Пайвандҳои дастрасӣ

Озода Раҳмон мушовири давлатии адлия шуд


Озода Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба духтараш Озода Раҳмон, ки ҳоло раиси дастгоҳи иҷроияи президент аст, унвони мушовири давлатии адлия додааст. Ин унвон рутбаи баланд дар низоми додгустарӣ ба ҳисоб меравад. Қарор дар ин заминаро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25-уми майи ба имзо расондааст ва як нусхаи онро имрӯз Радиои Озодӣ ҳам дид.

Бо назардошти дониши ҳуқуқӣ ва мақомаш, ки раиси маъмурияти президент аст, ба ӯ чунин унвонро додаанд

Озода Раҳмон, ки соли 2016 раиси дастгоҳи иҷроияи президент таъйин шуд, расо 5 сол пеш аз гирифтани ин унвон, 25-уми майи соли 2012 диссертатсияи номзадиаш дар мавзӯи “Инкишофи қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои зан дар Тоҷикистон”-ро ҳимоят кард ва унвони номзади илми ҳуқуқшиносиро гирифт.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон рӯзи 13-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски Озода Раҳмон дар нардбони ҳокимият, яке аз мақомҳои аввалро дорад, бояд чунин унвон дар низоми адлияро дошта бошад.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

"Озода Раҳмон, ки шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии Донишгоҳи миллиро хатм кардааст, дар иерархия ва ё нардбони ҳокимияти давлатӣ аз рӯи статус андаке поинтар аз мақоми муовини аввали нахуствазир аст. Дар мақомоти қудратӣ, дар ин мақом рутбаи генерал-полковник ва ё баробар ба инро медиҳанд. Аммо бо назардошти дониши ҳуқуқӣ ва мақомаш, ки раиси маъмурияти президент аст, ба ӯ чунин унвонро додаанд”- гуфт, Шокирҷон Ҳакимов ба Радиои Озодӣ.

Аммо ба қавли ӯ, салоҳиятҳо ва ваколатҳои Озода Раҳмон дар мақоми раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ зиёд ва ё васеъ намешавад.

Духтари 38-солаи раиси ҷумҳур, ки ба ғайр аз рутбаи мушовири давлатии адлия, рутбаи дипломатии сафири фавқулода ва мухторро дорад. Вай дар сафорати Тоҷикистон дар Амрико ва баъдан дар Вазорати умури хориҷӣ ба ҳайси муовини вазир кор кардааст. Шавҳараш Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон аст.

Эмомалӣ Раҳмон бо духтараш Озода Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон бо духтараш Озода Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмонро, ки бештар аз ду даҳсола аст, Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад, барои таъйини фарзандон ва наздиконаш ба мақомҳои баланд танқид мекунанд. Мунтақидони давлат мегӯянд, ин қарорҳои раиси ҷумҳур барои тақвияти қудрати президент аст. Солҳои ахир ҳамчунин раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои саркӯби мухолифин, таҳаммул накардани дигарандешон, фишор ба озодии баён сахт танқид мешавад.

Писари калонии Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ дар гузашта, раиси Хадамоти гумрук, раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия буд ва имсол бо фармони падараш раиси шаҳри Душанбе таъйин шуд.

Рухшона Раҳмонова, хоҳари Озода ва Рустам, айни замон муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аст ва чанде пеш китобаш бо номи “Асосҳои хизмати дипломатӣ”- ро дар вазорат муаррифӣ кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG