Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ростбинӣ ё дурӯягӣ? Акси садои ҷанги Украина дар зеҳни тоҷикон


Украина

Зеварбону Рауфӣ, рӯзноманигори ҷавон

Ончӣ имрӯз байни Русия ва Украина мегузарад, ҳамаро ба ду ҷабҳа бурдааст. Бархе аз амалкарди Русия ҳимоят мекунанд, бархи дигар "шараф ба Украина" мегӯянд, қисме ҳам бетарафанд. Савумиҳо “Ба мо дахл надорад” ва “Ин ҷанги мо нест” мегӯянд. Албатта, ин ҳаққи онҳост, ки интихоби озод дошта бошанд.

Як гуруҳи дигар насиҳат мекунанд, ки зидди Русия чизе нагӯед, муҳоҷирони мо онҷоянд. Ё зидди Украина чизе нагӯед, он ҷо ҳам муҳоҷирон ва донишҷӯён дорем ва украиниҳо барои мо ГЭС месозанд. Аввалиҳо, зоҳиран бештаранд. Дар байни онҳо афроде ҳастанд, ки тарафдорони сарсахти президенти Русия, Владимир Путинанд. Бархе аз онҳо ҳамчунин ҳамеша аз ҳукумати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят мекунанд.

Ба назар мерасад, барои ин гурӯҳ, фарқе надорад, қонунҳои байнулмилалӣ ва ба ғайр аз он усули инсонӣ аз тарафи кӣ ва то куҷо поймол карда мешаванд. Зеро, ҳатто агар нафаре бихоҳад ба онҳо бифаҳмонад, ки "ҳуҷум ба Украина баробар ба таҷовуз ба хоки кишваре дигар аст" ва шояд фардо ба сари Шумо низ ояд, ҳеч таъсире рӯяшон надорад.

Боз ҳам баҳона пеш меоваранд, ки "хуб, украиниҳо худашон гунаҳкоранд"; “раисҷумҳури Украина гунаҳкор аст” ва ё “Путин ҳамла кард, чунки илоҷи дигар надошт ва дар ғайри ин сурат ба кишвари ӯ ҳамла мекарданд”. Албатта, ин ҳанӯз ҳамаи қазия нест.

Метавон гуфт, дар ин гурӯҳ, зергурӯҳи хосе низ ҳаст, ки на танҳо ба тарафдорӣ аз Путин ва амалкардҳои ӯ садо баланд мекунанд, балки аз дигарон низ даъват ба амал меоваранд, ки ба “сафи” онҳо бипайванданд. Мабодо, агар нафаре пайдо шуду бар хилофи ақидаи онҳо буд, онро зери бори фаҳшу носазо “нафасгир” мекунанд.

Зеварбону Рауфӣ
Зеварбону Рауфӣ

Масалан, бо ин гуфтаҳо, ки “тоҷикон аз пушти Путин - Русия нону намак мехӯранд ва ба қавле зиндагияшонро пеш мебаранд, дар натиҷа, набояд дар намакдон туф кунанд”. Ё ин ки “артиши Русия аз Тоҷикистон дар муқобили Толибон ҳифозат мекунад”.

Агар ба инҳо ҳам иктифо накарду далели дигаре барои гуфтан наёфт, раисҷумҳури Украинаро ба боди маломату таҳқир мегирад, ки як ҳунарпеша буд, вале намегӯянд, президенти Русия афсари КГБ ё дигарон раиси колхоз буданд.

Гурӯҳи охирин ҷонибдори мардуми Украина ҳастанд. Ба назар мерасад, ин даста аз мардум барои тамоми одамони дунё орзуи сулҳу амонӣ доранд. Ин гурӯҳ бештар аз шуҷоати мардуми Украина барои дифоъ аз марзу бумашон, радди даъвати амрикоиҳо аз тарафи Зеленский барои хуруҷаш аз кишвар; аз нороҳатию ҳамдардияшон ба вазъи фаълии кӯдакону мардуми Украина мегӯянд. Барои сулҳу оромӣ дуо мекунанд ва аз мардуми Украина даъват мекунанд, дар ин рӯзҳои сахт рӯҳафтода нашаванду сабр пеша кунанд.

Кӣ аз кӣ қарздор аст?

Ҳамон тавр, ки дар боло гуфтем, гурӯҳе аз шаҳрвандони кишвар, ки намешавад камшуморашон ҳисобид, ҳисси вобастагӣ ва қарздорӣ нисбат ба Русия ё раисҷумҳури он кишвар доранд. Ин ҳисси дайн, сабаб шуд, ба ҷустуҷӯи далоили он биравем. Албатта, эҳсоси инсонӣ на ҳамеша бо рақамҳо мувофиқ меуфтанд. Дар хеле аз мавридҳо арқом ба куллӣ ҳарфи дигареро мезананд.

Муҳоҷирони корӣ?

Тибқи омори ҳукумати Русия, дар соли 2021-ум 1,6 миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба он кишвар рафтаанд. Бар асоси суҳбатҳое, ки бо чанде аз муҳоҷирони корӣ аз Маскав гирифта то Иркутск доштем, солона миёнгини маблағе, ки ҳар як муҳоҷири тоҷик барои патенту ҳуҷҷатҳои дигар сарф мекунад, чизе дар атрофи 1000 доллар аст. Яъне, солона пули расмие, ки аз ҳисоби муҳоҷирони Тоҷикистон ба ҳукумати Русия супорида мешавад, 1 миллиарду 600 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд
Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд

Ҳол он ки муҳлати кори ҳафтаии як шаҳрванди Русия тибқи маълумоти "Росстат", 38 соат мебошад, як муҳоҷири корӣ рӯзе ҳудудан аз 10 то 12 соат кор мекунад. Гузашта аз ин, муҳоҷирон ба корҳои сангину заҳматталаб машғуланд. Шаҳрвандони Русия ё ба иҷрои он розӣ намешаванд ё агар рафту розӣ шаванд, “ду баробари маблағ талаб мекунанд”. Баҳси ин ки аз ноогоҳии ҳуқуқии муҳоҷирон чӣ қадр сӯиистифода мешавад ва он, ки корфармоҳо то куҷо маоши муҳоҷиронро намедиҳанд ё ба қавле онҳоро фиреб медиҳанд, мавзӯи дигар аст.

Нерӯи низомӣ?

Тибқи шарҳу гуфтаҳои мардум, далели дигаре, ки баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон худашонро вобаста ва қарздор дар назди Русия медонанд, ин муроқибати низомии Русия аз Тоҷикистон аст. Ҳоло, биёед, бибинем ин назар то куҷо дуруст аст? Аслан манзур аз муҳофизати низомӣ чист? Оё мақсуд ҳамон пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон аст? Агар ин тавр аст, пас, бо ҳам нигоҳе ба моҳияти пойгоҳи низомии як кишвар “берун аз марзи он” биандозем.

Пойгоҳҳои низомии хориҷ аз марз, ба хотири ба намоиш гузоштани қудрати кишвари соҳиб, барои ҷангҳои равонӣ ва иктишофӣ ё таҳти таъсир қарор додани ҳодисаҳои хориҷӣ бунёд мешаванд. Имрӯз дар ҷаҳон Амрико, Фаронса, Русия ва Бритониё бо бештарин теъдоди ин навъ пойгоҳҳои низомӣ дар қатори аввал ҳастанд. Радаи дуввум бо теъдоди камтаре мутааллиқ ба Чин, Олмон, Юнон, Итолиё, Ҷопон, Покистон ва Туркия мебошад.

Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон
Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон

Ҳоло баргардем ба пойгоҳи 201-и Русия. Далели вуҷуди ин пойгоҳ ҳамон тавр, ки дар санадҳои марбута зикр шуда, заминаи ҳузури геополитикии Русияро дар минтақаи Осиёи Марказӣ фароҳам меоварад, инчунин, манофеи дигар ҳукумату кишварҳои минтақаро ба инобат мегирад. Бо ин ҳисоб, ҳузури пойгоҳи низомии 201-и Русия дар кишвари мо, бештар ба нафъи ин кишвар аст. Дар беҳтарин сурат як муҳаббати “бемузду миннат” набуда, балки як тавофуқи дуҷониба аст, ки ҳар ду тараф ба чизи муайяне даст меёбанд. Зимнан, иҷорапулии Русия барои ин пойгоҳ ҳамагӣ 1 рубл дар солро ташкил медиҳад.

Истиқлол?

Хулоса, бо пайгирии назару мулоҳизаҳои як идда аз шаҳрвандон, ки тарафдори ашаддии Русия ё дурусттар аст бигӯям сиёсати Путин ҳастанд, ҳиссе ба одам даст медиҳад, ангор Тоҷикистон дар ҳеч заминае ва ба ҳеч ваҷҳ наметавонад мустақилона аз Русия арзи вуҷуд дошта бошад. Пас, ногузир суоле дар зеҳни хонанда падид меояд: То куҷо чунин дидгоҳе дуруст аст? Ё ин ки мо воқеан истиқлол дорем? Агар дорем, манбаъ ва маншаи ин ҳама тарсу изтиробу воҳимаи шаҳрвандон аз ин, ки бидуни Русия Тоҷикистон ба фано хоҳад рафт, дар чист?

Ҷанги Русияву Украина ҳамон гуна, ки рӯзе оғоз шуд, рӯзе низ поён хоҳад ёфт. Он чӣ барои мардуми он бахш аз кӯраи хокӣ боқӣ мемонад, фақат талафот аст, талафоти дутарафаи инсонӣ. Вале чизе, ки барои Тоҷикистониён мемонад, ин пурсишҳоест, ки мебоист барояшон посух ёфт.

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG