Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди таҳримҳо Путин ва дигар мақомоти русӣ бо раҳбарони ОМ ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ карданд


Акс аз соли 2018
Акс аз соли 2018

Дар пасманзари таҳримҳои ғарбии Русия президенти Русия Владимир Путин, нахуствазир Михаил Мишустин ва раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко бо раҳбарони се кишвари Осиёи Марказӣ мавзӯи ҳамкориҳоро баррасӣ карданд. Дафтари матбуоти Кремл рӯзи 25 феврал гуфт, ки Путин дар як сӯҳбати телефонӣ бо раиси ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев равобити дуҷониба ва вазъи ҷорӣ дар Украинаро баррасӣ карданд, ки дар хоки он нирӯҳои русӣ ҳуҷуми худро идома медиҳанд. Дафтари матбуоти президенти Русия навишт, ки Мирзиёев гуфтааст, ки “иқдомҳои гирифтаи ҷониби Русияро дарк мекунад”.

Ин дар ҳоле буд, ки чанд соат пеш аз ин дар шаҳри Душанбе раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко бо президенти Тоҷикистон мулоқот кард ва гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи ҳодисаҳои Украина дар ҷараён гузошт. Назари президенти Тоҷикистон дар ин бора нашр намешавад. Дар Душанбе Матвиенко дар ҷараёни Форуми иқтисодӣ аз рушди савдои байни Тоҷикистону Русия ситоиш карда гуфтааст, ки соли 2021 мизони додугирифтҳои тиҷоратии байни ду кишвар 1 миллиард долларро ташкил додааст, ки, ба гуфтааш, «45 дарсад бештар назар ба давраи то пандемия мебошад». Ӯ ба зарфиятҳои бештари ин ҳамкориҳо ишора кардааст.

Матвиенко инчунин гуфтааст, ки ба муносибати 30-солагии равобити дипломатии миёни Тоҷикистон ва Русия (8 апрели соли 1992) қарор аст президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе сафар кунад.

Ҳамзамон дар Қазоқистон президент Қосимҷомарт Тоқаев ва раиси ҳукумати Русия Михаил Мишустин роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиро дар пасманзари таҳримҳои иқтисодии ғарб баррасӣ кардаанд. Ду мақом изҳори умедворӣ кардаанд, ки ҳаҷми додугирифтҳои тиҷоратию иқтисодии байни ин ду давлат дар паи ҳамлаи Русия ба Украина кам намешавад.

XS
SM
MD
LG