Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кор кам, қурби рубл поин". Оқибатҳои ҷанги Русия бо Украина барои муҳоҷирон. ВИДЕО


Маскав, 28-уми феврали 2022
Маскав, 28-уми феврали 2022

Таҳримҳои зидди Русия, ки дар посух ба ҳамлаи ин кишвар ба Украина ҷорӣ шуданд, ба кору даромади муҳоҷирони тоҷик таъсир кардаанд. Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, аз як тараф талабот ба корашон кам шуд ва аз ҷониби дигар маошашон бо ҳисоби сомонӣ коҳиш ёфт. Мақомот аз муҳоҷирон мехоҳанд, харҷи худро кам кунанд. Коршиносон таъкид мекунанд, дар сурати давомдор будани таҳримҳо алайҳи Маскав, муҳоҷирон дар Русия зарари ҷиддӣ мебинанд.

"На бор қабул карда метавонем, на фиристодан"

Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина ва ҷорӣ шудани таҳримҳо эҳтимол мерафт, муҳоҷирони кории тоҷик низ осеб бинанд. Вале интизор намерафт ин таъсир ин қадар зуд, бо гузашти як ҳафта аз ҷанг, эҳсос хоҳанд шуд. Муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки шумораашон беш аз як миллион нафар гуфта мешавад, аз ин ҳолат канор намондаанд.

Нозимҷон Исроилов, муҳоҷири тоҷик, дар як анбори фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар вилояти Маскав кор мекунад. Кори ин муҳоҷири тоҷик фиристодани масолеҳи сохтмонӣ ба хориҷ ва қабул кардани он аз берун мебошад. Исроилов ва ҳамкоронаш ҳамарӯза дар ин анбор кор мекарданд, вале се рӯз пеш ин тартиб барҳам хӯрд.

“Аз сабабе ки дар Украина ҷанг шуда истодааст, сарҳадҳо маҳкам шуданд. Мо на бор қабул карда метавонем ва на борро фиристода. Беҳад кор суст. Ҳозир мегӯянд, ки ду рӯз кор, ду рӯз истироҳат аст. Пештар мо дар як моҳ бар иловаи изофакорӣ 50 ҳазор рубл мегирифтем. Ҳозир намедонам чӣ қадар кам мешавад,” -- бо нигаронӣ гуфт муҳоҷири тоҷик.

Наворро дар инҷо бинед:

"Ҳам аз қурб зарар мебинем, ҳам аз кор"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Кам шудани шуғл ё аз даст додани кор дар Русия ягона мушкили муҳоҷирон дар ҳафтаи охир нест. Мушкили дигар, ки болои муҳоҷир омадааст, якбора паст шудани қурби рубли русӣ мебошад. Барои мисол, агар 50 ҳазор рубл маоши Нозимҷон Исроилов даҳ рӯз пеш ба 7 ҳазору 200 сомонӣ баробар, имрӯзҳо 5300 сомонӣ мешавад. Муҳоҷирон бори охир соли 2014 ҳамингуна беқурбшавии рубли русиро дида буданд.

Аммо Нозимҷон Исроилов мегӯяд, “он вақт камбуди кор набуд, танҳо мушкили қурб буд. Ҳозир ҳам аз ҳисоби қурб зарар мебинем, ҳам аз набудани кор.”

Ҳамлаи нерӯҳои Русия ба Украина рӯзи 24-уми феврал оғоз шуд ва ҳанӯз поёни он маълум нест. Ба гуфтаи муҳоҷирон, дар ҳафтаи аввали ҷанг асосан ҳамон бахшҳои иқтисод зарар диданд, ки корашон ба хориҷ вобаста буд.

Фарҳод Тӯраев, муҳоҷири тоҷик, ки дар шаҳри Братск фурӯшгоҳи хӯрокворӣ дорад, мегӯяд, аз ҳисоби поён рафтани қурби рубл дар баробари доллар зарари молӣ диданд. Ба гуфтаи Тӯраев, "пештар борро бо доллар мегирифтем, ҳозир баҳои рубли русӣ поин рафт. Муомила бо доллар буд. Ба кори мо бениҳоят таъсир расонд, ба кори муҳоҷирон."

“Агар таҳрим тӯл кашад...”

Ин нигарониҳо дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон аз муҳоҷирон хостанд, ба таҳлука дода нашаванд. Аммо мақомот нагуфтаанд, ки барои дастгирии муҳоҷирон дар вазъи пешомада чӣ барнома доранд. Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон танҳо ба муҳоҷирон тавсия додааст, аз “харҷҳои дуюмдараҷа ва зиёдатӣ” худдорӣ намоянд. Коршиносон беҳтар ё бадтар шудани вазъияти муҳоҷиронро ба чӣ қадар давом ёфтани таҳримҳо болои Русия рабт медиҳанд.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, “буҳрон дар Русия ва таҳримҳо алайҳи Маскав агар зиёда аз ним сол тӯл кашад, ба кори муҳоҷирон таъсири манфӣ мерасонад. Агар аз ин муҳлат камтар бошад, он қадар таъсире намерасонад.”

Муҳоҷирони тоҷик солона ба кишвар ҳудуди 3 миллиард доллар мефиристанд. Ин пул барои иқтисоди Тоҷикистон, бахусус таъмини амнияти иҷтимоӣ муҳим хонда мешавад. Аз ин рӯ, бисёриҳо дар Тоҷикистон мунтазири ҳарчӣ зуд поён ёфтани ҷанги Русия бо Украина ҳастанд.

XS
SM
MD
LG