Пайвандҳои дастрасӣ

“Инқилоби ҳоҷатхонаҳо”. Аз Чин то Тоҷикистон. ВИДЕО


Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, дар изҳороти ахираш аз мақомоти ин кишвар хостааст, ки ба хотири рушди соҳаи туризм ё ҷаҳонгардӣ “инқилоби ҳоҷатхонаҳо”-ро суръат бахшанд. Сӣ Ҷинпин гуфтааст, ҳоҷатхонаҳои наву замонавӣ барои беҳбуди соҳаи туризм ва, инчунин, сифати зиндагии мардум дар деҳот кумак хоҳад кард.

Меҳмонон дар давоми ин сафар, ки рафту баргашти он беш аз 400 километр роҳро ташкил медиҳад, аз Душанбе то Кӯлоб дар роҳ ягон ҳоҷатхона наёфтанд, ки қазои ҳоҷат кунанд.

Хабаргузории давлатии “Синхуа” менависад, дар сафарҳояш ба манотиқи мухталифи Чин ва дар сӯҳбат бо мардуми русто Сӣ Ҷинпин ҳамеша аз вазъи ҳоҷатхонаҳои онҳо ҳам суол мекунад ва борҳо гуфтааст, ин мавзӯъ яке аз масоили мавриди нигаронии сокинони деҳот мебошад. “Мо бояд дар фикри бунёди рустоҳои наву тоза бошем”, - афзудааст ӯ.

“Инқилоби ҳоҷатхонаҳо” дар Чин аз соли 2015 шурӯъ шуд ва ҳадаф ҳам ин буд, ки ин муассисаҳо тоза ва таҳти назорати ҳамешагӣ бошанд. Дар хабар таъкид мешавад, ки Чинро барои ҳоҷатхонаҳои касифу беназмаш ҳамеша интиқод мекарданд.

Сӣ Ҷинпин
Сӣ Ҷинпин

Дар шарҳи мушкил гуфта мешавад, ки дар манотиқи рустову дурафтодаи Чин аксар ҳоҷатхонаҳо танҳо аз чордевори похсагӣ ва бебом иборат буда, бархе дар наздикии оғилхонаҳои хукҳо ҷойгир мешаванд. Туристҳои хориҷӣ бисёр вақт аз шумори ками ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ, шароити касифу ғайрисанитарии онҳо ва корҳои нокофии поккории ин муассисаҳо интиқод мекунанд. То охири моҳи октябри имсол дар манотиқи туристии саросари Чин 68 ҳазор ҳоҷатхонаи нав бунёд ё ҳоҷатхонаҳои қадимӣ навсозӣ шудаанд.

Ҳоло мақомоти Чин мегӯянд, бо 19 дарсад афзоиш ёфтани шумори ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ, ҳоло мехоҳанд, аз танҳо маконҳои туристӣ ба қаламравҳои дурафтодаву русто ҳам “инқилоби ҳоҷатхонаҳо”-ро тавсеа диҳанд.

Дар фосилаи солҳои 2018 то 2020 дар Чин мехоҳанд, 64 ҳазор ҳоҷатхонаи нав бунёд кунанд. Мушкили ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ ҳамчун монеи пешрафти соҳаи туризм дар бисёре аз кишварҳои дигар ҳам вуҷуд дорад.

Дар Тоҷикистон, ки барномаи рушди соҳаи туризм амал мекунад, ин масъаларо дар чанд соли охир ҷиддӣ арзёбӣ мекунанд. Аз ҷумла, моҳи августи соли 2016 мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки мехоҳанд дар канори шоҳроҳҳои асосии кишвар дар ҳар панҷоҳ километр як ҳоҷатхона ва дар ҳар сад километр меҳмонхонаҳои хурд бунёд кунанд. Сохтмони меҳмонхона ва насби ҳоҷатхонаҳо дар канори шоҳроҳҳои бузурги кишвар бахше аз Барномаи давлатии рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон то соли 2017 маҳсуб мешавад.

Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Кувайт, моҳи феврали соли гузашта дар як нишаст дар Душанбе гуфта буд, ки сайёҳони араб тӯли беш аз се соат, аз Душанбе то қалъаи Ҳулбук, маҷбур буданд, қазои ҳоҷат накунанд, зеро дар роҳ ягон ҳоҷатхона наёфтаанд. Вай гуфт, “меҳмонон дар давоми ин сафар, ки рафту баргашти он беш аз 400 километр роҳро ташкил медиҳад, аз Душанбе то Кӯлоб дар роҳ ягон ҳоҷатхона наёфтанд, ки қазои ҳоҷат кунанд."

Дар гузорише, ки ЮНИСЕФ соли 2016 ба нашр расонд, аз вазъи бади ҳоҷатхонаҳо дар мактабҳои Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буд. Дар гузориши СММ гуфта шуд, ки дар 45 дарсади мактабҳои Тоҷикистон об нест ва дар 83 дарсади онҳо ҳоҷатхона ё мавҷуд нест ва агар бошад ҳам, вазъи хеле бад дорад. Соли 2015 гузоришгари вижаи СММ оид ба об ва санитария пас аз сафари 10-рӯзааш ба Тоҷикистон гуфта буд, танҳо 44 дарсади аҳолии кишвар ва он ҳам дар шаҳрҳо ба шабакаи мутамаркази "канализатсия" дастрасӣ доранд. Вай гуфта буд, пулҳои ихтисосдодаи давлати Тоҷикистон аз буҷети кишвар барои ҳалли ин масъалаҳо ниҳоят ночиз аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG