Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 раҳбари Осиёи Марказӣ соли гузаштаро бо чӣ ба поён бурданд?


Акс аз бойгонӣ

Дар соли 2016 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳодисаҳое ба вуқӯъ пайвастанд, ки намешавад онҳоро сарфи назар кард. Дар ин сол Ислом Каримов – раҳбари нахустини Узбакистон – ки пеш аз фурӯпошии Шӯравӣ то моҳи сентябри, инак, соли гузашта раёсати ин кишварро бар ӯҳда дошт, бар асари сактаи мағзӣ даргузашт. Тоҷикистону Қирғизистон барои ислоҳи Қонуни асосӣ раъйпурсӣ гузаронданд ва Туркманистон бидуни референдум Конститутсияашро иваз кард. Дар Қазоқистон интихоботи пеш аз мӯҳлати порлумонӣ баргузор шуд.

Нурсултон Назарбоев дар замони пойбарҷоии Шӯравӣ зимоми идораи Қазоқистонро бар даст гирифта, ҳанӯз ҳам ҷилавашро сар доданӣ нест.

Узбакистон: Шавкат Мирзиёев беҳтар аз Ислом Каримов?

Ҳодисаи муҳими соли гузашта дар Узбакистон марги Ислом Каримов, президенти 78-солаи ин кишвар буд. Каримов аз замони пойбарҷоии Шӯравӣ, яъне дар маҷмӯъ, 27 сол ба Узбакистон раҳбарӣ кардааст. Аз даргузашти ӯ расман рӯзи 2 сентябр хабар доданд ва баъд аз як рӯз маросими дафнаш дар Самарқанд баргузор шуд. Аз миёни раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар маросими видоъ бо Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов иштирок карданд. Қазоқистону Қирғизистонро нахуствазирҳо намояндагӣ доштанд.

Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Дар маросими видоъ бо Каримов ҳамсараш Татяна Каримова ва духтари хурдиаш Лола Каримова-Тиллоева иштирок карданд, аммо духтари бузургаш Гулнора набуд. То ҳол дар бораи дар куҷо будан ва дар чӣ шароите ба сар бурдани ӯ маълум нест.

Бар асоси Конститутсияи Узбакистон баъди марги раиси ҷумҳур ин вазифаро муваққатан раиси Маҷлиси болоии порлумон бояд иҷро кунад. Аммо Неъматулло Юлдошев, раиси Сенати Узбакистон, бо таваҷҷуҳ ба “бетаҷрубагии” худ аз ин мақом даст кашид ва баъдан нахуствазир Шавкат Мирзиёев иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон гардид. Аз замони ба ин мақом расидани Мирзиёев, онҳое, ки дар даврони раҳбарии Ислом Каримов аз мақомҳояшон барканор шуда буданд, дубора ба мақомҳои болотар омаданд. Роҳи бастаи бархе аз ҳунармандони маъруф низ ба саҳнаҳои баланди Узбакистон кушода шуд. Мирзиёев, инчунин, муносибати Тошканд бо ҳамсояҳо бахусус Тоҷикистону Қирғизистонро беҳбуд бахшид. Шавкат Мирзиёев дар интихоботи моҳи декабри соли гузашта баранда эълон шуд ва баъди адои савганд расман ба кор пардохтааст.

Тоҷикистон: Таҳқими қудрати Эмомалӣ Раҳмон?

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Дар соли 2016 Тоҷикистон барои ислоҳи Қонуни асосӣ референдум баргузор кард. Ин тағйиру иловаҳо дар назари аввал бештар аз ивази чанд калима иборатанд, аммо асоси ин тағйирот ду нуктаи он аст, ки аввалӣ ба Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, бидуни маҳдудият дар интихоботи президентӣ иштирок кунад ва дувумӣ синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистонро аз 35 то 30 поин овардааст. Коршиносон тахмин мезананд, ба эҳтимоли зиёд тағйири муҳими дувум талоши роҳкушоӣ ба Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст, ки ҳоло раёсати Оҷонсии мубориза бо фасоди молиро бар ӯҳда дорад. Ӯ қаблан дар Иттифоқи ҷавонон ва Хадамоти гумрук кор карда, ҳамзамон президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон аст.

Дар ин сол қонун дар бораи “Пешвои миллат – Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ” ҳам ислоҳ шуд, ки бар асоси он Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои хонаводааш аз дахлнопазирӣ бархӯрдоранд. Дар ин сол Озода Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент таъин гардид. Инчунин, вай узви Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон аст. Қаблан ӯ ба ҳайси муовини вазири умури хориҷӣ кор мекард.

Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта ба сохтмони садди обанбори нерӯгоҳи Роғун ҳам оғоз кард. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон шахсан дар иваз кардани маҷрои дарёи Вахш иштирок намуд ва гуфт, ки Душанбе ҳаргиз ҳамсояҳояшро бе об нахоҳад гузошт. Мақомот мегӯянд, чархаи аввали Роғун дар соли 2018 ба кор хоҳад даромад.

Туркманистон: Бурдимуҳаммадов ё Туркманбошии дувум?

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Соли 2016 аз замони даргузашти президенти нахустини Туркманистон Сафармурод Ниёзов, маъруф ба Туркманбошӣ, даҳ сол гузашт. Моҳи сентябри соли гузашта порлумони Туркманистон Конститутсияи навро қабул кард, ки маҳдудияти синни номзад ба мақоми президентро аз байн бурда, мӯҳлати раёсати ҷумҳуриро аз панҷ то ҳафт сол дароз кардааст. Ҳарчанд мақомоти Туркманистон далели ин тағйирот, бахусус бахши вобаста ба синни номзад ва мӯҳлати раёсати ҷумҳуриро рӯшан баён накарданд, вале тахмин меравад, ин тағйирот роҳи минбаъдаи раиси ҷумҳури кунунӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро барои боқӣ мондан дар қудрат ҳамвортар хоҳад кард. Қонуни нав баъд аз имзо шудан аз тарафи Бердимуҳаммадов рӯзи 14 сентябр ба иҷро даромад.

Бар асоси Конститутсияи пешинаи Туркманистон, ки соли 2008 қабул шудааст, афроди аз 70-сола боло ҳаққи интихоб шудан ба мақоми президенти ин кишварро надоштанд. Матни тайғирот ба Қонуни асосии Туркманистон дар матбуот чоп нашуда ва бидуни раъйпурсии умумӣ қабул гардидааст. Рӯзи 12 феврали имсол дар Туркманистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад. Дар маҷмуъ, барои дарёфти курсии президентӣ 9 нафар довталабанд ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов яке аз номзадҳои аслӣ ба шумор меравад. Номзадҳои дигар муовини раисони вилоятҳо ҳастанд.

Қирғизистон: Алмосбек Отамбоев ба нахуствазирӣ омода мешавад?

Алмосбек Отамбоев
Алмосбек Отамбоев

Соли гузашта дар Қирғизистон аз тариқи раъйпурсии умумӣ салоҳияти нахуствазири ин кишвар бештар карда шуд. Ҳоло бар асоси Қонуни асосӣ, нахуствазири Қирғизистон ҳаққи таъину барканории аъзои ҳукумат, ба истиснои раисони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дифоъро дошта, таъину барканории мақомоти маҳаллӣ низ ба ӯҳдаи ӯст. Мухолифони ислоҳи Қонуни асосӣ Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистонро ба он айбдор карданд, ки мехоҳад бо нерӯманд шудани мавқеи нахуствазир ва таъмини дахлнопазирии ӯ, дар ниҳоят ба ин курсӣ нишинад. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи онҳо, аз рӯи қонунҳои баъди инқилоби соли 2010, Конститутсияи Қирғизистон набояд то соли 2020 тағйир дода мешуд.

Қирғизистон дар соли гузашта созишнома бо Русияро дар мавриди бунёди нерӯгоҳи Қамбарота дар Норини Боло бекор кард. Қирғизистон бояд барои якҷониба бекор намудани созишнома ба Русия 37 миллион доллар пули харҷи кардаашро пардозад. Аммо аъзои як кумисюн аз ҳисоби вакилони порлумон гуфтанд, харҷи Русия аз маблағи талабкардааш ду баробар камтар аст. Баҳсҳо дар ин замина ҳанӯз идома дорад.

Қазоқистон: Кӣ вориси Нурсултон Назарбоев мешавад?

Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Қазоқистон дар соли гузашта интихоботи пеш аз мӯҳлати порлумониро баргузор кард, ки чиҳил дарсади вакилонаш “депутатҳои куҳнаанд”. Рӯзи 13 январ вакилони маҷлис аз президент “хоҳиш” карда буданд, то палатаи поёнии порлумонро пароканда ва интихоботи нав таъин кунад. Ин хоҳиши худро вакилон бо он асоснок карданд, ки маҷлис “рисолати худро иҷро намудааст” ва ҳамчунин барои муқобила бо “буҳрони сартосарӣ” ин интихоботро зарур донистанд. Интихоботи ахири парлумонӣ дар Қазоқистон моҳи январи солии 2012 барпо шуда буд. Муҳлати ваколати намояндагони маҷлис – 5 сол аст.

Дар ин сол Дариға Назарбоева духтари Нурсултон Назарбоев ба мақоми нав таъин шуд. Тайи се соли охир вай се бор мақомашро иваз кардааст. Дариға дар соли 2014 муовини раиси маҷлис буд, соли 2015 муовини нахуствазир шуд ва дар соли 2016 узви маҷлиси болоии порлумони Қазоқистон гардид. Аммо ӯ дар як суҳбаташ гуфт, ки нияти вориси падар шуданро надорад.

Нурсултон Назарбоев дар замони пойбарҷоии Шӯравӣ зимоми идораи Қазоқистонро бар даст гирифта, ҳанӯз ҳам ҷилавашро сар доданӣ нест. Ӯву Ислом Каримов аз президентҳое буданд, ки бештар аз умри истиқлоли кишварашон раҳбарӣ доштанд. Баъд аз даргузашти Каримов оқои Назарбоев танҳо раиси ҷумҳури кишварҳои Осиёи Марказист, ки ба ин муддати тӯлонӣ ба кишвараш раёсат дорад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG