Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзе, ки Ислом Каримов даргузашт. ВИДЕО


Муҷассамаи Ислом Каримов дар шаҳри Тошканд

Аз эълони расмии даргузашти Ислом Каримов – раиси ҷумҳури пешини Узбакистон – як сол сипарӣ шуд. Ҳукумати Узбакистон рӯзи дувуми сентябри соли 2016, баъди тақрибан як ҳафтаи сактаи мағзӣ шудан, марги Каримовро тасдиқ ва тавассути телевизиони давлатӣ эълон намуд. Президенти Узбакистон 78 сол дошт ва 27 сол дар сари қудрат буд.

Имрӯз метавонед дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва вебсайтҳои фаъол дар Узбакистон мақолаҳои танқидиро бихонед. Ҳатто вазирон бо матбуот сӯҳбат анҷом медиҳанд. Дар замони Ислом Каримов тасаввур кардани ин вазъ имконнопазир буд
Сироҷиддини Ислом

Як сол бидуни Каримов

Узбакистон як сол боз бидуни Ислом Каримов нафас мекашад. Баъд аз сари ӯ Шавкат Мирзиёев, нахуствазири собиқ аввал муваққатан ва сипас баъди пирӯзӣ дар интихоботи моҳи декабр пурра ҷилави қудрат дар Узбакистонро ба даст гирифт. Ӯ дар замони зинда будани Каримов тӯли сенздаҳ сол раиси ҳукмат ба шумор мерафт ва худаш ҳам гуфта буд, ки роҳи президенти собиқро идома хоҳад дод.

Ислом Каримов аз соли 1989 раҳбари Узбакистон буд ва дар тӯли 27 соли раҳабрӣ салоҳиятҳои раиси ҷумҳур ва хадамоти амнияти ин кишвар афзуда, ҳуқуқи башар ба таври густурда нақз шудааст. Ба қавли ҳомиёни ҳуқуқи башар, дар даврони раҳбарии Каримов мухолифони сиёсии ӯ саркӯб шуда, аз шиканҷа ва ҳангоми ҷамъоварии пахта аз меҳнати маҷбурӣ фаровон истифода мегардид.

Аммо коршиносон мегӯянд, дар як соли бидуни Ислом Каримов ҳукумати Узбакистон барои расидагӣ ба ниёзҳои мардум, як андоза озодии матбуот ва равшанфикрону ҳунармандон иқдом кардааст.

Коршинос Сироҷиддини Ислом мегӯяд, дар тақрибан як соли раҳбарӣ Мирзиёев беш аз 700 қонуну қарорро имзо гузошт, ки аксари он барои пешрафти Узбакистон нигаронда шудааст. Ӯ гуфт, “ҳукумат ҳоло ба ниёзҳо ва саволҳои мардуми одӣ ҷавоб медиҳад. Матбуот нисбатан озодтар шудааст. Имрӯз метавонед дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва вебсайтҳои фаъол дар Узбакистон мақолаҳои танқидиро бихонед. Ҳатто вазирон бо матбуот сӯҳбат анҷом медиҳанд. Дар замони Ислом Каримов тасаввур кардани ин вазъ имконнопазир буд”.

Тағйир дар муносибати Тошканду Душанбе

Дар Тоҷикистон ҳам тағийрот дар Узбакистонро эҳсос кардаанд. Пеш аз ҳама, тағйир дар муносибати ду ҳамсояи девор ба деворро.

Иброҳим Усмонов
Иброҳим Усмонов

Иброҳим Усмонов, таърихнигор ва мушовири собиқи раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар як соли гузашта муносибати Тошканду Душанбе рӯ ба беҳбуд овард ва дар марҳилаи таҳкимёбист. Ӯ рӯзи -юми сентябр гуфт, "намояндагони вазоратҳои дахлдори Узбакистон ба масъалаи нерӯгоҳи Роғун таваҷҷӯҳ карданд. Чизе, ки дар гузашта набуд. Узбакистон дар Тоҷикистон намоишгоҳи саноатӣ баргузор кард. Сафари овозхонони маъруфи Узбакистон ба роҳ монда шуд. Дар хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон эълони бузурги барномаҳои консертии ҳунармандони кишвари ҳамсоя насб шудааст. Медонед, баъди беҳад зиёд фосила гирифтани муносибатҳо, робитаҳо ибтидо аз масъалаҳои фарҳангӣ оғоз мегирад.”

“Акнун навбати Тоҷикистон аст”

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳам гуфт, гармӣ дар муносибати ду кишвар эҳсос мешавад, аммо ба қавли ӯ то кунун аксари ин иқдом аз тарафи Тошканд будааст. “Акнун навбати Тоҷикистон аст. Тоҷикистон ҳам дар Узбакистон намоишгоҳҳо ташкил кунад. Бояд аз ҳамкорӣ, аз ҷумла дар масъалаи бардоштани виза ва масъалаҳои дигар бо Узбакистон тарс надошта бошад ва маҳорати дипломатиро ба кор андозад. Инро ҳам бояд гуфт, ки то ҳол Мирзиёев ду дафъа ба Қазоқистон ва ду дафъа ба Туркманистон рафт, вале ба Тоҷикистон наомадааст."

Раҳматилло Зоиров
Раҳматилло Зоиров

Зоиров дар ин сӯҳбаташ гуфт, Ислом Каримов бо вуҷуди онки барои дигарон “чеҳраи хубе набуд”, аммо барои кишвараш “аз нигоҳи стратегӣ ва давлатдорӣ хидмати бениҳоят бузург кард”. “Ин баъди Каримов боз аён шуд. Албатта, Узбакистон дар замони раҳбарии Ислом Каримов камбудҳои ҷиддӣ ҳам дошт, аз ҷумла, дар низоми молиявӣ ва ғайра. Ҳоло Мирзиёев талош дорад, ки камбудҳоро бартараф кунад”, - афзуд ӯ.

Каримовро сактаи мағзӣ аз пой афтонд

Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон, рӯзи 27-уми августи соли гузашта бар асари сактаи мағзӣ аз пой афтод ва то рӯзи дувуми сентябр дар бораи вазъи саломати ӯ ва зинда ё мурда буданаш иттилои дақиқ дар даст набуд. Дар ин муддат баъзе расонаҳо аз марги ӯ хабар дода, вале баъдан манобеи мухталиф даргузашти Ислом Каримовро рад карданд. Хабари марги ӯ танҳо дувуми сентябр пахш шуд ва рӯзи 3-юми август ӯро дар зодгоҳаш Самарқанд ба хок супурданд. Дар маросими видоъ бо ӯ раҳбарони чанде аз кишварҳо, аз ҷумла раиси ҷумҳури Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард.

Ислом Каримов соли 1983 вазири молияи Узбакистон ва соли 1986 раиси Госплан ва муовини сарвазир ва дар ҳамон сол котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Қашқадарё таъин шудааст. Ӯ тобистони соли 1989 ба курсии котиби аввали кумитаи марказии ҳизби коммунисти Узбакистон нишаст ва моҳи марти соли 1990 аз сӯи вакилони Шӯрои олӣ президенти ин ҷумҳурӣ интихоб шуд. Ӯ гуфта буд, ки “агар маро президент интихоб кунед, бояд ҳаққи пароканда кардани порлумонро дошта бошам. Ҳарфи охир бояд аз ман бошад.”

Интихоботҳои ношаффоф, саркӯби исломгароён ... ва шиканҷа

Баъдан, дар соли 1991, Ислом Каримов дар нахустин интихоботи президентии Узбакистон иштирок карда, бо касби 86 дарсади раъй ғолиб омад. Моҳи марти соли 1995 замони раёсати Каримовро бидуни интихобот то соли 2000 тамдид карданд. Сипас, Каримов аз тариқи интихобот боз ба як давраи панҷсолаи раёсат даст ёфт. Аммо соли 2002 бо баргузории як раъйпурсӣ замони раҳбарии ӯро аз 5 ба 7 сол тағйир доданд. Солҳои 2007 ва 2014 Каримов боз ҳам аз тариқи интихоботҳои зоҳиран “алтернативӣ” ва ҳарду дафъа бо касби 90 дарсади оро замони раҳбариашро тамдид кард. Муҳлати охирини раёсати ҷумҳури ӯ бояд соли 2021 ба поён мерасид.

Вале Ғарб ҳамеша интихоботҳои Узбакистонро "ношаффоф ва ғайриозод" номидааст. Ислом Каримов, инчунин, барои сӯиистифода аз саркӯби исломгароҳо ба нафъи худаш муттаҳам мешуд. Баъди таркишҳои солҳои 1999 ва 2004 ва ошӯби Ҳаракати исломии Узбакистон дар солҳои 1999 ва 2000 созмонҳои исломӣ таҳти фишори сахт қарор гирифтанд. Дар поёни солҳои навадум барои вуҷуди камбудҳо дар роҳи мубориза бо исломгароён Каримов дар порлумони кишвараш гуфт, "агар шумо майли муборизаро надоред, ба ман туфангча диҳед ва ман ба сарашон тир хоҳам зад."

Моҳи майи соли 2005 тазоҳуроти эътирозӣ дар Андиҷон, дар шарқи Узбакистон, ба беназмиҳо кашонда шуд, ки баъдан бо аз сӯи хадамоти махсуси ин кишвар пахш карда буд. Он вақт аз кушта шудани садҳо нафар гузориш шуда буд. Аммо Ислом Каримов бо баҳонаи онки дар паси ин тазоҳурот нирӯҳои исломӣ меистанд, ба таҳқиқи байналмилалии ҳодисаи хунини Андиҷон иҷозат надод.

Узбакистон, ки бо Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистон ҳамсарҳад аст, бо бештар аз 30 миллион нуфус яке аз кишварҳои бузурги минтақа аст ва соҳиби артиши қавӣ ҳам мебошад. Ба ҷуз ин, Узбакистон аз конҳои нафту газ бой аст ва дар гузашта борҳо қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистону Қирғизистонро ба унвони фишор ба ин ду кишвари болооб истифода кардааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG