Хидмати якрӯзаи милисаи сайёҳӣ барои ҳимоят аз ҷаҳонгардони хориҷӣ дар Тоҷикистон 250 сомонӣ, муодили тақрибан 25 доллари амрикоӣ таъйин шуд. Ин маблағ на аз буҷети давлатӣ, балки аз кисаи ширкатҳое пардохта хоҳад шуд, ки хадамоти милисаи сайёҳиро фармоиш медиҳанд. Ҳамчунин, ин ширкатҳо муваззаф мешаванд, милисаҳои сайёҳиро бо ҷои хобу се вақт хӯрок таъмин намоянд.
- Идораи милисаи сайёҳӣ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъди ҳамлаи маргбор ба сайёҳони хориҷӣ ташкил шуд. Рӯзи 29-уми июл дар ҳамлае дар ҳудуди ноҳияи Данғара чаҳор сайёҳи хориҷӣ кушта ва ду тани дигар захмӣ гардиданд.
Пештар дар дидбонгоҳҳо сайёҳонро зиёд тафтиш мекарданд. Сари ҳар қадам корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ манъ мекард...
Намояндагони баъзе аз ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки таъсиси идораи милисаи сайёҳӣ дили ҷаҳонгардонро барои тамошо аз кишвар гарм кардааст. Вале онҳо мегӯянд, харҷи ҳомиёни ҷаҳонгардони хориҷӣ ба гарданашон бор шуд ва бахше аз даромадашонро қайчӣ зад. Намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ иддао доранд, дар аввал ба онҳо гуфта шуда буд, ки хадамоти милисаҳои сайёҳӣ бепул аст, вале дар ду ҳафтаи охир таҷриба карданд, ки барои кори якрӯза ва ҷои хобу хӯрду хӯрокашон наздики 500 сомонӣ сарф мешавад.
Дар идораи милисаи сайёҳии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки хадамоти онҳо танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе бепул аст.
“Ҳодисаи Данғара сайёҳонро тарсонд”
Дилшод Каримов, масъули ширкати сайёҳии “Сайру саёҳати Тоҷикистон” рӯзи 21-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пас аз ҳодисаи террористӣ дар Данғара муштариёни хориҷӣ як андоза аз сафар ба Тоҷикистон тарс доштанд. “Ба муштариҳо гуфтем, ки биёед, дар Тоҷикистон шӯъбае таъсис ёфтааст, ки кормандонаш амнияти Шуморо таъмин мекунанд. Ба Вазорати корҳои дохилӣ рафтем, ки барои раҳбаладии сайёҳон як корманд ҷудо кунанд. Онҷо гуфтанд, ки хизматрасонӣ пулакӣ аст”, - гуфт ӯ.
Масъули ширкати сайёҳии “Сайру саёҳати Тоҷикистон” гуфт, барои нӯҳ рӯз як корманди ин шӯъбачаро киро кардаанд. Ин корманди шӯъбачаи сайёҳӣ бояд ҳафт сайёҳи олмониро зимни тамошояшон дар Тоҷикистон ҳимоя кунад.
Кирои як милиса – 5 ҳазор сомонӣ
Равшан Қодиров, масъули ширкати дигари сайёҳӣ, рӯзи 21-уми август гуфт, бо гумони ройгон будани хидматрасонии милисаи сайёҳӣ аллакай дар барномаҳои таблиғии ширкаташон эълон карданд, ки амнияти ҷаҳонгардонро Вазорати корҳои дохилӣ таъмин мекунад.
Ӯ гуфт, “сайёҳон хабари таъмин шудани амнияташонро аз ҷониби милисаи махсус хуб қабул карданд. Мо дигар роҳ надорем, ки аз хидматрасонии милисаҳо даст кашем. Бояд шартнома кунем ва як корманди мусаллаҳро киро кунем. Чун пештар эълон шуда буд, ки ройгон аст, мо ин маблағро аз ҳисоби худ месупорем”.
Ба гуфтаи ин масъули ширкати сайёҳӣ, ба ҷуз аз 250 сомонӣ, ки расман ба буҷети ВКД супурда мешавад, барои як корманди милиса беш аз 200 сомонии дигар сарф мешавад. Ӯ мегӯяд, агар як корманди милиса барои даҳ рӯз киро шавад, ширкат наздики 5 ҳазор сомонӣ харҷ мекунад. Харҷе, ки то ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон ширкатҳои сайёҳӣ аз он озод буданд.
“Хадамоти зиддиинҳисорӣ розист”
Дилафрӯз Каримова, як масъули шӯъбачаи милисаи сайёҳӣ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 21-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кормандони онҳо танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе ройгон хидмат мерасонанд, вале берун аз ҳудуди пойтахт ширкатҳои сайёҳӣ бояд қарордод банданд.
Ӯ гуфт, аввали моҳи август нархномаи 250-сомонии хидматрасонӣ барои як шабонарӯзро бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа карданд. “Корманди мо на шаб хоб мераваду на рӯз, то амнияти сайёҳонро таъмин кунад. Кормандони мо аз аввали моҳ ҳашт гурӯҳро ҳамроҳӣ карданд. Сайёҳон хеле розӣ буданд. Ҳар рӯз аз сайёҳон ва ширкатҳои сайёҳӣ дархост дорем”, - шарҳ дод ӯ.
Феълан, то даҳ ҷаҳонагрди хориҷиро як корманди мусаллаҳи Вазорати корҳои дохилӣ ҳамроҳӣ мекунад. Аҳмад Ҷӯраев, як роҳбалади тоҷик гуфт, аз кори милисаи сайёҳӣ хушаш омадааст.
Ӯ гуфт, “пештар дар дидбонгоҳҳо сайёҳонро зиёд тафтиш мекарданд. Сари ҳар қадам корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ манъ мекард. Дар ҷойҳои сераҳолӣ баъзе сокинон сайёҳонро суолборон мекарданд. Дар сафари охир, ки моро милисаи сайёҳӣ ҳамроҳӣ мекард, дигар аз тафтиши нозирони БДА ва ташвишҳои дигар халос будем. Вақте мебинанд, ки ҳамроҳат корманди милиса ҳаст, кордор намешаванд.”
Соли 2018 дар Тоҷикистон соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Моҳи феврали имсол масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буданд, ки баъзе аз кормандонашонро барои муошират бо сайёҳон ба дарсҳои забони англисӣ ҷалб кардаанд. Ҳоло ба гуфтаи масъулони ВКД, кормандони бахши навтаъсис, ки вазифаи ҳамроҳӣ кардани сайёҳонро бар дӯш доранд, забони англисиро медонанд.
Масъалаи ҳамроҳӣ кардани ҷаҳонгардон аз ҷониби кормандони милиса пас аз ҳамлаи терорристӣ ба дучархасаворони хориҷӣ дар Данғара ба миён омад.
Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, бо таъсиси ин Шӯъба амнияти ҷаҳонгардон таъмин ва риштаи сафари сайёҳон ба кишвар канда нахоҳад шуд.