Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Салим-бойбача" соҳиби мақоми расмӣ шуд


Салим Абдувалиев, маъруф бо лақаби "Салим-бойбача"

Салим Абдувалиев, маъруф бо лақаби “Салим-бойбача”, ки дар интихоботи моҳи декабри соли гузашта аз номзадии Шавкат Мирзиёев ҳимоят карда буд, муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Узбакистон таъин шудааст. Бино ба хабари матбуоти Узбакистон, ин тағйироти кадрӣ рӯзи 6 январ анҷом шуда, раёсати кумитаро Алишер Султонов, раҳбари ширкати “Узбекнефтегаз”, бар ӯҳда гирифтааст.

Вай навиштааст, ки Абдувалиев дар хариду фурӯши курсиҳои раҳбарӣ дар зинаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ низ даст дорад.

Салим Абдувалиев дар ҳоле ба мақоми муовини раиси Кумитаи миллии олимпӣ расид, ки соли 2008 барои саҳмаш дар рушди варзиш аз тарафи Ислом Каримов, президенти нахустини Узбакистон, ҷоизаи давлатӣ гирифта буд. Бино ба гузоришҳо, вай чанд дафъа тими миллии Узбакистонро барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ низ сарпарастӣ кардааст.

Салим Абдувалиев
Салим Абдувалиев

“Салим-бойбача” дар баробари Ғафур Раҳимов, мулаққаб ба “Ғафур-бойбача” ва Олимҷон Тӯхтаохунов, мулаққаб ба “Тайванчик” аз машҳуртарин намояндагони олами ҷиноии Узбакистон номбар мешавад. Қаблан баъзе расонаҳо аз номаи Ҷон Пурнелл – сафири собиқи Амрико дар Узбакистон – ёдоварӣ карда буданд, ки Салим Абдувалиевро "яке аз раҳбарони олами ҷиноӣ" дар ин кишвари Осиёи Марказӣ муаррифӣ кардааст. Ӯ дар номаи дипломатии худ навиштааст, Абдувалиев дар хариду фурӯши курсиҳои раҳбарӣ дар зинаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ низ даст дорад.

Темур Тиллоев – шавҳари Лола Каримова-Тиллоева – духтари хурдии раиси ҷумҳури собиқи Узбакистон аз хешовандони Салим Абдувалиев аст ва ӯ то ҷое "қудо"-и Ислом Каримов низ ба шумор мерафт.

Дар солҳои охир “Салим-бойбача” ба яке аз соҳибкорони пурнуфуз дар арсаи тиҷорати Узбакистон табдил ёфта, ҳамзамон бо дасти хайру саховатмандӣ ва ихтисоси маблағҳои бузург барои барномаҳои хайрия маъруф шудааст. Бино ба гузоришҳои матбуотӣ, “Салим-бойбача” сарпарасти як идда аз ситораҳои ҳунари Узбакистону Русия низ ҳаст.

Алишер Азизхоҷаев, муовини пешини нахуствазири Узбакистон ва Салим Абдувалиев
Алишер Азизхоҷаев, муовини пешини нахуствазири Узбакистон ва Салим Абдувалиев

Дар соли 2014 дар тӯйи арӯсии Малика Абдувалиева – набераи Салим-бойбача дар тӯйхонаи мӯҳташаме бо номи “Гранд Осиё” дар Тошканд ситораҳои шоу-бизнеси Русия, аз ҷумла Иосиф Кобзон ва Николай Басков ва овозхонҳои саршиноси Узбакистон Фаррух Зокиров¸ Наргис Зокирова¸ Юлдуз Усмонова ва Севара Назархон ҳунарнамоӣ карданд. Соқӣ ва барандаи тӯй – яке аз раҳбарони Шабакаи аввали телевизиони Русия Валдис Пелш будааст.

Салим Абдувалиев, маъруф бо лақаби “Салим-бойбача”-ро дар баъзе аз доираҳои Тоҷикистон низ хуб мешиносанд, аммо аз сӯҳбат дар бораи вай худдорӣ мекунанд. Фақат ин нукта рӯшан аст, ки баъд аз ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 Додситонии кулли Тоҷикистон ба эҳтимоли даст доштани Салим Абдувалиев дар ин ҳодисаҳо ӯро мавриди бозпурсӣ қарор додааст.

Солеҳҷон Ҷӯраев, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ ин нуктаро тасдиқ карда ва гуфта буд, ки худи ӯ низ дар ин бозпурсӣ иштирок кардааст. Ҷӯраев гуфта буд, дар натиҷаи бозпурсӣ маълум шуд, ки Абдувалиев ба ин ҳодисаҳо рабт надоштааст.

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG