Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаҳои иқтисодии Ғарб ба Русия. Муҳоҷирон ва оилаҳояшон чӣ зарар мебинанд? ВИДЕО


Намояндагони баъзе аз бонкҳои Тоҷикистон гуфтанд, ки бурида шудани Русия аз низоми байнулмилалии SWIFT ба интиқоли пули муҳоҷирон таъсир нахоҳад дошт, аммо ба кори муассисаҳои молӣ "халал мерасонад". Дар Бонки Миллӣ гуфтанд, ба зудӣ масъаларо шарҳ медиҳанд. Кишварҳои аврупоӣ ба сабаби ҳамлаи низомии Русия ба Украина дастрасии баъзе аз бонкҳои ин кишварро ба SWIFT қатъ карданд.

SWIFT низоми байнибонкии иттилоърасонист, ки интиқоли маблағҳоро дар саросари ҷаҳон таъмин мекунад.

Хабари қатъи кори он дар Русия ҳазорон муҳоҷир ва аҳли хонаводаи онҳоро нигарон кардааст. Вале мудири додугирифт дар "Бонки Алиф" мегӯяд, ин нигаронӣ ба ҳама рабт надорад.

Диловар Саъдуллоев
Диловар Саъдуллоев

Диловар Саъдуллоев рӯзи 28-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт: "Низоми SWIFT бештар барои хидматрасонӣ ба мизоҷони корпоративӣ ва хариди маҳсулот зиёдтар истифода мешавад. Ба муҳоҷирони корӣ дахл надорад. Онҳо бе кушодани суратҳисоб маблағро мефиристанд ва наздиконашон қабул мекунанд."

Як намояндаи Бонки Миллии Тоҷикистон аз шарҳи мавзуъ худдорӣ кард, аммо тасдиқ намуд, ки даҳҳо нафар дар пайванд ба ин масъала ба онҳо муроҷиат кардаанд. Дафтари матбуотии Бонки Миллӣ мегӯяд, дар фурсати наздик ба таври расмӣ ин масъаларо шарҳ медиҳанд.

"Оқибати фоҷеабор дорад"

Коршиносон ба ин назаранд, ки дар Тоҷикистон ширкату корхонаҳое ҳастанд, ки дар пеш бурдани корашон аз низоми SWIFT истифода мебаранд ва бурида шудани Русия аз ин низом ба онҳо таъсири бад мегузорад.

Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "қатъи дастрасии бонкҳои Русия аз SWIFT оқибати фоҷеаборе барои иқтисоди ин кишвар дорад. Шарикони тиҷории Русия, ба мисли Тоҷикистон низ зарарҳои ҳангуфте хоҳанд дид."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Қурби рубл поин буд, иваз накардам"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

"Мутаассифона, хеле аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҷойҳои кории худро аз даст хоҳанд дод. Даромади онҳо дастикам ду маротиба камтар мешавад. Иқтисоди Тоҷикистон, ки тақрибан ягона такягоҳаш пули муҳоҷирон аст ва дар ду соли ахири буҳрон хеле заиф шуд, акнун суръати нав касб мекунад. Мо шоҳиди буҳронҳои дигар мешавем," – гуфт Шералиев.

Кор дар Русия = Бекорӣ дар Тоҷикистон?

Бо гузашти шаш рӯз аз ҳуҷуми Русия ба Украина ва афзоиши таҳримҳо ба иқтисоди ин кишвар, баъзе аз муҳоҷирони тоҷик аз бад шудани вазъи кору даромадашон дар Русия хабар доданд. Корбаре бо номи "Муҳаммад Амин" ба Радиои Озодӣ навиштааст, "дар Русия кор кардан ва ё дар Тоҷикистон бекор гаштан баробар шуд."

Дар ҳамин ҳол, муҳоҷирон ва наздикони онҳо аз уфти босуръати қурби рубли русӣ бештар дар ташвишанд. Азизулло Файзализода, донишҷӯйи тоҷик, рӯзи 28-уми феврал ба гирифтани пули фиристодаи падари муҳоҷираш ба "Амонатбонк" рафт, аммо нагирифт. Вай мегӯяд, "1000 рубли русиро 93 сомонӣ гуфтанд. Пеш 140-135 сомонӣ медоданд.. Нагирифтам. Бояд бо падарам маслиҳат кунам."

Иқтисоди Тоҷикистон ба пули муҳоҷирони корӣ, ки дар Русия ҳастанд, сахт вобаста аст. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд. Онҳо дар нимаи дувуми соли гузашта ба Тоҷикистон зиёда аз 750 миллион доллар фиристодаанд.

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG