде, ки бигӯяд ман ордро бо нархи арзон захира карда будам, бо нархнома пешина мефурӯшам.

Дар шаҳри мусалмон зистаму мусалмон надидам.

Дар шаҳри кофар зистаму мусалмонӣ бидидам.

гуфтааст бузургворе."

Мисли ин корбар гуруҳи дигаре, тоҷиронро ба сӯистифода аз фурсат муттаҳам карда ва гуфтаанд, ки онҳо ордеро, ки бо қиматҳои арзони пеш аз буҳрон дар Украина харидаанд, бо нархи баланд мефурӯшанд, ки беинсофист.

Шумо чӣ мегӯед. Боло рафтани қимати орд ба ҳамёну буҷаи оилаи шумо ҳам таъсир кард, ё не. Зери ҳамин барнома нависед. Агар дар видео сабт кунеду ба ин шумораи мо +420 607 900 808 аз тариқи Телеграм ва ё Вотсапп бифристед, чӣ беҳтар.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG