Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири буҳрони Украина ба Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш. "Сиёсати чандсамтӣ" дигар ба кор намеояд?


Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ
Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ
Инзивои иқтисодӣ ва сиёсии Русия дар пайи ҳамла ба Украина вазъияти ин кишвар ва муттаҳидонашро дар Осиёи Марказӣ печида мекунад. Ба назари коршиносон, мушкили иқтисодии кишварҳои ОМ эҳтимол ба суботи иҷтимоӣ ва тавоноии мавқеъгирии онҳо миёни марказҳои гуногуни қудратҳои хориҷӣ низ асар хоҳад гузошт.

Тибқи пешбинии Муассисаи миллии тадқиқоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Бритониё, буҳрони Украина метавонад иқтисоди ҷаҳониро то соли 2023 то 1%, баробар ба 1 триллион доллар, коҳиш бидиҳад. Коршиносон бар ин назаранд, ки дар пайи ин даргирӣ сатҳи таварруми ҷаҳонӣ то соли 2023 то 2 баробар афзоиш хоҳад ёфт.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳадди зиёд вобастаи иқтисоди Русия мебошанд. Қирғизистону Қазоқистон бахше аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё буда, Туркманистон, Тоҷикистон ва Узбекистон аз шарикони аслии иқтисодӣ ва сиёсии Русия мондаанд. Соҳибназарон аз кишварҳои минтақа дар ин мавзуъ назари ягона доранд, ки норӯшанӣ дар мавриди буҳрони Украина ва Русия ба иқтисод ва устувории кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ хоҳад дошт.

Вилояти Суми, Украина, 7-уми марти 2022
Вилояти Суми, Украина, 7-уми марти 2022

Вокуниши занҷираӣ

Таъсири ҳамлаи низомии Русия ба Украина аз рӯзҳои нахустин мушоҳида мешуд. Зарбаи ҷиддӣ ба бозори арзи минтақа расид, ки қаблан ҳам бесубот буд ва вобастагии қобили таваҷҷуҳ аз Русия дошт. Дар давоми бештар аз як ҳафтаи ҷанг дар Украина рубли русӣ то се баробар арзиши худро аз даст дод ва дар натиҷа асъори кишварҳои минтақаро низ гирифтори ин дард кард.

Ин ба он маъност, ки 8 миллион шаҳрванд (омори ҳукумати Русия аз соли 2021)-и кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сеяки даромади худ бенасиб мешаванд. Табиатан хонаводаҳояшон сеяки тавоноии харид ва кишварҳо ҳамин миқдор асъори хориҷиро аз даст медиҳанд.

Пайрав Чоршанбиев
Пайрав Чоршанбиев

Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодӣ дар Душанбе, мегӯяд, дар мавриди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия танҳо метавон дар бораи вобастагӣ ҳарф зад. "Кофист, бигӯем, ки аз ҳисоби пули муҳоҷирон ду сеюми колои мавриди ниёзи воридотӣ таъмин мешавад. Агар ин пулҳо ворид нашаванд, танҳо як сеюм маҳсулоти мавриди ниёзамонро метавонем бихарем ва дар ниҳоят бо камбуди шадид дар фурӯшгоҳҳо дучор шавем, ки боиси афзоиши нарх ва ташдиди нодорӣ хоҳад шуд. Агар иқдомоти муассире пайдо накунем, ин вазъият ба ҳамаи бахшҳо таъсири занҷираӣ хоҳад дошт," -- пешбинӣ мекунад Чоршанбиев.

Вобастагии иқтисодӣ

Тибқи омори Русия, соли 2021 теъдоди муҳоҷирон аз Укбекистон дар ин кишвар 4,5 миллион, аз Тоҷикистон ҳудуди 2,4 миллион ва аз Қирғизистон бештар аз 900 ҳазор нафар будаанд.

Бонки Ҷаҳонӣ миқдори пули фиристодаи муҳоҷиронро аз Русия ба 11% маҷмӯи маҳсулоти дохилии Узбекистон, 30% Тоҷикистон ва 28% Қирғизистон баробар донистааст. Ин бонк дар охири соли гузашта афзоиши 3,8-дарсадии интиқоли пулро дар соли 2022 пешбинӣ карда буд. Ҳоло маълум шуд, ки дар ояндаи наздик чунин нахоҳад шуд.

Муҳоҷирон дар Русия
Муҳоҷирон дар Русия

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия, сармоягузории ин кишвар дар минтақа 50 миллиард долларро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 36 миллиард дар Қазоқистон, бештар аз 10 миллиард дар Узбекистон ва 1,5 миллиард дар Тоҷикистон сармоягузорӣ шудааст. Инчунин, дар кишварҳои минтақа беш аз 10 ҳазор корхонаи Русия ва муштарак фаъолият мекунанд. Ҳаҷми гардиши моли Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2020 аз марзи 28 миллиард доллар гузашта буд.

Коршиносон дар пайи иҷроӣ шудани таҳримҳо коҳиш ёфтани ҳаҷми қарзҳо ва сармоягузориҳоро аз Русия ва инчунин кишварҳои дигар, ки давлатҳои Осиёи Марказиро ғайри қобили эътимод медонанд, пешбинӣ мекунанд.

"Таъсири баръакс мумкин аст"

Баъзе аз коршиносон бовар доранд, дар инзиво қарор додани Русия аз сӯи кишварҳои ғарбӣ метавонад, боиси шиддати ҳамкории он бо шарикони наздик, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ шавад.

Нургул Акимова
Нургул Акимова

Нургул Акимова, иқтисоддони қирғиз, мегӯяд, “фикр мекунам, пас аз анҷоми амалиёти низомӣ қарордодҳои ворид кардани захираҳои энергетикӣ ва маҳсулоти дигар афзоиш меёбад. Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар умум хидкифо ҳастанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеият, ки бештари молу колои масрафӣ аз кишварҳои шарқӣ ворид мешаванд."

"Тоҷикистон ва Қирғизистон – хатарҳои бештари иҷтимоӣ"

Шореҳи иқтисодӣ Абдуманнон Шералиев бовар дорад, ки аз миёни кишварҳои минтақа Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки умдатан аз Русия вобастаанд, бештар дар маърази хатар қарор доранд. "Дар сурати давом ёфтани ҷанг эҳтимоли бозгашти бештари муҳоҷирон зиёд мегардад. Ғайр аз ин, метавон ҳадс зад, ки бо коҳиш ёфтани даромад, муҳоҷирон ба имзо кардани қарордод ва рафтан ба ҷанг дар Украина розӣ мешаванд," - мегӯяд Шералиев.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ дар бораи ба Украина фиристодани шаҳрванди ин кишвар навишта буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки қонунгузории Узбекистон иштироки шаҳрвандонашро дар ҷанги кишварҳои сеюм манъ кардааст.

Абдуманнон Шералиев
Абдуманнон Шералиев

Коршинос мегӯяд, дар пайи коҳиши қурби асъори миллӣ баҳои маҳсулоти асосӣ ба монанди орд ва равған боло меравад. "Коҳиш ёфтани сатҳи даромад ва боло рафтани арзиши маҳсулот ба бештар шудани норизоиятӣ ва эҳтимолли бесуботии иҷтимоӣ мусоидат мекунад," -- таъкид кард Абдуманнон Шералиев.

Фазо барои сиёсати бисёрсамта тангтар мешавад

Аммо вахим шудани шохисҳои иқтисодӣ ва эҳтимоли бесуботии иҷтимоӣ танҳо бахше аз мушкиланд, ки пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо он рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Боло рафтани зиддияти Ғарб ва Русия имкониятҳои пешбурди сиёсати чандсамтии онҳоро маҳдуд мекунад. Натиҷаи ройдиҳӣ дар нишасти Маҷмаи умумии СММ дар рӯзи 2-юми март низ гуфтаҳои болоро тасдиқ мекунанд, ки ҳуҷуми Русияро ба Украина маҳкум кард.

141 кишвар ба тарафдории санаде рой доданд, ки дар он аз Русия талаб мешавад, ҷангро дар Украина қатъ кунад, низомиёни худро аз хоки ин кишвар ва аз марзҳои ба расмиятшинохташуда, аз ҷумла аз Қрим хориҷ кунад. Танҳо 5 кишвар – Русия, Беларус, Сурия, Кореяи Шимолӣ ва Эритерия муқобили ин санад раъй доданд.

Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар миёни 35 кишвари дигаре қарор гирифтанд, ки аз раъйдиҳӣ худдорӣ карданд. Узбекистон ва Туркманистон дар ҷараёни раъйдиҳӣ ширкат накарданд.

Сергей Абашин
Сергей Абашин

"Маълум аст, ки ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар 30 соли ахир талош мекунанд миёни қудратҳои байнулмилалӣ ба монанди Чин, Русия ва Ғарб таодулро риоя кунанд. Қаблан ин гуна сиёсат як роҳбурди хуб буд. Мумкин буд, бо ин роҳ аз ҳама ҷонибҳо фоида ва кумаку қарз гирифт. Ҳоло бо печида шудани вазъият ин сиёсатро аз воқеият каме дур кардааст," -- мегӯяд таърихнигори рус Сергей Абашин дар мусоҳиба бо пойгоҳи Kloop.kg.

Ӯ муътақид аст, ки дар дарозмуддат кишварҳо бо суоли аз кадом тараф ҷонибдорӣ карданашон бештар рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. "Мумкин аст, ба қавӣ шудани Чин боис шавад. Чин мегӯяд: ...Ман шуморо зери қаноти худ мегирам ва муҳофизат мекунам”. Ин ҳам яке аз эҳтимолҳои афзоиш ёфтани буҳрон аст...”, -- мегӯяд профессор Абашин.

Нерӯҳои Русия 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамла карданд. Маскав онро амалиёти низомӣ медонад, вале Киев ва Ғарб таҷовуз меҳисобанд. Нерӯҳои Русия дар панҷ вилояти Украина аз марз гузаштанд. Ҳоло дар шаҳрҳои Харков, Киев, Донбасс ва ҷануби Украина ҷанг идома дорад. Кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG