Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, ки чаро қурби расмии долларро боло бурд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бонки Миллии Тоҷикистон сабаби боло бурдани қурби расмии долларро дар баробари сомонӣ шарҳ дод. Мақомот ҳамзамон гуфтаанд, бо истифода аз баъзе роҳҳо, аз ҷумла ба бозор баровардани доллари иловагӣ вазъро ба эътидол меоранд. Коршиносон бовар надоранд. Тағйирот дар бозори асъор дар пайи ҳамлаи Русия ба Украина ва таҳримҳои сахти кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав ба вуҷуд омад.

“Қурбро бозор муайян мекунад, на...”

Рӯзи 9-уми март арзиши расмии доллар дар Тоҷикистон боло рафта, 100 доллар ба 1300 сомонӣ баробар шуд. Бонки Миллӣ ин тасмимро ба омилҳои гуногун, аз қабили зиёд шудани талабот ба доллар, коҳиши пулҳои интиқолӣ ва боқӣ мондани тавозуни манфии савдои кишвар пайванд дод.

Ин ниҳод айни замон афзоиши қурби долларро сабаби маҳдуд кардани фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрирасмӣ номид. Дар изҳороти бонк аз 10-уми март гуфта шудааст, ки фарқ байни қурби расмии доллар ва баҳои фурӯши он дар бозори ғайрирасмӣ то 15,9 дарсад расида буд.

Пайрав Чоршанбиев
Пайрав Чоршанбиев

Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодӣ, 11-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, воридоти асъори хориҷӣ, хусусан аз тарафи муҳоҷирон, ба кишвар кам шуд ва ин вазъро дар бозори асъор дигар кард. "Барои ҳамин, Бонки Миллӣ маҷбур шуд, қурби долларро боло барад, лекин арзиши қурбро бозор муайян мекунад. Чӣ қадаре, ки воридоти асъори хориҷӣ кам шуд, фишорҳои қурбӣ бештар мешавад," – афзуд Чоршанбиев.

Ба кӣ бартарӣ медиҳанд?

Бонки Миллӣ тасмим дорад, бо мақсади қонеъ кардани талабот ва камбуди асъор мудохила ё интервенсияи асъориро анҷом бидиҳад. Ин ба он маъност, ки мақомот барои қонеъ кардани ниёзи муштариён ба миқдори муайян асъори хориҷиро ба бозори расмӣ мебароранд. Вале дақиқ гуфта нашудааст, ки кай ва чӣ миқдор доллари иловагӣ ба муомилот бароварда хоҳад шуд. Танҳо зикр шудааст, ки дар раванди чунин мудохила ба дархости воридкунандагони молҳои ниёзи аввал афзалияти бештар хоҳанд дод.

Пайрав Чоршанбиев гуфт, феълан Бонки Миллӣ тавони онро надорад, ки талаботи ҳама муштариёнро ба доллар қонеъ гардонад: "Бонки Миллӣ метавонад, аз ҳисоби захираҳои байнулмилалии худ, тиллову дигар асъори хориҷӣ, ба бонкҳо асъори иловагӣ тақсим кунад, вале бо ин вуҷуд талаботи ҳаррӯзаро қонеъ карда наметавонад. Чунин роҳҳо барои дарозмуддат ба кор намераванд."

“Захираҳо кофӣ нестанд”

Қурби асъори хориҷӣ дар баробари пули миллии Тоҷикистон. Шаҳри Душанбе, 9-уми марти 2022
Қурби асъори хориҷӣ дар баробари пули миллии Тоҷикистон. Шаҳри Душанбе, 9-уми марти 2022

Масъулони Бонки Миллӣ бар ин назаранд, ки вазъиятро дар бозори асъор таҳлил карда, барои таъмини суботи бозори асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ “воситаю имкон ва захираҳои заруриро” истифода хоҳанд бурд. Зулфиқори Азиз, мутахассиси соҳаи бонкдорӣ, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “захираҳои имрӯза агар пурра истифода шаванд, шояд барои 3-4 моҳи оянда мерасанду бас."

Таҳлилгарон бовар доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон аз бозори хориҷа вобастагии зиёд дорад ва ҳар гуна буҳрон дар ҷаҳон сустиҳои иқтисоди кишварро дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла низоми бонкӣ бармало мекунад. Тоҷирон аксар маҳсулоти ниёзи аввалро аз хориҷа меоранд ва барои додугирифт ҳамеша ба доллар эҳтиёҷ пайдо мекунанд.

Дар 30 соли мустақилии Тоҷикистон воридоти мол ба кишвар назар ба содирот бештар будааст ва то акнун ба кишвар муяссар нашудааст, ин вазъро ислоҳ кунад. Ҳамсуҳбатони мо афзоиши маҳсулои ватанӣ ва содироти онро ба хориҷ аз роҳҳои кам кардани пойбандии Тоҷикистон аз бозори беруна медонанд. Чизе, ки дар Тоҷикистон нест ва ё дар ҳадди хеле поин аст.

XS
SM
MD
LG