Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситораҳои Русия дар тӯйи набераи Салим-бойбача (8 АКС)


Николай Басков дар тӯйи набераи Салим-бойбача
Николай Басков дар тӯйи набераи Салим-бойбача

Бо вуҷуди он ки дар Ӯзбакистон тӯйҳои пурдабдаба манъ шудаанд, яке аз сарони олами ҷиноии минтақа Салим-бойбача нишон дод, ки ин қонун ба ӯ дахл надорад.

Бино бар гуфтаи шоҳидони айнӣ, тӯйи арӯсии набераи Салим Абдувалиев ё Салим-бойбача ба андозае пуршукӯҳ гузаштааст, ки мардуми Тошканд мегӯянд, чунин маъракаи азимро мардуми ин шаҳр ёд надоранд. Ин тӯй рӯзи якшанбе, 27 апрел, дар тӯйхонаи мӯҳташаме бо номи "Гранд Осиё" баргузор шудааст. Бархе ҳам ин маъракаро на арӯсӣ, балки “фестивали ситораҳои мусиқии Русия” бо иштироки овозхонони машҳур Иосиф Кобзон ва Николай Басков ва суханрониҳои шоумен Валдис Пелш номидаанд.

Ба гуфтаи онҳо, дар рафти ин маърака ҳамчунин қонуни дигари Ӯзбакистон, ки сурудҳои таблиғи замони шӯравиро манъ мекунад, низ поймол гаштааст. Таври маълум чунин таронаҳо дар барномаи Кобзон зиёданд. Гузашта аз ин Вазорати фарҳанг ва варзиши Ӯзбакистон ҳунарнамоии Кобзонро дар қаламрави ин кишвар аз соли 2004 ба ин сӯ низ манъ кардааст.
Наварӯсон
Наварӯсон
Набераи 22-солаи Салим Абдувалиев -- Малика Абдувалиева - бо сарпарастӣ ва фотеҳаи бобояш моҳи феврал номзади як ҳамсинфаш шуд, ки, бино бар манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ, писари як соҳибкори муваффақ бо номи Ҳасан Зиёмуҳаммадов будааст. Ин манобеъ ҳамчунин гуфтаанд, ки Ҳасан дар Дубай низ қаср дорад ва азбаски Абдувалиев низ бештари вақт дар Дубай зиндагӣ мекунад, қарор шуда, ки домоду арӯс моҳи асалашонро дар Дубай гузаронанд. Як манбаи дигар мегӯяд, барои наварӯсон низ дар Дубай ҳавлии алоҳида харида шудааст.
Кобзон дар тӯйи набераи Салим-бойбача
Кобзон дар тӯйи набераи Салим-бойбача
Дар маъракае, ки дар Тошканд баргузор гашт, бар замми овозхонони машҳури Русия инчунин Қаҳрамони Русия ва вакили Думаи давлатӣ Александр Карелин низ ширкат кардааст. Ҳамчунин сарояндагони Ӯзбакистон Фаррух Зокиров¸ Наргис Зокирова¸ Юлдуз Усмонова ва Севара Назархон ҳунарнамоӣ кардаанд.Соқӣ ва барандаи тӯй – яке аз раҳбарони Шабакаи аввали телевизиони Русия Валдис Пелш будааст.

Шоумен Валдис Пелш дар тӯйи Салим-бойбача дар Тошканд
Шоумен Валдис Пелш дар тӯйи Салим-бойбача дар Тошканд








Бино бар маълумоти расонаҳои Русия, Салим Абдувалиев, яке аз сарпарастони саховатманди ҳунарпешагони Русия шумурда мешавад. Барои намуна, овозхони машҳур, Филипп Киркоров дар сӯҳбат бо нашрияи “Экспресс газета” гуфтааст, ки бисёре аз сарулибоси саҳнавии ӯро барояш Салим Абдувалиев харидааст. Гуфта мешавад, Салим-бойбача ҳамчунин ҳамеша ба Николай Басков ва Максим Галкин кӯмаки молӣ мекунад. Як коргардони ӯзбак ба шарти пинҳон мондани номаш ба бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфт, Абдувалиев борҳо ба коргардони рус Фёдор Бондарчук пул дода, аз ҷумла харҷи филми ӯ «Ротаи 9»-ро пардохтааст. Ба ғайр аз ин, Бондарчук ҳар сол дар бӯстонсарои Абдувалиев дар Қрим истироҳат мекунад.

Салим Абдувалиев ё Салим-бойбача раҳбари дигари "олами ҷиноӣ" Олимҷон Тӯхтаохунов ё "Тайванчик"-ро устоди худ медонад ва зоҳиран, аз ӯ пайравӣ мекунад. Тӯхтаохунов ҳамеша ба сарояндагони машҳур Алла Пугачева ва София Ротару маблағҳои бузург медод, ки ин ҳолат ахиран дар як филми бадеӣ ба номи “Кураж” тасвир ёфтааст.
Салим-бойбача ва овозхони машҳури Русия Филипп Киркоров
Салим-бойбача ва овозхони машҳури Русия Филипп Киркоров
Даъвати ситораҳои ҳунари Русия ба тӯй ва маъракаҳои худ дар байни сарватмандони Ӯзбакистон расм шудааст. Масалан, соли 2012 миллиардери ӯзбакистонӣ Алишер Усмонов ба тӯйи хоҳарзодааш Филипп Киркоров, Игорь Крутой, Геннадий Хазанов ва академик Артур Чилингаровро даъват карда буд. Дар Узбакистон бо ташаббуси раиси ин ҷумҳурӣ Ислом Каримов қонуни танзими маъракаҳои серхарҷу пурдабдаба қабул шудааст. Аз ин рӯ, бисёре аз сарватмандони узбак тӯйҳои худро дар хориҷа, аз ҷумла дар Дубай ё дар Қрим баргузор мекунанд.
XS
SM
MD
LG