Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кулли Ӯзбакистон аз мақомаш барканор шуд


Додситони кулли Ӯзбакистон Рашид Қодиров
Додситони кулли Ӯзбакистон Рашид Қодиров

Додситони кулли Ӯзбакистон Рашид Қодиров аз мақомаш барканор карда шуд. Мушовири раисиҷумҳур дар умури ҳуқуқ Ихтиëр Абдуллоев сарпарасти муваққатии ин вазифа таъмин гашт.

Ҳукумати Ӯзбакистон барканории додситони кулли Ӯзбакистон Рашид Қодировро аз мақомаш хабар намедиҳад. Вале манобеи Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ мегӯянд, Қодирови 63-сола дар ҳоле сабукдӯш шуд, ки чанде пеш ба рухсатии солона рафта буд. Ба гуфтаи ин сарчашмаҳо Қодиров ба таври фаврӣ ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Ӯзбакистон даъват ва аз ӯ хоста шудааст, аризаи истеъфои худро нависад. Дар ин ариза гуфта шудааст, ки Қодиров бо хоҳиши худ ва бинобар бознишаста шуданаш аз ин мақом меравад.

Ин дар ҳолест, ки Рашид Қодиров тайи 15 соли охир Додситони кулли Ӯзбакистон буд ва ягон бор раҳбари давлат аз кори ӯ интиқод накардааст.

Сарчашмаҳои хабарии Радиои Озодӣ мегӯянд, баъд аз истеъфои Қодиров мушовири давлатӣ Ихтиëр Абдуллоев, ки дар дастгоҳи раёсатҷумҳурии Ӯзбакистон бештар вазифаи масъули кадрҳоро ба ҷо меорад, ҷойгузини Қодиров интихоб шудааст. Аммо бархе аз манобеи дигар бар инанд, ки Абдуллоев танҳо муваққатан ба кори Додситони кулли Ӯзбакистон назорат хоҳад кард. Вай қаблан муовини вазири адлияи Ӯзбакистон будааст.

На ҳукумати Ӯзбакистон ва на дастгоҳи раёсатҷумҳурии ин кишвар аз барканории додситони кул хабар надодаанд ва дар торнамои расмии додситонӣ Қодиров ҳамоно додситони кулли кишвар номида мешавад.

Рашид Қодиров кадри Кумитаи амнияти миллии Ӯзбакистон ба шумор меравад. Вай дар соли 1952 дар оилаи котиби якуми кумитаи ҳизбии Андиҷон ба дунё омада, баъд аз хатми бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тошканд дар соли 1980 муфаттиши Кумитаи амнияти миллии Ӯзбакистон ё КГБ таъин шудааст. Баъд аз 12 соли кор дар ин ҷо ӯ ҷонишини раиси ин хадамот ва дар соли 1994 ноиби Додситони кул таъин шуд. Дар соли 2000 Қодиров ба мақоми Додситони

Бархе аз соҳибназарон дар Ӯзбакистон барканории Рашид Қодировро ба ришвату фасод пайванд медиҳанд. Онҳо мегӯянд, Додситони кулли Ӯзбакистон яке аз сарватмандтарин афроди ин кишвар ба шумор меравад. Гуфта мешавад, бештари моликияти ӯ дар хориҷ аз Ӯзбакистон аст.

Соли гузашта мухолифони давлати Ӯзбакистон аксҳои ду виллаеро дар Латвия нашр карданд ва гуфтанд, ҳарду манзили гаронбаҳо ба Додситони кулли Ӯзбакистон Рашид Қодиров тааллуқ доранд. Дар ҳамин изҳорот низ гуфта мешуд, ки Қодиров дар Швейтсария¸ Австрия ва Чехия низ молу мулк дорад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳуҷҷатҳоеро дар реестри амволи ғайриманқули Латвия дидаанд, ки иддаои мухолифонро тасдиқ мекунад.

Ҳамчунин дар шабакаҳои имҷтимоӣ ин иттилоъ паҳн гашта буд, ки писари ӯ Алишер Қодиров ва домодаш Темур Каримов маҷрои сармояҳои бузургеро таҳти назорат доранд. Бино бар маълумоти Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ, яке аз ширкатҳои бузурги маҳсулоти тиббии ноҳияи Зангиотаи Тошканд бо номи “Asia Trade” ба писари Қодиров Алишер тааллуқ дорад.

Иддаое низ дар миён аст, ки Рашид Қодиров бо соҳибкорони “муваффақ” Ғафур Раҳимов (Ғафур – бойбача) ва Салим Абдувалиев (Салим - бойбача) равобити наздик доштааст.

Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Ӯзбакистон дар соли 2013 дар сафҳаи худ дар Твиттер навишта буд, ки Хадамоти Амнияти Ӯзбакистон Рашид Қодировро “дар шиканҷаи тарс” нигоҳ медорад.

Манобеи Радиои Озодӣ бар инанд, ки ба барканории Додситони кулли Ӯзбакистон Хадамоти Амнияти Ӯзбакистон ва махсусан раиси он Рустам Иноятов сармоягузорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG