Пайвандҳои дастрасӣ

Муаззама:"Судяҳоеро дидаам, ки баъди ҳукм гиря карданд"


Муаззама Қодирова
Муаззама Қодирова

Рӯзи 26 май дар Тоҷикистон рӯзи вакили дифоъ таҷлил мешавад ва ба гуфтаи худи ҳуқуқшиносон, кори мудофеон торафт бештар зери фишор ва маҳдудият қарор мегирад. Ҳадди аққал се вакили дифоъ, ки аз ҳаққи боздоштшудаҳои сиёсӣ дар додгоҳ ҳимоят кардаанд, бо мӯлатҳои тӯлонӣ пушти панҷара рафтанд.

Ҳолномаи Муаззама Қодирова

Муаззама Қодирова 18 соли собиқаи ҳуқуқшиносӣ дорад ва давоми 10 соли гузашта ба ҳайси вакили мудофеъ кор кардааст. Дар гузашта дар мақоми ҷониши раиси бахши ҳифзи табиати шаҳри Хучанд ва вилояти Суғд кор кардааст. Оиладор, соҳиби як фарзанд аст. Аз моҳи январи соли ҷорӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад.

Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои соҳибкор Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов - вакилони аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба мӯҳлати аз 9 то 25 соли зиндон маҳкум шудаанд. Дар ҳоле, ки мақомот вуҷуди ангезаҳои сиёсӣ дар парвандаҳои ин афродро рад мекунанд, худи маҳкумшудаҳо ва наздиконашон мегӯянд, таъқиби онҳо баъди он шурӯъ шуд, ки бо парвандаҳои ҳассоси сиёсӣ машғул шуданд.

Муаззама Қодирова, ки моҳи январи соли ҷорӣ Тоҷикистонро тарк кардааст, дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, фишор ва таҳдиди боз шудани парванда аз рӯи иттиҳомоти сохтаи фасодкорӣ ӯро ба тарки кишвар водор кард.

Таманниёт ба ҳамкасбон: “Бовиҷдон ва бадилу гурда бошед”

Радиои Озодӣ: Исми шуморо гузориши нави созмони Афви байнулмилал дар гузориши ахири худ ба ҳайси танҳо нафаре ёд мекунад, ки аз ҳуқуқи ҳамкасбонатон Ёров ва Маҳкамов дифоъ кардед ва хусусияти сиёсӣ доштани парвандаҳои онҳоро бо матбуот дар миён гузоштаед. Мешавад дар бораи таҷрибаи касбии худ дар ин парвандаҳо бигӯед?

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъ, ки барои муддати тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шуд.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъ, ки барои муддати тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шуд.

Муаззама Қодирова: Ҳамаи ҳамкасбон ва ҳамватанонеро, ки айни ҳол дур ҳастанд, бо иди касбӣ табрик мекунам. Муваффақият мехоҳам. Мехоҳам вакилони бовиҷдон бошанд, тавре дар урфият мегӯянд, бадилу гурда бошанд. Гарчанде ки ман ҳам аз ин роҳ гузаштам, фаъолияти вакилиамро тӯли 10 сол дар кишвар пеш бурдам. Бисёр парвандаҳои ҷиноии сиёсиро ҳам ба ӯҳда мегирифтам. Парвандаи охирини ман, ки тӯли 9 моҳ аз он ҳимоят кардам, марбут ба яке аз вакилони машҳур Бузургмеҳр Ёров буд. Тақдири он кас чӣ шуд, ин ҳам ба ҳама маълум аст. Сад афсӯс, ки ман фаъолияти худро дар Тоҷикистон давом дода натавонистам. Се парвандаро, ки ба ӯҳдаи ман буд, то охир бурда натавонистам. Аз рӯи шуниди ман, ба Бузургмеҳр Ёров як вакили навро пешниҳод кардаанд. Вакили дифоъ – як духтари ҷавон, тавре шунидам, ба назди Бузургмеҳр Ёров рафта хеле гиря карда, аз ӯ раддия гирифтааст. Ӯро фаҳмида мешавад. Бо назардошти он чи ки бо ман ва аҳли оилаи ман шуд, ҳама ҳолатро фаҳмида мешавад.

Радиои Озодӣ: Наздикони шумо чӣ ҳол доранд?

Муаззама Қодирова: Наздикони ман ҳама дар Тоҷикистон мебошанд. Ман бо онҳо алоқа надорам ва онҳо ҳам аз тамос бо ман метарсанд. Онҳо баъди ташрифҳои мақомоти қудратӣ метарсанд. Ҳоло танҳо фарзанди ман ҳамроҳам аст.

“Ба мақомот писанд нест, ки вакил бо парвандаи сиёсӣ сарукор гирад”

Радиои Озодӣ: 9 моҳи ҳимоят аз ҳуқуқи Ёров, ки мегӯед пурмушкил буд, чӣ тавр гузашт?

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи соҳибкори шинохта Зайд Саидов.
Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи соҳибкори шинохта Зайд Саидов.

Муаззама Қодирова: Ман ҳамаро ошкоро гуфта наметавонам, чунки оилаи ман дар Тоҷикистон аст. Вале ҳаминро мегӯям, ки се парвандаи марбут ба Ёров, ки ман тӯли 9 моҳ доштам, хеле парвандаҳои мушкил буд. Танҳо ҳаминро мегӯям, ки кори касбии худро иҷро мекардам ва ҳеҷ гоҳ ба фаъолиятҳои сиёсӣ даст назадаам. Вале худи ин, ки шумо парвандаи сиёсиро ба ӯҳда гирифтед, аллакай мислест, ки як чизро вайрон кардед. Чиро вайрон кардед? Ба мақомот писанд нест, ки вакил бо парвандаи сиёсӣ сарукор гирад, яъне ба онҳо халал расонад. Вақте ту парвандаи сиёсиро ба ӯҳда гирифтӣ, аз пушти ту назорат мешавад. Ба ман ду-се маротиба ошкоро гуфтанд, ки аз парванда даст каш, дархости бисёр накун, бисёр гап назан, дифоъ накун. Ман дар ин бора ба Прокуратураи генералӣ ва ҳам ВКД арз карда будам. Арзи хаттӣ не албатта, шифоҳӣ. Вале сабаби асосие, ки боиси баромада рафтани ман аз кишвар шуд, диктофони ман буд. Ман парвандаро пурра аз рӯи кодекси мурофиавӣ сабт мекардам. Аз рӯи қонун иҷозат дода шудааст. Дар охири мурофиа рӯзи 5 январ диктофони ман корношоям буд. Вале сумкаи маро кофта онро гирифтанд ва баъди ин ман баромада рафтам. Ман то он замон ҳар рӯз дар назди зерҳимояҳои худ будам, аз аҳволи онҳо бохабар будам. Танҳо рӯзҳои якшанбе намерафтам. Дигар вақт шабу рӯз кор мекардем. Азбаски худи Бузургмеҳр вакил буд, ба ман бисёр кӯмак мекард. Мо якҷоя кор мекардем. Дар як рӯз камаш 4-5 соат ман дар назди онҳо будам.

Судяҳо гарчанде ҳам хоҳанд, ки кӯмак кунанд, лекин наметавонанд. Ман медонам судяҳоеро, ки ҳукмро хонда баъди он гиря кардаанд. Виҷдонашон азоб додааст, фишори хунашон баланд шудааст... М.Қодирова

Радиои Озодӣ: Мо ҳамеша дар бораи Бузургмеҳр Ёров аз дохили боздоштгоҳ маълумоти кам ва нокофӣ мегирем. Вазъияти ӯ чӣ хел буд, худаш дар бораи қазияаш чӣ мегуфт?

Муаззама Қодирова: Бузургмеҳр мард аст. Вазъи рӯҳии ӯ то моҳи январ, ки фаъолият мекардам, хуб буд. Худро ба даст мегирифт. Ман ягон бор ашки чашми он мардро надида будам. Ӯ бисёр оптимист буд. Ӯ бисёр бовар дошт, ки парвандааш дар доираи қонун дида баромада мешавад. Имрӯз набошад - пагоҳ, пагоҳ набошад - фардояш дар доираи қонун ҳал мешавад. Айни ҳол чӣ вазъ дорад, намедонам, танҳо баъзе маълумоте, ки аз наздиконаш ба ман мерасад, аз он огоҳам.

Радиои Озодӣ: Дуруст аст, ки мегӯянд, тундгапии Бузургмеҳр сабаб шуд, ки парвандаи ӯ рӯз ба рӯз сангинтар шавад? Аз замоне, ки бо қаллобӣ (октябри соли 2015) боздошт шуд, чанд моддаи дигар ҳам илова шуд ва ӯ ҳамеша худро бегуноҳ гуфтааст.

Муаззама Қодирова: Тундгапӣ не. Дурусттар гӯем, Бузургмеҳр Ёров гап мезад. Аз сабаби ин, ки ӯ вакил буд, худро ҳимоя мекард. Ҷояш буд, дар мурофиаи судӣ ба хашм меомад. Ӯ бовар намекард. Вале тундгапӣ намекард. Он шеъре, ки вай дар шабу рӯзи боздошти бародараш хонд, таҳқир набуд.

“Аз ояндаи кори вакили дифоъ хушбин нестам”

Радиои Озодӣ: Дурнамои кори вакилиро дар Тоҷикистон шумо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Муаззама Қодирова: Ман хушбин нестам. Модоме, ки барои парвандаи Бузургмеҳр як вакили ҷавонро мефиристанд.... барои як парвандаи "сархӯр". Ҳеҷ як вакили дифоъ бо таҷрибаи чандинсолаи кор омода намешавад, ки аз Бузургмеҳр дифоъ кунад.

Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон.
Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон.

Радиои Озодӣ:Таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон чунин аст, ки маъмулан ҳукм мутобиқ бо талаби айбдоркунандаи давлатӣ содир мешавад ва гӯё нақши вакил дар муҳокимаҳо чандон бориз ва мустаҳкам нест.

Муаззама Қодирова: Судяҳои мо мустақил нестанд. Бо ин, ки судяҳои хуб бисёранд. Ман бисёр ҳамкорӣ кардаам. Дар додситонӣ низ одамҳои хуб бисёранд. Онҳо мутахассисони хуб ҳастанд. Онҳо худашон ҳам инро мефаҳманд, лекин илоҷ надоранд. Система ҳамин хел сохта шудааст. Судяҳо гарчанде ҳам хоҳанд, ки кӯмак кунанд, лекин наметавонанд. Ман медонам судяҳоеро, ки ҳукмро хонда баъди он гиря кардаанд. Виҷдонашон азоб додааст, фишори хунашон баланд шудааст... Лекин онҳо илоҷи дигар надоштаанд. Онҳо маҷбур буданд он ҳукмро содир кунанд. Зеро онҳоро назорат мекарданд.

Радиои Озодӣ: Ҳоло дар Тоҷикистон сарусадое дар заминаи гӯё боздошт шудани гурӯҳи калони мақомдорон аз Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба гӯш мерасад. Шумо бовар доред, ки ин афрод ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд?

Муаззама Қодирова: Бовар надорам. Онҳоро, тавре мехонем, барои қаллобӣ боздошт кардаанд. Ягонтои онҳо экстремист нестанд, ифротгаро нестанд. Аз рӯи қаллобӣ маблағро пардохт мекунанд ва онҳо озод мешаванд.

XS
SM
MD
LG