Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нон дар Тоҷикистон гарон шуд. Баъзе аз тоҷирон дари дӯконҳоро бастаанд. ВИДЕО, АКС


Яке аз бозорҳои Душанбе, 10-уми марти 2022

Нархи орд, яке аз маҳсулоти асосӣ барои хонаводаҳо дар Тоҷикистон, боз гарон шуд. Агар ду рӯз пеш арзиши як халтаи 50-килоии он 270-280 сомонӣ буд, рӯзи даҳуми март ба 290- 325 сомонӣ расид. Ин вазъ сокинонро нигарон кардааст. Баъзе аз тоҷирон дӯконҳои ордфурӯширо бастанд. Моликони бозорҳо мегӯянд, ҷое барои ташвиш нест.

Маҳсулотро аз Қазоқистон бо доллар мехарем ва дар кишвар бо сомонӣ мефурӯшем. Мо ҳам маҷбурем нархро боло барем. Дар Қазоқистон сомонӣ қабул намекунанд.
Холмуҳаммад Ортиқов, тоҷир

"Аз куҷо орд бигирем?"

Рӯзи 10-уми март мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ду бозори пойтахт нишон дод, ки дари на ҳама дӯконҳои ордфурӯшӣ боз аст. Дар бозори маъруф ба "Автовакзал"-и пойтахт дар ду мағоза ордро бо нархи 300 сомонӣ мефурӯхтанд. Дари як дӯкони дигар баста буд.

Дар бозори "Саховат"-и Душанбе орде, ки аз ҳисоби захираҳои давлатӣ ба савдо гузошта шудааст, 290 сомонӣ, вале дар баъзе дӯконҳои дигари бозор то 325 сомонӣ арзиш дошт.

Баъзе аз сокинон гуфтанд, сабаби якбора боло рафтани нархи ордро намедонанд ва аз гароншавии ин маҳсулоти барояшон муҳим изҳори ташвиш карданд. "Мегӯянд, ки орд надорем. Дар мошине, ки рӯзҳои дигар орд мехобид, ҳоло нест. Чанд мағозаро дидам, бастааст. Ордро аз куҷо бигирем? Ҳар рӯз нон харида наметавонем. Маош 800 сомонӣ аст," – гуфт яке аз сокинон дар Душанбе.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Аз куҷо бигирем ордро?"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Масъулони бозорҳо афзоиши нархи ордро дар як рӯзи охир тасдиқ карда, ҳамзамон аз муштариён хостанд, дар хариди он шитоб накунанд. Онҳо мегӯянд, дар анбор захираи кофӣ доранд. Ба монанди Мастон Шарифов, муовини мудири бозори "Деҳқон", ки иддао дорад, "зиёда аз 300 тонна орд захира кардаем".

"Дар Қазоқистон сомонӣ намегиранд"

Тоҷирон сабаби афзоиши нархи маҳсулотро ба якбора боло рафтани қурби доллар пайванд медиҳанд. Холмуҳаммад Ортиқов, тоҷири яке аз дӯконҳои ордфурӯшӣ, мегӯяд, "маҳсулотро аз Қазоқистон бо доллар мехарем ва дар кишвар бо сомонӣ мефурӯшем. Як бор бинед, қурби доллар дар баробари сомонӣ чӣ қадар боло рафт. Мо ҳам маҷбурем нархро боло барем. Дар Қазоқистон сомонӣ қабул намекунанд."

Қурби расмии доллар дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми март боло рафт ва 100 доллар ба 1300 сомонӣ баробар шуд.

Як намояндаи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, ки нахост номаш зикр шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, "мақомот вазифадор карда шудаанд, ки масъаларо биомӯзанд. Ҳамин рӯз ҳамкорони мо ба бозорҳо рафтанд, масъала зери назорат аст." Баъзе аз сокинон ва таҳлилгарон дар гузашта ин ниҳодро барои нотавонӣ дар назорату пешгирӣ аз афзоиши нарх танқид кардаанд.

Дар бозорҳои Душанбе шикоятҳо на танҳо аз гаронии якбораи нархи орд, балки аз навъҳои дигари маҳсулот низ садо медод. Рӯзи 10-уми март нархи як кило шакар 12 ва як литр равған 24 сомонӣ буд. Вале ташвишу нигаронии сокинон бештар сари гаронии нархи орд ба назар мерасид.

Тағйирот дар бозори арз ва болоравии нархи маҳсулот дар Тоҷикистон баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина ва таҳримҳои сахти кишварҳои ғарбӣ ба зидди Маскав ба вуҷуд омад. Бахши аъзами орду гандуми Тоҷикистон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Қазоқистон, оварда мешавад ва ҳар гуна дигаргунӣ дар бозори берунӣ ё тағйирот дар асъори хориҷӣ ба арзиши молу маҳсулот бетаъсир намемонад.

Шарҳҳоро бинед (20)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG