Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ки парвандаи даҳ корманди Оҷонсии зиддифасод, аз ҷумла муовини собиқи раиси ин ниҳод Давлатбек Хайрзода ва сардори раёсати тафтишот Фирӯз Холмуродзода, барои баррасӣ ва муҳокима ворид шудааст. Шермуҳаммади Шоҳиён рӯзи 17-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ин даҳ нафар ба “қаллобӣ”, “гирифтани пора” ва ҷиноятҳои дигар муттаҳаманд.
- "Розҳои сар ба муҳри" боздошти кормандони Оҷонсӣ. Чаро чизе намегӯянд?
- Боздошти Хуршед Ҷабборзода дар робита ба парвандаи кормандони Оҷонсӣ
- Манбаъ: Вазъи саломатии Фирӯз Холмуродзода дар СИЗО бад шудааст
Парвандаи онҳо ба таври махфӣ тафтиш шуда, барои баррасӣ ва муҳокима ба Додгоҳи олӣ ворид гардид. Мурофиаи онҳо паси дарҳои баста шурӯъ хоҳад шуд
Қаблан дар матбуот дар бораи боздошти аз 5 то 9 корманди Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия суҳбат мешуд. Ҳоло раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон боздошти даҳ корманди Оҷонсиро тасдиқ кард ва ин нахустин мавриди таъйиди расмии ин теъдод аз кормандони Оҷонсист.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо ин ҳол, Шермуҳаммади Шоҳиён дар ин сӯҳбат номи ҳамаи даҳ нафари боздоштшударо ошкор накард ва танҳо гуфт, ки дар баробари Давлатбек Хайрзода ва Фирӯз Холмуродзода, сардори боз як раёсату муфаттишони дигари Оҷонсӣ боздошт шудаанд. “Парвандаи онҳо ба таври махфӣ тафтиш шуда, барои баррасӣ ва муҳокима ба Додгоҳи олӣ ворид гардид. Рӯзҳои наздик мурофиаи додгоҳии онҳо паси дарҳои баста шурӯъ хоҳад шуд”, - таъкид кард раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон.
Дар посух ба ин суол ки оё бозбинии парвандаи афроде, ки дар гузашта мақомҳои боздоштшудаи Оҷонсӣ тафтиши онро бар уҳда доштаанд, дар назар аст ё не, Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, “ҳамаи он парвандаҳоро дар гузашта муфаттишони Додситонии кулл ва кормандони Додгоҳи олӣ ҳам тафтиш карда буданд ва гуноҳи онҳо собит шудааст. Ниёзе ба бозбинии парвандаҳо нест.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳафтаи гузашта манобеи Радиои Озодӣ ҳадди ақалл ба Додгоҳи олӣ ирсол шудани ду парвандаи кормандони боздоштшудаи Оҷонсии зиддифасодро тасдиқ карда буданд.
Тоҷикистон дар соли 2006 Шӯрои муқовимат бо коррупсия ва ба дунболи он Оҷонсии мубориза бо фасодро таъсис дод. Дар оғоз ин Оҷонсиро Шерхон Салимзода ва баъдан Абдуфаттоҳи Ғоиб раҳбарӣ карданд. Дар соли 2015 ба раёсати ин ниҳод Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон омад ва каме беш аз як сол дар ин ниҳод машғули кор буд. Рустами Эмомалӣ моҳи январи имсол аз ин мақом озод ва шаҳрдори Душанбе таъин шуд. Ҳоло раёсати ин ниҳодро Сулаймон Султонзода, додситони пешини пойтахт бар уҳда дорад.
Коршиносон мегӯянд, боздошти якбораи даҳ мансабдори Оҷонсии зиддфиасод ҳодисаи бесобиқа аст. Танҳо дар соли 2012 дар пайи интиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ниҳоди додситониву Оҷонсии зиддифасод се муовини раиси ин ниҳод аз мақомҳои худ барканор шуда, аммо баъд аз чанд муддати “бекорӣ” ду нафарашон дар порлумону Додситонии кулл ҷо ёфта буданд.
Президент дар ин ҷаласаи ду соли пеш дар Шӯрои амният ҷиддан аз фаъолияти Оҷонсии зидди коррупсия изҳори ноқаноатмандӣ карда, ҳушдор дода буд, ки агар ин ниҳод бо ҳамин мизони камранг фаъолияташро идома диҳад, барҳамаш хоҳад дод. Эмомалӣ Раҳмон хитоб ба раиси онвақтаи Оҷонсӣ Абдуфаттоҳи Ғоиб гуфта буд, дар ҷиноятҳои коррупсионӣ вақте кормандони худи Оҷонсии зидди фасод ба даст меафтанд, ин ниҳод барои кишвар чӣ зарурат дорад?
Қабл аз ин як масъули Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам гуфта буд, ки кормандони Оҷонсии зиддифасоди кишвар дар бархе ҳолатҳо худ даст ба фасод мезананд ва шояд танҳо 5 дар сади онҳо вазифаи худро содиқона анҷом диҳанд. Ин изҳорот боис ба вокуниши тунди Оҷонсӣ шуда буд.